Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Забони сабзу ақли сурх
Манучеҳри Динпараст

“Ошноии ман бо Суҳравардӣ сарнавишти маънавии маро барои гузор аз ин дунё таъйин кард”. Ин ҷумларо Ҳонрӣ Курбан (Henry Corbin), файласуф ва мутааллеҳ (коршиноси илоҳиёт)-и фаронсавӣ, ба Филип Нему (Philippe Nemo) гуфта буд. Суҳравардӣ ва муҳимтарин китоби ӯ, яъне “Ҳикмат-ул-ишроқ” масири зиндагӣ ва андешаи Курбанро чунон тағйир дод, ки ӯ дар ҷое гуфта буд: “Ман дар синни 36-солагӣ бо муроди хеш ва осораш ошно шудам ва Суҳраврдӣ низ дар 36-солагӣ ба шаҳодат расид. Гӯӣ, ки ҳар ду дар оламе малакутӣ ба гуфтугӯ нишастаем”.

Суханамро бо Ҳонрӣ Курбан оғоз кардам, чаро ки ӯ аз ҷумлаи касоне буд, ки Суҳравардиро барои мо, эрониён, муҷаддадан шиносонд. Саҳми Курбан дар тасҳеҳу тафсири навиштаҳои Суҳравардӣ қобили инкор нест. Ӯ саромади суҳравардипажӯҳони муъосир аст. Дуруст ҳамонанди коре, ки Суҳравардӣ анҷом дод ва мероси фалсафию маънавии куҳани Эрон ва дар ҳақиқат, ҳикмату хирадашро эҳё кард. Аммо баростӣ чигуна ин кор сурат гирифт ва Эрони мо дубора зинда шуд?

Бегумон, ҳадафи Суҳравардӣ аз андешаи Эрон ва тафаккури эронӣ чизе набуд ҷуз ростандешӣ ва кирдори ҳақталабона ва тавҳид. Ӯ дар рисолаи “Калимат-ут-тасаввуф” менависад: “Дар миёни эрониёни қадим гурӯҳе буданд, ки ба Ҳақ раҳбарӣ мекарданд ва Ҳақ ононро дар роҳи рост раҳбарӣ мекард. Ҳукамои бостонӣ ба касоне, ки худро “муғон” меномиданд, шабоҳат надоштанд. Ҳикмати мутаъолӣ ва ишроқии ононро, ки ҳолоту таҷрубиёти рӯҳонии Афлотун ва аслоф (пешиниён)-и вай низ гувоҳ бар он будааст, мо дубора дар китоби худ “Ҳикмат-ул-ишроқ” зинда кардаем”.

Суҳравардӣ бо чунин андешае ҷонашро бар сари роҳе гузошт, ки инак мо аз ӯ ба унвони “ҳакими шаҳид” ёд мекунем. Суҳравардӣ, файласуфи эронии садаи шашуми қамарӣ (12-уми мелодӣ), мубаллиғи он чи ки ӯ “ҳикмати атиқ” меномад, талош кард, то бо ваҳдатбахшӣ миёни фалсафаи юнониён ва эрониён ҳикмати илоҳиро, ки аз ҷониби Худованд ба паёмбаронаш расида, тафсири фалсафӣ кунад. Лизо (аз ин рӯ) ӯ эҳёи ҳикмати куҳани эрониёнро батанҳоӣ ба дӯш кашид. Суҳравардӣ эҳтироми хоссе ба Зартушт дошт ва ӯро ба унвони паёмбари эронӣ хитоб мекард ва аз ин рӯ буд, ки андеша ва ҳикмати Эрони бостон барои ӯ аҳамият ёфт.

