Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Бозоре, ки пойтахт шуд
Дориюши Раҷабиён

Чанорҳои баланд, хиёбонҳои хилват ва ҳавои поку рӯди Варзоб дар миёни кӯҳҳо ба Душанбе ҳолати яйлоқӣ медиҳад. Ин шаҳр, ки то чанд сол пеш хоболуд ба назар мерасид, акнун дар ҳоли густариш аст ва кӯшиш мешавад, то торихи гузаштаи тоҷиконро дар он бозсозӣ кунанд.

Дар густараи шаҳри Душанбе, ки акнун пойтахти Тоҷикистон аст, бақоёи сохтмонҳое кашф шуда, ки ба садаи панҷи пеш аз мелод бармегардад. Аммо дар торихи мактуб шаҳри Душанбе то ҳамин 80 сол пеш рустое буд, ки дар соли 1868 тавассути давлати тезории Русия идораи он ба амири Бухоро вогузор шуд.

Қабл аз он аморати Бухоро манотиқи васеъеро ба импротурии Русия бохта буд ва тезори рус дар воқеъ қасд дошт бо супурдани ихтиёри Душанбе ва манотиқи мушриф ба он ба аморати Бухоро зоеъаеро, ки амир мутаҳаммил шуда буд, то ҳадде ҷуброн кунад.

Душанбе номашро мадюни бозорест, ки рӯзҳои душанбе барпо мешуд ва мардуми шаҳри торихии Ҳисор – маркази Бухорои Шарқӣ ва ҳаволии он дар Душанбебозор доду ситад мекарданд.

Рустои Душанбе қабл аз истиқрори давлати Шӯравӣ барои муддате кӯтоҳ пойгоҳи набарди вопасин амири Бухоро алайҳи Артиши Сурх буд.

Амир Сайид Олимхон, охирин амири Бухоро, ки тоҷу тахти Бухороро аз даст дода буд, дар моҳи ут (августи)- соли 1920 ба рустои Душанбе паноҳ бурд ва шаш моҳ баъд аз он Душанберо ҳам ба артиши рус бохт ва ба Афғонистон фирор кард.

Дар даргирии миёни Артиши Сурх ва нерӯи муқовимат, ки русҳо онро “босмачӣ” (ғоратгар) унвон карданд, бештари сохтмонҳои рустои Душанбе вайрон шуд ва ҷамъияти он аз 3140 тан дар соли 1920 ба 283 тан дар соли 1924 коҳиш ёфт. Яъне замоне ки ба рустои Душанбе мақоми шаҳр эъто шуд ва пойтахти Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон унвон гирифт, шумори афроди муқим дар он зери 300 тан буд.

Интихоб аз рӯйи ночорӣ

Тоҷикон, ки шаҳрҳои бузурги худ, Самарқанду Бухоро ва Хуҷандро аз даст дода буданд, маҷбур буданд аз як русто пойтахт бисозанд. Ҳарчанд шаҳри Хуҷанд дар соли 1929 ҳамзамон бо иртиқои мақоми ҳуқуқии Тоҷикистон ба унвони ҷумҳурии тамомъайёри шӯравии сусиёлистӣ, ба тоҷикҳо пас дода шуд, ба далели миёнаи хуби узбакҳо бо русҳо шаҳрҳои бузурги тоҷикнишини Самарқанд ва Бухоро дар таркиби Узбакистон монд ва Самарқанд барои муддате пойтахти Узбакистон буд.

Пол Берн, сафири пешини Бритониё дар Узбакистон ва Тоҷикистон, дар китобаш “Мелоди Тоҷикистон”, ки тобистони 2007 пас аз даргузашти нависандаи он мунташир шуд, менависад, ки дар оғози ташаккули Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии худмухтори Тоҷикистон бар сари пойтахти он баҳсҳои фаровоне сурат гирифта буд:

“Зоҳиран ин умед ҳамчунон зинда буд, ки шаҳрҳои бузурги тоҷикнишини Узбакистон то замони пайдоиши марокизи тозаи муносибе дар Ҷумҳурии Шӯравии Худмухтори Тоҷикистон дар парвариши кодрҳои тоҷик саҳм хоҳанд дошт. Вақте ки раиси нишасти кумисиюни арзӣ рӯзи 21 ут (август)-и 1924 ин пурсишро матраҳ кард, ки умдатарин маркази тоҷикон чи шаҳре бояд бошад, як нафар бо садои баланд гуфт: “Душанбе”. Вале баъд маълум шуд, ки пурҷамъияттарин маҳалли ҷумҳурӣ Қаратоғ аст, ки акнун як шаҳраки дурдаст ва камаҳамияте беш нест. Абдурраҳим Ҳоҷибоев аз раҳбарони кумунисти тоҷик афзуд, ки маркази фарҳангии аслии тоҷикон муваққатан шаҳри Самарқанд хоҳад буд ва мадорисро бояд дар ҳамон шаҳр сохт. Чун имкони эҷоди бедиранги марокизи фарҳангӣ дар таркиби Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон вуҷуд надошт, шаҳрҳои тоҷикии Ҷумҳурии Узбакистон бояд ин вазифаро барои тоҷикҳо анҷом медоданд. Ӯ таъйид кард, ки ба ҷуз чанд масъалаи боқимонда дар Уротеппа ё Истаравшан, ки пас аз таҳдиди ҳудуди ҷумҳуриҳо ҳал хоҳад шуд, дигар мушкиле вуҷуд надорад.

