Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ба номи Жола
Фурӯтани Паранд*

Рӯзи ҳаштуми озармоҳ (29 нувомбр) севумин солгарди даргузашти Жолаи Исфаҳонӣ буд, ки бисёре аз соҳибназарон ӯро “шоъири умед” номидаанд. Дар Тоҷикистон ин шоъири зиндаёдро бештар бо номи Жола Бадеъ мешинохтанду мешиносанд.

Шеъри Жола ҳатто дар ториктарин ва ғамангезтарин лаҳазоти зиндагиаш, ки маъмулан бо лаҳзаҳои ғамбори таърихи Эрон, ки ӯ шоҳидаш буд, гиреҳ хурда буд, аз хушбинӣ ба оянда ва умед ба хушбахтии инсон ва волоии сиришти инсонӣ навид медиҳад:

...Чанг дар чанги тундару тӯфон,
Мавҷ дар мавҷ пештар рафтан,
Зинда,
Сарзинда мондан ва дидан,
К-он басоҳилрасида,
Киштии мост.

Ва ё дар шеъре дигар:

... Ман шукӯҳи шодмонаи офаринишам.
Ман худойгони заминам.
Ман раҳошуда инсонам.

Ва мегӯяд:

... Аз он касе гила дорам, ки ояи яъс аст.

Ӯ, ки бештарин солҳои зиндагиашро дар муҳоҷирати нохоста ва дар ҳасрати бозгашт ба Эрон гузаронда буд, ба ҷои нолидан аз ғурбат, ишқ ба мардум ва меҳанашро сарчашмаи беинтиҳое барои шеърҳояш ёфт. Аммо ҳар ҷо ки буд, он ҷоро ва одамҳояшро низ дӯст медошт. Мегуфт: “Ман ҳашт бор хона аз нав гузоштам”. Дар бораи охирин хонааш дар Ландан чунин гуфт:

Садо
Шеъри "Мепурсӣ аз ман аҳли куҷоӣ"-и Жолаи Исфаҳонӣ бо садои ӯ
...Салом, эй ҳаштумин хона!
Ба сӯят омадам,
Саршору сарзинда.
Салом, оянда!
Эй оянда,
Оянда!”
   
Дар ин хонаи ҳаштум 17 сол зиндагӣ кард ва аз он ҷо барои охирин набард бо саратон ба бемористоне дар ҳамон наздикӣ рафт.

Наздик ба ду сол буд, ки бо саратон даргири ҷанги нобаробар шуда буд. Ҷуз теъдоди бисёр маъдуде, бештари дӯстони наздикашро ҳам то ду моҳи охир аз ин муборизаи охираш бехабар нигаҳ дошта буд; яъне то вақте ки дигар наметавонист бемориро пинҳон кунад. Мегуфт: “Намехоҳам дӯстонам ранҷ бибаранд”.

Фикр мекунам иллати дигаре ҳам дошт. Жола ба ороста буданаш ва ин ки дар назди дигарон чи гуна зоҳир шавад, бисёр аҳамият медод ва намехост касе ӯро ранҷуру уфтода бибинад; шояд, ки ин ҳоли ӯро ба таслим таъбир кунанд. Дар ду моҳи охир, вақте мегуфтем касе барои мулоқот биёяд, бо заҳмати зиёд худро ба оина мерасонад, то мутмаин шавад, ки зоҳираш мураттаб ва ороишаш бенуқс аст.

Борҳо мегуфт, ки “аз марг тарсе надорам, вале ҳар рӯз бештар аз пеш ба ин фикрам, ки ҳанӯз хеле корҳои нотамом дорам”.

Жола, ки ҳама умр пуркор буд, дар солҳои охир, бавижа пас аз иттилоъ аз бемориаш, бештар ташнаи кор шуд. Билофосила шурӯъ ба танзим ва мураттаб кардани бойгониаш ва корҳои нотамомаш кард. Бесабр буд то ҷилди дувуми маҷмӯъаи осораш ба чоп бирасад. Бо нерӯи зиёд ва соъоти мутамодӣ кор кард ва онро барои ношираш дар Эрон фиристод, ки ҳанӯз мутаассифона иҷозаи чоп дода нашудааст. Чанд асари чопнашудаи дигарашро ҳам, то он ҷо ки тавонист, мураттаб кард ва гуфт: “Чопи инҳо дигар бо шумост”.

Танҳо як ҳафта монда ба рӯзи охир бо ҳам суҳбат аз тақсимбандии бойгониаш мекардем. Албатта, ӯ худаш бо диққати фаровон ҳама чизро дар парвандаҳо ва ҷаъбаҳои ҷудо бойгонӣ карда буд. Танҳо пас аз шурӯъи кори танзими бойгонии ӯ буд, ки мутаваҷҷеҳ шудем, Жола чи пуштикоре дошт ва чи қадр сабурона, вале бо заҳмат, навиштаҳо ва ёдгорҳоро хона ба хона ҷамъ ва то хонаи ҳаштум ба саломат кашонда буд.

Дар моҳҳои ахир беш аз ҳар чиз аз ишқаш ва умедаш ба ҷавонон мегуфт. Аз ин ки дигар наметавонист монанди гузашта ба номаҳои шоъирони ҷавон ҷавоб бидиҳад ва шеърҳояшонро нақди модарона кунад, ранҷ мебурд. Шояд худаш ба ёд меовард, ки аз ҳафтсолагӣ шеър гуфтанро шурӯъ карда буд.