Ҳикмати ишроқиро, ки Суҳравардӣ аз он ёд мекунад, ба ду маъно метавон фаҳмид. Яке маънои зоҳирӣ ва луғавии он аст, яъне дурахшиш ва нурафшонии офтоб дар ҳоли тулӯъ ва дигарӣ маънои ботинӣ ва амиқи он аст, ки баёнкунандаи лаҳзаи зуҳури маърифат аст. Дар натиҷа, ҳикмати ишроқ мубтанӣ бар фалсафаи шуҳудӣ ва таҷрубаи ирфонӣ ва бо сарчашма гирифтан аз машриқи ақлҳои муҷаррад ҳосил мешавад. Бад-ин лиҳоз, маърифати ишроқиро “ҳикмати машриқайн” низ лиҳоз кардаанд ва маънои он ин хоҳад буд, ки фарзонагони Эрони бостон на танҳо ба воситаи макони онон бар рӯи замин, яъне Эрон, балки ба сабаби маърифати худ машриқӣ буданд.

Суҳравардӣ Эронро сарзамини ориёӣ намебинад, балки Эрон барои ӯ сарзамини ҳикмати машриқист. Суҳравардӣ ин Шарқи ишроқиро ба сурати “ҳолаи ифтихор” ё ҳамон “хурна” (хварна, фарри эзидӣ)-и шоҳномаӣ, ки дар гузашта гирди сари шоҳони ҳаким дар Эрони бостон медурахшид, дар равони Эрон кашф мекунад. Ба таъбири Ҳонрӣ Курбан, ин шаҷараи насаби ишроқии муғони куҳан рабте ба фалсафаи торих надорад, балки аслу насаби қудсӣ аст.

Суҳравардиро фақеҳону мутакаллимони хушкмағзи аҳди Айюбиён ба далели таваҷҷуҳи ӯ ба ҳикмати ишроқӣ ва нубувват ба коми марг фиристоданд ва бино ба гузорише ӯро кофари муртад донистанд, ки дар натиҷа зиндонӣ шуд ва бар асари гуруснагӣ ҷонаш аз даст бирафт. Марги Суҳравардӣ намунаи боризи ҷидоли торихӣ-маърифатӣ миёни зоҳиру ботини ҳақиқат аст.

Дориюши Шойгон аз ҷумлаи чеҳраҳои шохиси эронист, ки ба Суҳравардӣ алоқаманд аст. Ӯ дар китобе, ки дар бораи Ҳонрӣ Курбан навишта, чунин мегӯяд: “Ба назари Суҳравардӣ, паёмбар ва қаҳрамонони Эрони бостон ҳама дар як сарнавишти набавӣ саҳим будаанд; сарнавиште, ки торихи қудсии аҳли китоб баёнгари он аст. Нақше, ки Суҳравардӣ ба унвони миёнҷӣ миёни ислом ва ҳикмати Эрони зартуштӣ бозӣ карда, дар воқеъ ҳамон нақшест, ки Салмони Порсӣ миёни ҷамъоати эронӣ ва аҳли байти паёмбар бозӣ кардаанд. Борӣ, метавон пиндошт, ки Суҳравардӣ “Шоҳнома”-ро ба ҳамон шевае қироат карда, ки орифон Таврот ва Қуръонро қироат мекунанд”.

Дар ҳақиқат, Эрон дар назари Суҳравардӣ фарҳанге комилан мустақил аз Юнон дорад ва ӯ ҳатто муътақид аст Афлотун ва дигарон аз ин фарҳанг мутаассиранд. Ба назари Суҳравардӣ, ин фарҳанг ба ислом ва маънавияти ҳосил аз он бисёр наздик аст. Зеро аз ин руст, ки эрониён онро ба унвони дини худ баргузиданд. Ба ҳар ҳол, наметавон саҳми ӯро дар ин эҳё нодида гирифт. Он чи ӯ дар ин миён эҳё кардааст, ҳамон чизест, ки имрӯза онро “ҳикмати ишроқ” медонем.

