Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ёди ёри меҳрубон
Баҳори Навоӣ

Ғуломҳусейн Банони Нурӣ дар урдибиҳиштмоҳ (май)-и сад сол пеш дар хонаводае, ки реша дар хонадони Қоҷор дошт ва алоқаманд ба ҳунару мусиқӣ буд, ба дунё омад. Вақте он замон Банони навзод бо фарёде ҳузури худро навид дод, шояд касе гумон намекард, ки сад сол баъд қазоват дар мавриди маҳоратҳои овозӣ ва вижагиҳои ҳанҷара (гулӯ)-и ӯ сина ба сина нақл шавад.

Модараш пиёну (пианино) менавохт ва падараш овоз мехонд. Хоҳаронаш низ назди Дарвешхон ва Муртазохони Найдовуд тор меомӯхтанд ва хонаи онҳо маҳалли омадушуди ҳунармандони бузурге ҳамчун Мирзо Абдуллоҳ буд. Аммо дар он замон шояд на падари ҳунардӯсташ ва на модари аҳли мусиқиаш, ки бародарзодаи Носириддиншоҳи Қоҷор буд, бовар надоштанд тавону дониши овозии фарзандашон чанд даҳа баъд устодони бузурги мусиқии эронӣ чун Рӯҳуллоҳи Холиқӣ ва Алитақии Вазириро чунон таҳти таъсир қарор диҳад, ки ӯро бедиранг ба ҷамъи ҳунармандони соҳибном дар родюи навтаъсиси Теҳрон фаро бихонанд.

Банон дар оғоз фақат овоз мехонд ва тамоюл ба иҷрои тасниф надошт, аммо ба ташвиқи Рӯҳуллоҳи Холиқӣ ва тамрин бо уркестрҳои бузурги он замон ба хондани қитъаҳои уркестрол ва тасниф рӯй овард. Ӯ буд, ки бо тасаллут бар мусиқии эронӣ тасниф ва овозро бо шакле нав ироа кард ва бо таҳрирҳо, зеру бамҳо ва ғалтҳои овозӣ ва истифода аз мутиф (мотив)-ҳои даҳонбаста мактаби овозии вижаи худро бунён гузорд. Таъсири садои Банон дар мусиқии эронӣ то ба ҳаддест, ки бархе овози эрониро ба ду давраи пеш ва пас аз ӯ тақсим мекунанд.

Муваффақияти овози Банон, ба қавли Маҳмуди Хушном – пажӯҳишгари мусиқӣ, аз пайванди моҳиронаи ҷинс ва тавони табиъии садояш ва ҳунари ӯ шакл гирифта буд. Аммо ин муваффақият бидуни ишқ ба мусиқӣ ва талоши бепоёни ӯ мумкин набуд. Банон аз ёздаҳсолагӣ дар клоси дарси Муртазо Найдовуд ширкат кард ва дар ҳамон ҷо буд, ки барои аввалин бор истеъдоди ҳунарии ӯ кашф шуд. Вай пас аз он шогирди овози Мирзо Тоҳир Зиёи Расоӣ (Зиё-уз-зокирин) шуд. Ҳосили зиндагии ҳунарии ӯ беш аз 350 оҳанги сохтаи Орифи Қазвинӣ, Рӯҳуллоҳи Холиқӣ, Алинақии Вазирӣ, Маҳмуди Зуфунун, Акбари Муҳсинӣ, Алии Таҷвидӣ, Муртазо Маҳҷубӣ ва дигар оҳангсозони соҳибном аст, ки баъзе аз онҳо, чун “Илоҳаи ноз”, “Маи ноб”, “Оҳи саҳар”, “Дайламон”, суруди “Эй Эрон!”, “Ҳоло чаро?” ва “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”, ки ҳамроҳ бо Марзия хонда буд, аз мондагортарин таронаҳои эронӣ маҳсуб мешаванд. Ғуломҳусейни Банон аз аввалин ҳамкорони барномаҳои родюии “Гулҳои ҷовидон”, “Гулҳои рангоранг” ва “Барги сабз”, ки ба ибтикори Довуди Пирниё бунён гузошта шуд, ба шумор меояд.

