Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Гӯётар аз ҳазор калима
Муборакшоҳи Гулҷон

Гоҳе мо мехоҳем замонро мутаваққиф кунем ва ҷилави гузаштани вақтро бигирем. Орзу мекунем, ки беҳтарин рӯзҳои зиндагиамон бештар идома дошта бошад.


Лаҳзаҳое мешавад, ки мехоҳем, манзараҳои ҷолиб ва ҷаззоберо ки танҳо назоракунандааш ҳастем, барои наздикон ва бастагонамон ҳам намоиш бидиҳем ва ҳодисаеро, ки шоҳиди он шудаем, барои дигарон таъриф кунем.


Мехоҳем, аз ҳар лаҳзаи зиндагиамон хотирае дошта бошем ва талош мекунем, агар ин лаҳазот аз шодӣ ва сурури мо бошад, чизеро ба ёдгор нигаҳ дорем.


Имрӯзҳо ин кор хеле сода аст. Бо гирифтани акс ё наворе мо метавонем беҳтарин лаҳзаҳои зиндагимонро барои ҳамеша бо худ дошта бошем. Акс баёнгари эҳсосот ва нишондиҳандаи ғам, шодӣ ва нишоти мост.


Барои гирифтани акси хуб, аккос бояд диди хубе дошта бошад. Чашми “бино” ва зеҳни “ҷӯё” калиди муваффақияти аккос аст. Ин гуфта дуруст аст, ки агар аз як манзара чанд нафар акс бигиранд, банудрат мешавад ҳамоҳангӣ ва ҳамрангӣ дар ин аксҳо дид. Чун ҳар аккос диди худро дорад ва ба ашё аз зовияи худ нигоҳ мекунад. Ва ҳатто агар чанд нафар аз як дурбин истифода кунанд, боз ҳам наметавонанд акси ҳамсон бигиранд, чун аз дурбин шинохтҳои мухталиф доранд.


Ман дар донишгоҳи текникӣ дарс хондаам. Аммо аз даврони донишомӯзӣ ба аккосӣ шавқ ва дилбастагии зиёде доштаам.
Ҳамеша дар ҷустуҷӯ ҳастам ва мекӯшам аксҳоям гӯёи ҳарфи тоза бошанд.


Гирифтани акс ҳам энержӣ ва ҳам диққат мехоҳад. Аммо баъд аз дидани акс, агар дар он худро муваффақ бибинӣ, аз ин муваффақият ду баробар бештар энержӣ мегирӣ.


Гузориши мусаввари ин сафҳа дар коргоҳи омӯзишии гузоришгарии чандрасонаӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, таҳия шудааст.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Margaret، 2012/04/02
Short, sweet, to the point, FREE-exactly as information souhld be!
- Як корбар، 2010/06/29
Бардоштам аз дидани суратҳои Муборакшоҳ оромӣ ва хушҳолӣ буд. Ба назари ман, Муборакшоҳ суратгири боистеъдод аст, чунки ҳар сурат асил, вале зебо аст ва вақте ман суратҳояшро дидам, табассум кардам. Ман онҳоро дидам ва ман истироҳат кардам. Суратҳои табиъати Тоҷикистон, суратҳои арӯсҳо ва домодҳо дар Тоҷикистон ва бачаҳои Тоҷикистон, ҳар чиз намунаи ҳаёт дар Тоҷикистон аст. Аммо чаро суратҳои Муборакшоҳ фақат зебо ҳастанд? Бадбахтона, ҳаёти Тоҷикистон дигар на ҳамеша зебо ва осон аст. Чаро ӯ чизҳои вазнинтарро нигоҳ намекунад ва онҳоро намоиш намедиҳад?

Муборакшоҳ гуфт, ӯ гирифтани аксҳои асилро мехоҳад ва аз ин сабаб, ӯ ба ҳеч кас намегӯяд, ки ӯ сурат мегирад. Албатта, вақте ӯ бояд суратҳои тӯйро гирад, ҳар нафар медонад, ки Муборакшоҳ ин ҷо барои сурат гирифтан омадааст. Аммо, вақте ӯ дар деҳоти Тоҷикистон аст, ба назари ман, ин дуруст нест. Агар ӯ мардумро нигоҳ карданист ва сурат гирифтанист, ба назари ман, ӯ бояд дар бораи ин чиз бо онҳо суҳбат кунад.

Назари шумо дар бораи ин суратгир чист?

Дар бoрaи ман: мaн донишҷӯи донишгоҳи Индиана ҳастам, дар шаҳри Блумингтон, ва ман забони тоҷикӣ дарс мехонам.
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.