Таваҷҷуҳи вижаи Суҳравардӣ ба Эрони бостонро набояд ба унвони бостонгароӣ ва ё миллигароӣ дар назар овард. Чаро ки на Суҳравардӣ маншаи авҷгирии чунин таваҷҷуҳе дар тӯли торих буда ва на сиёсати замона чунин муқтазиётеро фароҳам оварда буд. Қабл аз Суҳравардӣ касоне ҳамчун Абӯрайҳони Берунӣ ва Форобӣ ва ҳатто Фирдавсӣ низ ба Эрон таваҷҷуҳи хоссе доштанд. Аммо Суҳравардӣ дағдағаи фалсафаи шуҳудӣ ва маънавӣ дошт, ки бунмояи он ишроқ буд; он ҳам ишроқе эронӣ, ки танҳо мабнои он ҳикмати хусравонии Эрони бостон буд. Барои ҳамин буд, ки Суҳравардӣ ба Ибни Сино эрод мегирифт, ки камтар ба ҳикмати эронию Эрони бостон ва ишроқияти он таваҷҷуҳ кардааст.

Аз марги Суҳравардӣ беш аз 800 сол мегузарад ва ба ҳамон далел, ки ҳосидон фалсафаи ӯро тоб наоварданд ва дастури қатлашро содир карданд, дар тайи ин айём низ ҳикмати ишроқии ӯ мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифт ва иқболи бисёр каме ба афкори Суҳравардӣ шудааст. Агарчи бояд изъон дошт (эътироф кард), ки нигоҳи Суҳравардӣ ба Эрон лозимаи замони мо низ ҳаст, аммо бояд лавозими замина ва замонаи он низ фароҳам шавад, то дар дунёи ошӯбзадаи мудерните (ҳозира) ҳикмати хусравонӣ низ ҷое дошта бошад.

Матлабамро аз Ҳонрӣ Курбан оғоз кардам ва бо иборате аз ӯ ба поён мерасонам: “Ман Шайх-ул-ишроқи ҷавонро аз дербоз қаҳрамон ва намунаи фалсафа медонистам ва бо баҳра ҷустан аз улгу (намуна)-и ӯ кӯшидам тамомии фарҳанги маънавии Эронро бифаҳмам ва ҳама абъод (паҳлӯҳо)-и дар ҳоли таквин (пайдоиш)-и онро тарсим кунам. Шояд битавон гуфт, ки тайи ин солҳо эрониёни бисёреро ёрӣ кардам, то роҳи худро дарёбанд”.

Дар гузориши тасвирӣ сайри зиндагии ин файласуфро аз Суҳравард то Ҳалаб дар чанд тасвир мебинед.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Алии РИЗО، 2011/05/15
Салом. Офарин бар Шумо, ки чунин шево ва зебо навиштаед... Ман бо андешаи он бародар мувофиқ нестам, ки мегӯяд: тавре навиштаед, ки мафҳум нест, ҳарчанд бо таъаммуқ хондааст. Ҳаққ бо Шумост, ки навишту гӯйиши форсии тоҷикӣ ҳатмист, ки бознигарӣ шавад. Умедмандам, мақолаҳои пажӯҳишию бағоят ҷиддиро аз ин пас бештар хоҳем хонд. Бо арзи маъзарат, ки андаке дертар матлабро хондам ва андешаеро ироа доштам. Вассалом.
- A.S.Q، 2011/05/04
Бародарам Хонанда! Вақти он расида, ки сатҳи забони тоҷикиро ҳам аз сатҳи забони кӯчаву бозор ба сатҳи академӣ ва адабие, ки ҳар порсигӯ онро бе душворӣ фаҳмад ва масхара накунад, бардорем!
- хонанда، 2011/05/04
Метавонистед навиштаҳои худро бо калимаҳои сода менавистед, то тоҷикон хонда тавонанд. Ман ин қадар, ки хондам, чизе нафаҳмидам. Чунки маънои чуқур (амиқ)-е доранд.Забони тоҷикӣ дигар шудааст. Нависти шумо ба тарзи иронӣ ва то асри 19 аст. Хоҳиш сода нависен. Дар Тоҷикистон касе чунин сухан истифода намекунад.
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.