Модараш мехост ӯро “Жола” биномад. Падараш, оқои Султонӣ, аммо номи “Этел” (Ethel)-ро, ки гӯё парасторе инглисӣ буда, дар шиносномааш ворид карда буд. Аммо ӯ ҳаргиз ин номро дӯст надошт ва чанд талоши номуваффақ барои тағйири он карда буд. Чун дар сездаҳсолагӣ аввалин дафтари шеърашро бо номи мустаъори “Жола” чоп карда буд ва чанд сол баъд Алиасғари Ҳикмат дар нахустин Кунгреи шоъирон ва нависандагон дар соли 1325 (1946) ӯро ба номи “Жолаи Исфаҳонӣ”садо карда буд, то шеърашро бихонад, тасмими худро гирифт ва гуфт: “Барои зиндагӣ ва марги ман ҳамин ду ном кофист – Жола ва Исфаҳонӣ.”

Жола дар ғуруби 29 нувомбри соли 2007, дар ҳоле, ки ором ба хоб рафта буд, барои ҳамеша хомӯш шуд.

Жола, ки дар зиндагӣ бо муҳаббаташ ва ба далели эҳтироми самимонае, ки ба инсонҳо дошт, ҳамаро аз ҳар фикре ва синхе даври худ ҷамъ мекард ва ба хотири ӯ ва ҳамнишинӣ бо ӯ ҳатто ранҷидагон аз ҳам низ дар як ҷо гирд меомаданд, дар маргаш ин яксадоӣ бисёр маҳсустар худро нишон дод ва дар маросими сӯзондани пайкараш дар рӯзи 11 ва маросими ёдбудаш дар рӯзи 16 десомбри 2007 шоъирон, нависандагон, ҳунармандон ва фаъъолони иҷтимоъӣ ва сиёсӣ аз ҳар қавме ва фикре гирди ҳам омаданд.

Дар 16 десомбри 2007 дар маросими ёдбуди Жола, ки ба даъвати беш аз яксад нафар аз баномони шеъру адабу ҳунари Эрон дар Инглистон ва дигар кишварҳои Урупо ва дӯстону хонаводаи ӯ баргузор шуда буд, дӯстони Жола ва ду фарзандаш, Бежан ва Меҳрдод, фарохонеро барои таъсиси як бунёди фарҳангӣ ба номи “Бунёди Жолаи Исфаҳонӣ” бо ду ҳадафи умдаи зер эълом карданд: ҷамъоварӣ, ҳифз ва интишори осори Жола ва ташвиқу ҳимоят аз шоъирони ҷавони форсизабон.

Ин аҳдоф, дар воқеъ, орзуҳои Жола буд, ки дар охирин моҳҳои умраш бо аҳаммияти бештаре барояш матраҳ шуда буд.

Бунёди Жолаи Исфаҳонӣ бо пазириши асосномаи созмонҳои хайрияи Инглистон аз рӯзи 12 жонвие (январ)-и соли 2008 оғоз ба кор кард. То кунун ин бунёд кори тадвину танзими бойгонии осори Жолаи Исфаҳониро оғоз карда, вероиши тарҷумаи озарӣ ба форсиро, ки аз корҳои солҳои аввали муҳоҷирати Жола дар Боку буд, анҷом дода, ба ёди Жола маросими шеърхонии шоъирони баноми муқими Ланданро дар нувомбри 2008 баргузор кард, торнамои вижаеро барои дастрасии умум ба осори Жолаи Исфаҳонӣ роҳ андохт ва тайи ду соли ахир барои ташвиқи шоъирони форсизабони зери сӣ сол фарохони “Ҷоизаи шеъри Жолаи Исфаҳонӣ”-ро эълом кард.

Қарор буд рӯзи 27 нувомбри соли ҷорӣ барномаи солонаи Бунёди Жола баргузор шавад, ки ба далоиле ба таъхир уфтод. Дар ин маросим, ки интизор меравад дар авохири моҳи жонвие (январ)-и 2011 баргузор шавад, номи барандаи ҷоизаи шеъри Жолаи Исфаҳонӣ дар соли 2010 низ эълом хоҳад шуд. Дар ин мусобиқа беш аз 100 шоъири ҷавон аз Эрону Афғонистону Тоҷикистон ширкат кардаанд.

Бунёди Жола як муассисаи хайрия аст, ки махориҷи он то кунун аз тариқи кумакҳои дӯстон, аъзои бунёд ва алоқамандон ба фарҳангу ҳунари эронӣ ва шеъри форсӣ ва баргузории меҳмонӣ таъмин шудааст.

*Фурӯтани Паранд раиси Бунёди Жолаи Исфаҳонӣ дар Ландан аст.

Гузориши тасвирии нахусти ин сафҳа дар муъаррифии Бунёди Жолаи Исфаҳонӣ аст ва дар гузориши тасвирии дувум аъзои ҳайъати доварони мусобиқаи “Ҷоизаи шеъри Жолаи Исфаҳонӣ” аз шоъири шодравон ёд мекунанд. Ин гузоришҳоро Баҳори Навоӣ ва Фаронаки Киёсароӣ таҳия кардаанд.

 


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.