Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ҳурмуз ва рангҳояш
Мориё Сабои Муқаддам

Халиҷи Форс аз дербоз нуқтаи иртиботи Шарқу Ғарб ба шумор меомада ва аз назари тиҷорати дарёӣ аҳаммияти вижае доштааст. Дар қарни чаҳордаҳуми мелодӣ ҷазираи Ҳурмуз муҳимтарин маркази бозаргонии Халиҷи Форс буд. Дар тамомии нуқоти ин ҳавза ба иллати умқи ками об киштиҳои бузург қодир ба убур набуда ва маҷбур ҳастанд аз ин танга (ноҳияи маҳдуде, ки муъодили 15 килуметр аст), ки умқи оби он барои убури онҳо кофист, ҳаракат кунанд. Бад-ин ҷиҳат, тангаи Ҳурмуз дар тӯли торих ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи давлатҳои урупоӣ, аз ҷумла Бритониё, Ҳуланд, Белжик ва Пуртуғол будааст. Дар ин миён дар давраи хоссе пуртуғолиҳо бо таҳоҷуми низомӣ ва беш аз сад сол истиқрор дар ҷазоири ҳошияи Халиҷи Форс нақши умдатаре дар торихи ин минтақа бозӣ кардаанд.

Дар моҳи септомбри 1507 Олбукерк (Albuquerque), сардори пуртуғолӣ, бо шаш размнов (киштии ҷангӣ) ва 480 малавон (маллоҳ) ва сипоҳи ҷангӣ аз Ҳиндустон ба Ҳурмуз омад ва бо тасарруфи ҷазоири тангаи Ҳурмуз ва пайрезии сохтмони қалъаи азими Ҳурмуз дар андак муддате бар тамоми Халиҷи Форс тасаллут ёфт.

Дар давраи Сафавӣ дар соли 1622 мелодӣ Имомқулихон – сардори эронӣ (волии Форс) аз роҳи хушкӣ ва инглисиҳо аз ҷониби дарё ҷазираи Ҳурмуз ва қалъаи онҷоро дар муҳосира гирифтанд ва пуртуғолиҳо пас аз 117 сол ҳузур дар ҷазираи Ҳурмуз таслим шуданд. Ин рӯйдод барои эрониён як пирӯзии миллӣ талаққӣ шуд ва ду манзумаи ҳамосӣ аз ин ҷанг (дар Ҳурмуз ва Қишм) аз шоъирони он давра ба ҷой мондааст.

Пас аз фатҳи Ҳурмуз Шоҳ Аббос бар он шуд, то маркази тиҷорати Халиҷи Форсро аз Ҳурмуз ба Бандар-Аббос (Гомбрун) мунтақил кунад. Пас дастур дод, то шаҳрро вайрон кунанд ва куллияи масолеҳи сохтмонҳоро ба бандари Гомбрун мунтақил кунанд. Тадриҷан куллия фаъъолиятҳои иқтисодии Халиҷи Форс ба бандари Гомбрун мунтақил шуд ва номи ин бандар ба Аббосӣ ё Аббосия тағйир ёфт ва рушду густариши ногаҳонии он оғоз шуд.

Аз ин пас тиҷорат дар ҷазираи Ҳурмуз коҳиш ёфт, бахши умдаи сокинони Ҳурмуз, ки бозаргонон буданд, ба савоҳили Умон муҳоҷират карданд ва сармояи густардае аз савоҳили Эрон ба дигар нуқот мунтақил шуд. Аз байн бурдани таъсисоти фаннии ин ҷазира низ ба маънои аз даст додани қарнҳо таҷрубиёти ин бандар буд. Ҳанӯз дар миёни пажӯҳишгарон ин пурсиш матраҳ аст, ки чаро Шоҳ Аббос ба ҷои интихоби як бандари ҷойгузин бедиранг ба тахриби комили Ҳурмуз даст зад. Бархе муътақиданд, ки Бандар-Аббос нисбат ба Ҳурмуз амнияти бештаре дошт ва имкони ҳокимияти Эрон бар он бештар буд. Аммо бархе бар ин ақидаанд, ки сайтара бар тангаи Ҳурмуз аз ҷазираи Ҳурмуз роҳаттар мебуд, то аз тариқи Бандар-Аббос ва ҳукумати Эрон бо ин иқдом аз маҳдудаи қудрати хеш дар минтақа ақибтар рафт.

Дар ҳоли ҳозир аз даврони шукӯҳи тиҷорати Ҳурмуз чизе ба ҷой намондааст. Ба далели ин ки Ҳурмуз, бар хилофи Қишм ё Бандар-Аббос, маркази хариду фурӯш ва воридоти қочоқ нест, боздидкунандагони зиёде низ надорад. Камбуди имконоти гардишгарӣ дар Ҳурмуз ба камбуди ҷаҳонгард анҷомидааст. Ҳурмуз бо ҷамъияти наздик ба ҳашт ҳазор нафар фоқиди ҳутел ё рестурон аст ва гардишгарони каме ҳам ки аз он дидан мекунанд, бо мушкили иқомат ва таҳияи ғизо рӯбарӯ ҳастанд. Дар кул, ҷазира даҳ то дувоздаҳ худрав бештар надорад ва гардиши мусофирон бо мутурсиклети сечарха ё минибусҳои кӯчак анҷом мегирад. Аммо хушрӯӣ (хушбархурдӣ), гушодадастӣ ва меҳрубонии бедареғи мардумони маҳаллӣ, аз сӯе, ва зебоию оромиши ҷазира, аз сӯе дигар, ба гунае эъҷобовар камбудҳо ва мушкилоти сафарро аз ёд мебаранд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба дидани ҷазираи Ҳурмуз меравем.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.