Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Маликаи хубон дар Душанбе
Ҳусноро Мирзо

Озмуни “Маликаи хубон”, яъне мусобиқоти зебоӣ миёни духтарони муҷаррад дар Тоҷикистон, ки нахустини он беш аз 30 сол пеш дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Пас аз вақфаи чандинсола ин навъ мусобиқот дубора марсум шудааст.
 
Мусобиқоти "духтари шоиста" дар Иттиҳоди Шўравӣ аз унсурҳои таҳоҷуми фарҳанги Ғарб маҳсуб мешуд ва танҳо дар авохири давраи бозсозӣ буд, ки чунин мусобиқот дар ҷумҳуриҳои шўравӣ роиҷ шуд; аз ҷумла дар Тоҷикистон. Ҷолиб ин ҷост, ки ҳамон мақомоте, ки дар замони Шўравӣ мусобиқаи зебоиро нишони инҳитот (костагӣ)-и фарҳанги Ғарб медонистанд, дар соли 1989 нахустозмуни хубони Тоҷикистонро дар канори ҳунармандон ва ҳунаршиносон доварӣ карданд. Меъёрҳои он мусобиқа аз мусобиқоти мушобеҳ дар Ғарб мутафовут буд ва бештар ба бардошти шарқӣ аз зебоии зан муттакӣ буд ва афзун бар зоҳири зебои духтарон, ҳунари хонадории ононро ҳам месанҷид. Ситора Назарова, барандаи  нахустин мусобиқаи зебоии Тоҷикистон, акнун аз ситораҳои поп ва мудели саршиноси Қазоқистон аст. 
 
Мусобиқаи "духтари шоиста" ҳатто дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон ҳам идома дошт. Аммо сарнавишти ғамангези барандаи он ки аз сўи афроди мусаллаҳ озор дид ва маҷбур ба тарки кишвар шуд, ин мусобиқотро барои чандин сол таътил кард.
 
Ду сол пеш ширкати саргармиҳои «Пияр» тасмим ба эҳёи мусобиқоти зебоӣ гирифт, аммо ин бор бо мавозин (меъёрҳо)-и фарангӣ: духтароне, ки дар озмуни маликаи хубон ширкат мекунанд, бояд муҷаррад бошанд, қаддашон болотар аз 170 сонтиметр бошад ва таносуби андомашон 90 дар 60 дар 90 бошад. Ҳамчунин аз зеботарин духтари Тоҷикистон интизор меравад, ки бар бештар аз як забон тасаллут дошта бошад ва аз ҳунари овозхонӣ ё рақсандагӣ ҳам бархурдор бошад. Ҳайъати доварони мусобиқа акнун мураккаб аз наққошону хабарнигорон ва тарроҳони муд аст.
 
Эҳёи ин мусобиқот, ки ин бор бо номи “Дўшизаи Ориёно” баргузор шуд, бо мухолифатҳои ошкору пинҳони бархе аз ақшори мардум сурат гирифт. Дар мавъиза (суханронӣ)-ҳои шуморе аз рўҳониён ширкаткунандагони ин мусобиқот ба “беҳаёӣ” мутаҳам шуданд ва  тоблуи таблиғотии ин мусобиқа дар бархе манотиқ тахриб шуд. Зери матолиби интернетии марбут ба ин мусобиқа ҳам изҳори назарҳои тунду занандае дар мавриди довталабони ширкат дар ин мусобиқа мунташир шуд.

Аммо мусобиқаи “Дўшизаи Oриёно” ин бор ҳам дар поёни соли милодии гузашта баргузор шуд ва аз миёни 20 духтари шоистаи манотиқи мухталифи Тоҷикистон Тўтинисо Алоева, як донишҷўи 21-сола, баранда шуд ва ҷоизаи мусофират ба Порисро бурд.

Созмондиҳандагони мусобиқаи духтари шоистаи Тоҷикистон қасд доранд ҳамасола ин мусобиқаро баргузор кунанд.
 
Дар гузориши муссавари ин сафҳа бархе аз ширкаткунандагони мусобиқаи ахир ва рўзноманигорону нозирон изҳори назар кардаанд.

Ин матлаб бори нахуст рўзи 03.02.2010 мунташир шуда буд


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Як корбар، 2010/07/17
ба ҳарфҳои анвар розӣ ҳастам.

магар зебоии зан танҳо дар бадани урёни вай аст? Он духтароне ки тарафдори чунин озмун ҳастанд, як бор ҳаёти иштирокдорони чунин озмун аз солҳои гузаштаро бубинанд, ки оё то куҷо он бонувон дар зиндагии шахсӣ муваффақ шуданд?

Мегӯед, ҷомеа ва ҷавонписарон ақибмондаанд ва аз рӯи ин ақибмондагӣ ба чунин духтарон хонадор намешаванд? Пас, чӣ беҳтар аст, бешавҳар мондан то охири умр ва нафси худро бидуни издивоҷ қонеъ кардану ба касе "любовнитса" шудан ва ё ин ки ҳамин "ақибмондаги"-и ҷомеаро пазируфтану соҳиби хонаи ободу фарзандони дустру будан?

Ман солҳо боз дар Ғарб будаам ва чандин кишвари Ғарбро дидаам...ин ҷомеа аз чунин озодиҳояш комилан ҳаловат намебарад, бонуовни гиромии тоҷик, ки як калима тоҷикиро намедонед! бовар кунед!
- Anvar، 2010/05/12
savoli man ba Zarina Oripova. Zarina, oyo shumo shinokhtani shakhsiyati zanro dar hamin mebined, ki hama ba badani uryoni vay nigoh kunand? in ozodii zanon nest va injo ham zikr shud, ki mo hama musalmon hastem, ammo dar simoi in hama dukhtaron yagon yagon chizhoi musalmoni dida nameshud. charo bore satru hijobro napushida ba tribuna nabaromaded, agar davoi musalmoni mekuned? ajib ast in halki mo Tojikon
- TAjik From LOS ANGELIS .CA,US,، 2010/05/08
Avval bubin joi khud, ba'd bimon poi khud
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.