Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Фарҳангнигори кӯдакон

Тӯрони Мирҳодӣ дар соли 1306-и хуршедӣ (1927-и мелодӣ) дар Шимерони Теҳрон ба дунё омад. Падараш аз донишҷӯёни эъзомӣ (фиристодашуда) ба Урупо буд, ки дар Олмон бо бонуе ҳунарманд ба номи Грето Дитриш (Greta Dietrich) паймони заношӯӣ баст ва ба иттифоқ дар соли 1299 (1920) ба Эрон омаданд. Зиндагии бонуи олмонӣ ба ҳамроҳи ҳамсараш дар хонае суннатӣ, ки падарбузург дар ихтиёри тамоми афроди хонавода қарор дода буд, шурӯъ шуд. Хонае дар пушти мадрасаи Сипаҳсолор, ки ҳар қисмате аз он ба бахше аз хонавода таъаллуқ дошт; яъне амӯ (амак)-ҳо, амӯзодаҳо, ҳамсарону фарзандони онон ҳар кадом дар бахше аз хона зиндагӣ мекарданд. Дар он замон ба далели набуди оби лӯлакашӣ бемориҳои гуногун дар байни мардум шуюъ дошт. Бонуи олмонӣ, ки шоҳиди маргумири бачаҳои зиёде буд, бо худ аҳд кард нагзорад бачаҳояш талаф шаванд. Боғе дар Шимерон пайдо кард. Дар фасли гармо, ки шуюъи беморӣ дучандон мешуд, ба он ҷо мерафту чодар мезад ва тобистони гарму тӯлониро дар он ҷо мегузаронд. Тӯрон-хонум дар яке аз ҳамин чодарҳо ба дунё омад ва муддати се моҳ аз навзодии худро дар зери чодар гузаронд.

Модар, агарчи олмонӣ буд, вале бачаҳоро эронӣ бор овард. Ба назар мерасад, нигоҳи эронии “Фарҳангномаи кӯдакон”, ки дар саросари ин китоби арҷманд ҷараён дорад, бояд натиҷаи ҳамин эронӣ бор омадани Тӯрон-хонум бошад. Таҳсил дар мадрасаи эронӣ дунбол шуд. Забони роиҷ дар хона форсӣ буд. Ҳатто гоҳе низ модар барои ошноии фарзандони худ бо адаби форсӣ маҷлисҳои баҳсе бо ширкати аҳли адаб тартиб медод, ҳарчанд муътақид буд, ки бачаҳояш бояд ба ёдгирии забонҳои дигар ҳам бипардозанд, зеро ҳар забонеро дарвозае медонист, ки фарҳанге ғанӣ аз он сар бар меоварад.

Хонум Мирҳодӣ аз хотироти ин давраи худ чунин ёд мекунад: “Олмонӣ ёд гирифтани мо моҷарое хос дошт. Дар тайи соли таҳсилӣ омӯзиш ба сурати шифоҳӣ буд. Модар ба забони олмонӣ мавзӯъеро матраҳ мекард ва мо ниме форсӣ ниме олмонӣ посух медодем. Вале вақте мадраса тамом мешуд ва мо ба Шимерон мерафтем, дарси рӯзона шурӯъ мешуд. Субҳ ба субҳ шаш рӯзи ҳафта сари соъати ҳашту сӣ модар сабади хайётӣ (дӯзандагӣ)-и худро бо ҷӯробҳои сӯрохшудаи мо бармедошт ва рӯи нимкате менишаст ва мо, панҷ нафарро ба навбат садо мезад. Китоби олмонии содаеро пеши рӯи мо мегузошт. Медӯхт ва ё васла мекард ва мо мехондему посух медодем. Ҳар кадом ним соъат омӯзиш медидем.”

