Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Иқлими шигифти шеъри тоҷик
Ризо Муҳаммадӣ

Дар хиёбони Сомонӣ ва дар наздикии қасри бошукўҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмоне ҳаст, ки бар деворҳояш дар канори нақш-барҷастаҳое ошно аз шоъирону пешвоёни забони форсӣ шеърҳои ошнотарашонро ба хатти форсӣ ва ҳамчунин сириллик навиштаанд. Ин сохтмони ошнои зебо маҳалли Анҷумани миллии нависандагону шоъирони Тоҷикистон (Иттифоқи нависандагон) аст.
 
Дами дар чанд духтари ҷавон доранд хориҷ мешаванд. Ин духтарони ҷавон ва зебои бадахшонӣ дар кори намоишанд ва албатта ки намоиш, бахше аз адабиёт аст. Дохили сохтмони бошукўҳ, ки мешавӣ, дигар ҳеч ҷунбандаи ҷавоне намебинӣ. Мардону заноне синнкарда ва ҷиддӣ бо либосҳои утукашида аз канорат мегузаранд. Аз ҳамаи инҳо ту устод Муъмин Қаноъатро мешиносӣ, ки албатта, ў ҳам ба сафар рафтааст.
 
Баъд ба хонум Гулрухсор мерасӣ ва аз дафтари хонум Гулрухсор ба дафтари ҷаноби раис устод Меҳмон Бахтӣ мерасӣ. Аз устод ва боқии устодон суол мекунӣ: “Нависандагони ҷавон куҷоянд?” Албатта, ки суоли беҳудае кардаӣ. Устод мегўяд: “Ин ҷо барои устодони забони тоҷикӣ аст”. Устодони “забони тоҷикӣ” одамҳои бисёр ҷиддианд, ки солҳост устоданд ва дар рўзгори устодии онҳо ҳеч устоди тозае наметавонад зуҳур кунад.
 
Ту баъзе аз ин ҷавононро мешиносӣ. Дар Эрон баъзеҳояшон буданд ва иттифоқан хеле ҳам мавриди таваҷҷуҳи анҷуманҳои адабӣ буданд. Аммо... ин ҷо дар сарзамини худашон касе басахтӣ ононро мешиносад. Ба ҷуз онҳо, ҳадс мезанӣ, ҳатман дигароне ҳам ҳастанд, ки дар тайи ин солҳои хуб дар Тоҷикистон болида бошанд. Намешавад, ки солҳо ҳамчунон устод Бозор Собиру  устод Муъмин ва устод Гулрухсор шогирде надоштаанд ё дар донишгоҳҳо ва ин анҷумани бошукўҳ нависанда ва шоире наболида бошад.
 
Дар Эрон ҳар шаби шеъре, ки буд, ҳамин устодон меомаданд. Ин ҷо ҳам ҳамин устодонанд, ки ҳозиранд. Мегўӣ: “Ин ҷо анҷумане ба номи анҷумани “Фурўғ” ҳаст? Одреси онро доред?” Мегўянд: “Онҳо як идда адибони нодонанд, ҷавононе хому нокому беодоб”. Мегўӣ: “Ҳамонҳоро мехоҳам”. Ҳеч кас ба ту одрес намедиҳад. Билохира нишонии яке аз аъзои анҷуманро дар Донишгоҳи Тарбияти Муъаллим (Донишгоҳи омӯзгорӣ) меёбӣ.
 
Донишгоҳи Тарбияти Муъаллим он тарафи чойхонаи “Роҳат” аст.  Суроғи Низомро мегирӣ. Низом нест. Аммо Заррина, корманди идораи донишгоҳ, ҳаманҷумании Низом аст.  Духтаре дилнишин, ки шеъру достони муъосирро хуб хондааст. Аммо ба ҳеч рўй ҳозир нест шеърҳояшро бихонад. Мегўяд: “Шеърҳои ман шеър нестанд, таронаанд бештар”. Таронаҳои тоҷикӣ ҳам, ки маълум аст чӣ қадар зебоанд.

Анҷумани онҳо хеле вақт аст таътил шуда, аммо анҷумане ҳаст ба номи анҷумани “Навқаламон”. Анҷумани “Навқаламон”, анҷуманест, ки ҳамаи донишгоҳҳои Тоҷикистон доранд. Аммо аз ҳамаи ин анҷуманҳо ҳеч кас ба Иттифоқи Нависандагон роҳ наёфтааст.
 
Ин нависандагону шоъирон, ки болиданд, ба куҷо мераванд? Куҷо мешавад ёфташон? Заррина мегўяд: “Дар кумитаи кор бо ҷавонон”. Мегўяд: “Шаҳноза ҳам онҷост”. Шаҳнозаро фақат ўст, ки мешиносад. Номашро бо эҳтиром адо мекунӣ.