Гуфтаҳои устодону бузургони мусиқӣ дар мавриди ин устоди мусаллами овози Эрон далолат бар вижагиҳои овозии камназири ӯ дорад. Абулҳасани Сабо дар бораи ӯ гуфта буд: “Баъзе таҳрирҳоро ҳеч кас ҷуз Банон наметавонад дуруст бихонад”. Рӯҳуллоҳи Холиқӣ савти ӯро латифтарин садое номид, ки дар умраш шунида буд. Алии Таҷвидӣ муътақид буд, ба ҷуз Банон ҳеч хонандае тавони иҷрои дурусти таснифи “Маро ошиқи шайдо”-ро надошт ва Фарҳоди Фахриддинӣ ҳам ӯро хонандае мебинад, ки “ба тарзи аҷибе бар садои худ мусаллат буд” ва мегӯяд, ҳаргиз нашунид, ки ӯ нут (нота)-еро хориҷ ё каму зиёд бихонад. Маҳмуди Зуфунун (Зулфунун) мегӯяд, садои ӯ ҳамаписанд буд ва ғолиби мардум аз он лаззат мебурданд. Садое, ки агарчи аз назари мусиқоӣ танҳо яку ним уктов (октава) буд, аммо ҳеч кас натавонист онро тақлид кунад.

Симо Бино ӯро муъаллими ҳамаи ҳунармандони овози эронӣ медонад: “Ман ҳам ҳеч вақт шонси инро, ки мустақим дар клос ва маҳзари эшон ҳузур дошта бошам, надоштам, аммо худам борҳо овозҳои эшонро ҳифз кардам ва бар таҳрирҳое, ки ба садояш медод, тааммул кардам. Бисёре мавоқеъ улгу (намуна)-и кори ман бо шогирдонам мусиқии овозии устод Банон будааст.”

Яҳё Муътамиди Вазирӣ (Навзар), аз хонандагони “Гулҳо”, муътақид аст: “Ҳар хонанда дар ҳанҷара (гулӯ)-и худ ҷои бахусусе барои “хушсадоӣ” дорад. Марҳум Банон инро бахубӣ медонист ва аз он ҳудуд хориҷ намешуд. Ҳеч гоҳ фарёд намезад ва бам (бас - рус.) мехонд ва ба ҳамин иллат садояш ҳолати нописанд надошт.” Ӯ мегӯяд, Банон ҳаққи ҳар шеърро баён мекард ва тавони иҷрои ҳар оҳангеро дошт. Ҳунармандон бисёре аз таснифҳо ва таронаҳои ӯ, монанди “Баҳори дилнишин”-ро такрору тақлид кардаанд, аммо Банон аз ҳама “дилнишинтар” хонда ва ба ҳамин иллат осори ӯ мондагор аст.

Ғуломҳусейни Банон дар соли 1336 (1957) дар як сонеҳаи ронандагӣ як чашми худро аз даст дод ва пас аз он ҳамеша бо айнаки дудӣ зоҳир мешуд. Маҳмуди Зуфунун, ки аз дӯстони наздики Банон буда ва қатаъоти бисёреро барои ӯ сохта, мегӯяд: “Ба ёд дорам, ин иттифоқ таъсири рӯҳии зиёде дар Банон дошт, аммо ҳаргиз бар рӯи ҳунараш асар нугузошт, чун ӯ ошиқи кораш буд.”

Ғуломҳусейни Банон шояд ҷаҳони мусиқии худро то поёни умраш, исфандмоҳи 1368 (февриеи 1986), ҳамон тавр ки хост, дид. Ӯ дар бист соли поёни умри худ ба сабаби беморӣ аз хондан даст кашид. Гуфта шуда, ҳамсари ӯ, Парии Банон, ба эҳтироми ӯ яке аз соъатҳои хонаро бар рӯи замоне, ки Банон даргузашта, мутафаққиф кардааст. Аммо он тавр ки имрӯз, сад сол баъд аз таваллуди Банон, ба назар мерасад, ишқи дӯстдорони мусиқии эронӣ ба садо ва мактаби овозии ӯ ҳаргиз мутаваққиф нахоҳад шуд ва мактаби овозии Банон ва ҳамаи таснифҳо ва таронаҳояш барои ҳамеша дар рагҳои замон ҷорист.

Дар гузориши тасвирии ин сафҳа Маҳмуди Зуфунун, Симо Бино ва Марзия аз Ғуломҳусейни Банон сухан мегӯянд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.