Ӯ дар поён гуфт, дар ҳоле ки Самарқанду Бухоро марокизи фарҳангии тоҷикон хоҳанд буд, ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар Қаратоғ мустақар хоҳанд шуд. Аз мадорики мавҷуд наметавон дарёфт, ки ин иде кай лағв шуд. Бо таваҷҷуҳ ба андозаи кӯчаки қарияи Қаратоғ, ки имрӯз мебинем, сахт аст бовар кунем, ки он пешниҳод аслан ҷиддӣ буда бошад. Ҳарчанд нафси тарҳи он баёнгари ин воқеъият аст, ки он замон Душанбе чи маркази муҳаққаре будааст."

Душанбе - шаҳри тамомъайёри Шӯравӣ

Душанбе дар даврони шӯравӣ фаротар аз маҳдудаи пешинаш доман густард ва комилан дигаргун шуд. Дар воқеъ, Душанбе, ба тамоми маъно, як шаҳри шӯравӣ буд ва ҳамаи сохтмонҳои мавҷуд дар ин шаҳр дар аҳди шӯравӣ эҳдос шуда буд.

Хиёбонҳои фарох, сохтмонҳои баланди ҳамсон, ки ҳаммонандашонро дар Маскав ҳам мешуд дид, нақшаи шаҳрсозии ҳисобшуда ва муназзам, ҳама ва ҳама нақши ангуштони шаҳрсозони шӯравиро дошт.

Шаҳрҳои шӯравӣ ба андозае шабеҳи ҳам буданд, ки дар соли 1975 Элдор Рёзонов, филмсози саршиноси рус, дар ин бора як филми ҳунарӣ сохт, бо номи “Тамасхури сарнавишт ё Офият бошед!” Женя қаҳрамони филм, шаби соли нав пас аз базме муфассал аз фарти майгусорӣ мадҳуш ва беёд баиштибоҳ савори ҳавопаймо мешавад ва аз Маскав ба Ленингрод (Санкт-Петербурги кунунӣ) парвоз мекунад. Ба ронандаи таксӣ дар фурудгоҳ нишонии хонааш дар Маскавро медиҳад. Ронанда ҳам бидуни пурсуҷӯи зиёд ӯро ба мақсад мерасонад.

Яъне дар Ленингрод ҳам хиёбоне мушобеҳ бо ҳамон ном вуҷуд дошта ва сохтмонаш ҳам бо ҳамтои маскавиаш мӯ намезада ва калидаш ҳам бидуни мушкил қуфлро боз мекунад. Моҷароҳои хандадори филм замоне оғоз мешавад, ки соҳибхонаи воқеъӣ аз роҳ мерасад. Аммо яке аз нукоте, ки дар ин филм барҷаста шуда буд, монандии сохтмонҳо ва нақшаҳои шаҳрсозӣ дар шаҳрҳои мухталифи Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Душанбе дар ҷустуҷӯйи чеҳрае дигар

Вале ҳоло, ки шаҳрсозони ҳар як аз понздаҳ ҷумҳурии Шӯравии пешин барои шаҳрҳои худ нақша тарсим мекунанд, ташобуҳи сохтмонҳо ба таври физояндае камтар ба чашм мехурад.

Дар Душанбе ҳам сохтмонҳои тозае қад афрохтаанд, ки бештар аз нақшаҳои ғарбӣ илҳом гирифтаанд, то шӯравӣ. Ва намои бисёре аз сохтмонҳои қадимии маркази шаҳр ҳам башиддат тағйир кардааст. Ҷоддаҳои марказ ба таври муназзам осфолт мешавад ва бутаву дарахтҳои канори ҷоддаҳо ҳам пайваста ислоҳ ва мураттаб мешавад.

Вале ин дигаргуниҳо сирфан дар маркази шаҳр иттифоқ меуфтад. Ба иборати дақиқтар, зарфи солҳои соли истиқлол танҳо ду хиёбони аслии пойтахти Тоқикистон (Рӯдакӣ ва Исмоъили Сомонӣ), ки масири омадушуди кормандони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва сафоратхонаҳост, шоҳиди таҳаввулоте аз ин даст буда ва фаротар аз он тасвир мутафовит аст: кулбаҳои коҳгилӣ, ҷоддаҳои бараҳна ва руфӯшуда (дарбеҳшуда), дарахту бутаҳои хушкида ва сохтмонҳои рангбохта ва дудгирифта.

Шаҳрдории Душане ахиран нақшаи шаҳрсозии ҷадидеро эълом карда ва мегӯяд, ки қасд дорад ба ҷои кулбаҳо ва сохтмонҳои қадимӣ осмонхарошҳои мудерн бисозад. Аммо дар ҳоли ҳозир сохтмонсозӣ дар маркази шаҳр ва ҳавошии марказ ҷараён дорад. Интиқоли бозору бозориҳо аз марказ ба ҳошияи ҷанубии пойтахт бар тафовути миёни марказ ва ҷануб беш аз пеш афзудааст.

Бад-ин гуна, шаҳри Душанбе, ки аз ҷавонтарин пойтахтҳои ҷаҳон аст, дар ҳоли паймудани марҳилае дигар аз сайри такомулии хеш аст ва тафовути умдаи он бо Душанбеи қабл аз истиқлол, ҳамин мутафовит ва мутанаввеъ будани сохту бофти он аст.

Ин тафовутро метавон бо нигоҳе ба тасовири ду бахши шаҳр дар гузориши тасвирии Пайрави Боймуҳаммад аз Душанбе мушоҳида кард.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.