Кумитаи кор бо ҷавонон канори ҷамоъатхонаи беназири исмоъилия аст. Аммо Шаҳноза нест. Шаҳноза рафта. Ба ҷои Шаҳноза аммо Саъида кор мекунад, ки нависандаи ҷавонест. Ба дафтари адабӣ, ки меравӣ, Саъида ҳам нест. Ў ҳам шаш моҳ аст ин ҷо кор намекунад. Куҷо кор мекунад, касе намедонад.
 
Хулоса ин ки гаштани бисёрат барои ёфтани нависандагони ҷавон аз донишгоҳе ба донишгоҳе идома меёбад ва аз донишгоҳ ба кумитаҳо ва баъд ройзании фарҳангии Эрон ва Афғонистон. Он чи меёбӣ, бисёр нест, аммо фавқулъода аст. Дареғ мехўрӣ, ки чаро намешавад бештар ёфт. Дар ин шеърҳо фазоҳо комилан мудернанд.
 
Медонам рўзе
Дастҳоямро
Барои зебоии ту
Ба озмоишгоҳ мебарам...
Ту бо буғзи хоколудат
Чашмони маро ба хок хоҳӣ супурд 
(Рустами Аҷамӣ)
 
Дили шаб буд
Ман танҳо
Тани танҳо
Ба суроғи дили уфтодаи худ уфтодам
Ҳама ҷоро таку рў кардам
Ҷустам 
(Ҷаъфари Муҳаммад)
 
Тасвири оҳувонаи чашми чароғи кист
Дунболи сабзазори дили ночаридаам? 
(Шаҳноза Назирова)
 
Дар ин шеърҳо бар хилофи шеъри устодони қаблӣ забоне нарму равону имрузӣ дорад. Истифода аз вожаҳои номаънус ва истиъораҳо ва ташбеҳоти нахнамо ва ҳамин тавр имож (образ – рус.)-ҳои русӣ камтар аст.
 
 
Дастам ба орзўи маҳолат намерасад,
Пойи ҳақиқате ба хаёлат намерасад.
Ғайри худат чӣ туҳфа раҳовардат оварам?
Тақдими ҷумлае ба ҷамолат намерасад.
Ҳавво шудам, чу себ таъоруф намудиам,
Ғофил аз ин ки шавқи вуболат намерасад. 
(Шаҳноза Назирова)

Сангам бизан, ки хаставу озурдаву ҳазин
Чун кафтаре ба гўшаи боми ту омадам.
Монанди маҳ, ки мераваду боз мерасад,
Ай осмони ман, ба саломи ту омадам.
(Озар)
 
Ва дар ин шеърҳо пархошу эътирозу фарёд ҳаст. Эътирозҳое на аз ҷинси сиёсӣ, ки дар гузашта буда, балки, амиқу ҷиддӣ ва зарифонаву саршор аз тамасхур;

Мо халқи тоҷикем, аммо тоҷи мо ку?
Хобему мегўем ё раб бехурӯсем.
Насрониён дар мо мусалмонӣ надиданд,
Чандон ки дар чашми мусалмонон маҷусем.
(Рустами Аҷамӣ)
 
Гўё чаҳор аносир, обу гили маро
Маслуби арзу тўли шариъат сириштаанд .
(Шаҳноза)
 
Зиндагонӣ нанги моро бишканад,
Шиша байни санги моро бишканад.
Бодаи хушранг мебояд, ки он
Ҳолати беранги моро бишканад
(Ворис)
 
Ва билохира ки ин шеъри бетаъоруф аст. Сареҳ аст ва ба шакли хушоянде ошиқона аст. Мисли ин шеър, ки илова бар мазмунаш ба лиҳози  вазнӣ низ дар шеъри Тоҷикистон бадеъу душвор аст:
 
Байни лабҳои ману ту аташи бўсаи гарм аст,
Байни оғўши ману ту ҳавасу оташу шарм аст.
Магарам баъди чунин валвалаву дору надорӣ
Бо чи қувват шиканам ҳамҳамаи оинадорӣ.
(Набии Суннатӣ)
 
Бидуни шак, шеъри тозаи Тоҷикистон бе иҷозаи устодон ва бе риъояти одоби онон дар гумномиву инзиво роҳи худро меёбад. Роҳе, ки бидуни шак бисёр дурахшон аст. Таҷрубаҳое, ки фақат шоъирони тоҷик метавонанд дошта бошанд. Ва бе таъассубеву андешае ҳам метавонанд таҷрубиёти шоъирони имрўзи Эрону Афғонистонро ба нафъи худ мусодира кунанд, ҳам таҷрубаи устодонеро, ки имрўза ба онҳо маҷоли номварӣ намедиҳанд.
 
Ва ба илова, ки онон адабиёти русро дасти аввал мехонанд ва ин бар таҷрубаи адабии онҳо, ба иловаи фазои зебову дилангези Тоҷикистон, таҷрубаест, ки дигар форсизабонон аз он маҳруманд. Ин намунаҳо аз хилоли сахтгирии устодон ба сахтӣ ёфта шуданд, аммо бешак баъдтар дигароне хоҳанд буд, ки намунахои фаровонтаре аз ин иқлими шигифти тоза биёваранд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.