Бад-ин сон хонум Мирҳодӣ олмонӣ ёд гирифт ва пас аз он барои ёдгирии забони фаронсавӣ назди муъаллиме тавоно фиристода шуд ва забони инглисиро ҳам дар дабиристони Нурбахш омӯхт ва ба ин тартиб ӯ ва хоҳару бародарҳояш ба чаҳор забон мусаллат шуданд. Таҳсилоти дабиристонии Тӯрон-хонум дар соли 1324 (1945) ба поён расид. Ӯ ба улум, бавижа зистшиносӣ, алоқаманд буд. Пас дар Донишкадаи Улум сабти ном кард. Дар он солҳо мубориза бо бесаводӣ дар кишвар шакл мегирифт ва муъаллимони баҷастае чун Ҷаббори Боғчабон ва Муҳаммадбоқири Ҳушёр ҷавононро барои ширкат дар мубориза бо бесаводӣ таълим медоданд. Хонум Мирҳодӣ бо равиши тадрис ошно шуд ва эҳсос кард тадрисро дӯст дорад. Дар воқеъ, аз он замон то кунун умраш ба тадрису таълим гузаштааст.

Ҷанги ҷаҳонии дувум тоза ба поён расида буд, ки хонум Мирҳодӣ ба Фаронса рафт, то дар риштаи равоншиносӣ ва таълиму тарбияти пеш аз дабистон таҳсил кунад. Вай дар бораи хотироти он даврони худ чунин мегӯяд: “Мардуми кишварҳои урупоӣ дар шароити сахте зиндагӣ мекарданд. Ман ҳар рӯз ҷира (паёк – рус.)-и мухтасаре дарёфт мекардам. Дар он ҳангома барои бозсозии вайронаҳои ҷанг эъломи омодагӣ кардам. Ду бор довталабона барои бозсозии минтақаҳои вайроншуда рафтам. Як бор ба Буснӣ ва Ҳерзугувин ва як бор ба кӯҳҳои Тотро (Tatra) дар Слувокӣ (Словакия), ки дар сохтани роҳи оҳан коргарӣ кардам. Дар Фаронса будам, ки хабари тасодуфи бародари кӯчактарам ва аз даст рафтани ӯ ба ман расид.”

Баъдҳо хонум Мирҳодӣ ба Теҳрон бозгашт ва дар соли 1334 (1955) бунёди мадрасае миллиро гузошт. Номи он мадраса ба ёди бародараш “Фарҳод” шуд. Гурӯҳи омӯзишии “Фарҳод” шомили кӯдакистон, дабистон ва дабиристон буд ва то замони инқилоб (1979) ҳам саргарми кор дар мадрасаҳои “Фарҳод” буд, вале пас аз он тамоми мадориси миллӣ аз миён рафт ва хонум Мирҳодӣ машғули таълифи китоб ва Шӯрои “Китоби кӯдак” шуд, ки дар соли 1341 (1962) бунёд шуда буд. Аз ҳама муҳимтар, ӯ дар 1358 (1979) ба тадвини “Фарҳангномаи кӯдакон ва навҷавонон” пардохт. Аз ин фарҳангнома то кунун 12 ҷилд мунташир шуда ва ҳамчунон кор бар рӯи он идома дорад.

Ин ки хонум Мирҳодӣ чи нақше дар омӯзиши кӯдакони эронӣ доштааст, дар ин мухтасар намегунҷад. Ҳамин андоза ёдовар шавем, ки ду тан аз устодон, замоне ки аз омӯзиш боз монданд, ба кори фарҳангнависӣ рӯй оварданд: яке дуктур Муҳаммадризо Ботинӣ (забоншинос), ки ба фарҳангҳои инглисӣ-форсӣ пардохт ва аз ин роҳ бар ғанои забони форсӣ афзуд ва дигарӣ хонум Мирҳодӣ, ки ба кори арзандаи фарҳанги кӯдакону навҷавонон пардохт.

Ин матн ба истиснои банди охири он аз рӯи “Зиндагиномаи хонум Тӯрони Мирҳодӣ”, таҳия ва тадвини Виюлет Раззоқпаноҳ ва Шаҳло Ифтихорӣ, интишори “Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ” талхис шудааст.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.