Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Дар ҷустуҷӯйи пайвандҳои гумшуда
Дориюши Раҷабиён

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 21.06.2007 мунташир шуда буд

Бо гузашти ҳафтдаҳ сол аз замони таъсиси гурӯҳи ҳунарии “Аҳорун” дар шаҳри Душанбе, ин гурӯҳ ҳамчунон аз соири теотрҳои Тоҷикистон мутамоиз аст. Тафовут дар наҳваи кор, иҷрои намоишномаҳо, диди ҳунарӣ ва осоре, ки рӯйи саҳна мебарад, ҳама машҳуд ва ошкор аст. Теотре, ки акнун ба ифтихори садумин солрӯзи таваллуди Муҳаммадҷон Қосимов, “ҳунарманди шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ” ба исми ӯ номгузорӣ шуда, сохта ва парвардаи Фаррухи Қосим, фарзанди он ҳунарпешаи фақид аст.

Пеш аз ҳама номи ин гурӯҳ буд, ки азҳони кунҷковро ба худ машғул мекард ва баҳсоеро перомуни он доман мезад. Натиҷае, ки аз ин баҳсҳо бармеомад, ғолибан ин буд, ки теотри ҷадид дар ҷустуҷӯйи пайвандҳои гумшудаи тоҷикҳо бо гузаштаашон аст. Ба бовари бархе аз торихнигорон, “Аҳорун” номи бостонии маҳалле аст, ки имрӯза шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро дар бар мегирад. Аммо ба эътиқоди худи Фаррухи Қосим, ин вожаи бостонӣ (Аҳорун) ба маънии “шаҳри яздон” аст.

Иҷрои ҳунармандони теотр, ғайриъодитар аз номи он буд ва ба гунае натиҷаи баҳсҳо дар бораи номи онро собит мекард. Омезиши ғазалиёти Мавлоно ва Ҳофизу Ҷомӣ бо самои дарвешӣ достонеро таъриф мекард, ки диде фалсафӣ дошт ва чархишҳои дарвешонаи ҳунармандон зеҳни бинандаи пуёро ба чархиш дармеовард.

“Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...” нахустин намоишномаи теотри “Аҳорун” буд, ки дар соли 1990 бо оғози ҷунбишҳои миллӣ ва тарҳи пурсишҳое аз ҳувияти миллии тоҷикон мусодиф шуд ва ҳазорон бинандаро ба худ ҷалб кард. Тафсири намудории “Бишнав аз най...” рӯи саҳна рафт ва аз “васли дубора бо асли хеш” ҳикоят кард. Рӯйкарди тозаи Фаррухи Қосим ба ҳунари теотр ва обу ранги миллии теотри “Аҳорун” мавзӯъи доғи маҳофили фарҳангии он рӯзгор буд.

Намоишномаи “Юсуфи гумгашта...” барои Фаррухи Қосим дар ҳамон соли 1990 ҷоизаи Рӯдакии Тоҷикистонро ба армуғон овард. Дар пайи он, намоишномаҳои тозае монанди “Исфандиёр”, “Шайх Санъон”, “Шоҳ Фаридун” ва “Даҷҷол” рӯйкарди ҷадиди Фаррух Қосимро беш аз пеш шакл дод ва ба тӯдаҳо муъаррифӣ кард.

Ҳамаи ин намоишномаҳо баёнгари шефтагии Фаррухи Қосим нисбат бо осори бузургони гузашта буд. Вай талош мекард бо истифода аз осори пешин, ҳадиси кунунии тоҷиконро тарсим кунад. Гусастагӣ аз худӣ ва бегонагии физоянда бо гузашта аз дағдағаҳои умдаи Фаррухи Қосим дар осори ҳунариаш аст.

Роҳи Фаррух Қосим бу сӯйи теотр пуршебу фароз буд. Бо ин ки ҳам падар ва ҳам модари ӯ аз ҳунарпешагони саршиноси Тоҷикистон ва ҳатто Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, барои фарзандонашон зиндагии осудатареро мехостанд ва бо тамоюли ӯ барои таҳсил дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо мухолифат карданд.

Фаррух вориди риштаи физики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуд ва барои як сол бо комгорӣ дар он ҷо таҳсил кард. Аммо шӯру иштиёқи вай ба теотр ӯро раҳо намекард. Дар натиҷа ба таври пинҳонӣ вориди риштаи бозигарии Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Душанбе шуд ва падарашро дар баробари амри анҷомшуда қарор дод. Муҳаммадҷон Қосимов дигар чорае надошт ҷуз ин ки ба интихоби писараш тан дардиҳад.

Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1969 Фаррухи Қосим корро дар теотри Лоҳутии Душанбе оғоз кард ва дар намоишномаҳои мутаъаддиде нақш офарид. Аз ҳунари ӯ тақдир мешуд, аммо худи Фаррух эҳсоси ризоят намекард. Вай талош мекард дар ҳунари теотри Тоҷикистон нақши боризтаре дошта бошад ва мепиндошт, ки танҳо аз роҳи таҳияи намоишномаҳо метавон ба ин ҳадаф даст ёфт. Вале фаъолияти теотри Лоҳутӣ, ба монанди дигар ниҳодҳои Шӯравии пешин, мубтанӣ бар асли сахтгиронае буд, ки касеро дар заминае берун аз тахассусаш ба кор намегумошт.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки тахассуси расмии Фаррухи Қосим “бозигарӣ” буд, ба ӯ иҷозаи таҳияи намоишномаҳо дода нашуд. Аммо ҳунари волои Фаррух мудирияти теотрро мутақоъид кард, ки аз паси таҳияи намоишномаҳо ҳам бар хоҳад омад. Бад-ин гуна Фаррухи Қосим нахустин намоишномаҳояшро бо номҳои “Ишқи ман-Электра” ва “Тӯдаи риёкорон” таҳия ва иҷро кард. Солҳо пас аз он ҳамин теотри маъруфи Тоҷикистон аз Фаррухи Қосим хост, ки лутфе кунад ва таҳияи чанд намоишномаи Лоҳутиро ба дӯш бигирад.

Бо вуҷуди ин ки маҳдудиятҳои мавҷуд  дар теотри Лоҳутӣ Фаррухи Қосимро то андозае сархурда карда буд, солҳои оғозини кори вай дар теотри Лоҳутӣ солҳои пурборе буд. Вай ниҳоятан ба орзуи худ расида буд ва машғули коре буд, ки дӯсташ дошт. Тайи ҳамон солҳо буд, ки ва бо Сабоҳат Набиева, бозигари теотри Лоҳутӣ, пайванди ҳамсарӣ баст.

Фаррухи Қосим дар донишгоҳ ҳам ҳунари теотр тадрис мекард. Иддае аз фориғуттаҳсилони ин донишгоҳ, ки аз ӯ шинохти хубе ҳосил карда буданд, аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон хостанд, ки Фаррухи Қосимро ба унвони коргардони теотр ба шаҳри Қурғонтепа дар ҷануби Тоҷикистон эъзом кунад. Вазорати фарҳанг ин пешниҳодро пазируфт ва саранҷом Фаррухи Қосим имкон ёфт ба унвони як коргардони тамомъайёр ҳунари худро бисанҷад.

Сипас ӯ ба ҷамъи ҳунармандони теотри ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов пайваст ва раҳбарии яке аз ду гурӯҳи ин теотрро ба дӯш гирифт. Намоишномаи “Хонасӯзон”, ки тавассути гурӯҳи Фаррухи Қосим дар ин теотр рӯйи саҳна рафт, бо нидои “Аз хоби гарон хез” поён меёфт, ки дар даврони Шӯравӣ ҷанбаи сиёсӣ касб мекард. Ҳамин гурӯҳ буд, ки соли 1990 бо иншиъоб (ҷудо шудан) аз теотри Воҳидов, нахустин теотри ғайридавлатӣ ва мардумиро поягузорӣ кард.

Тайи ҳамин солҳо буд, ки вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо арҷгузорӣ ба ҳунари Фаррухи Қосим ба унвони коргардони теотр аз ӯ хост, ки барои теотри Лоҳутӣ намоишномаеро дар бораи Исмоъили Сомонӣ таҳия кунад. Вай ҳамчунин ба даъвати кишварҳои дигар намоишномаи “Шоҳ Лир”-ро дар теотри ҷавонони Бишкеки Қирғизистон ва “Шайх Санъон”-ро дар шаҳри Қаршии Ӯзбакистон рӯйи саҳна бурд. Дар ҳамон шаҳри Қаршии Ӯзбакистон дар соли 1998 буд, ки дучори сактаи мағзӣ шуд ва тавони роҳ рафтан ва ҳарф заданро тақрибан аз даст дод.

Беморӣ ҳам иродаи муҳками Фаррухи Қосимро нашикаст. Вай, ки акнун шасту нуҳ сол дорад (2007), ҳамчунон асобадаст ба теотр меравад ва ба таҳияи намоишномаҳои тоза мекӯшад. Ӯ дар ин рӯзҳо саргарми навиштани намоишномаи “Калила ва Димна” бар мабнои асари Рӯдакист.

Солҳо пеш Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи “Модар”-и Гуркиро ба форсии тоҷикӣ баргардонда буд ва акнун писари ӯ мехоҳад ба муносибати садумин солрӯзи таваллуди падараш ин намоишномаро рӯйи саҳна бибарад. Ба ҳамин муносибат дар моҳи декабри соли 2006 теотри “Аҳорун” ба теотри “Муҳаммадҷон Қосимов” тағйири ном кард, аммо то кунун бар хилофи соири гурӯҳҳои ҳунарии Тоҷикистон, сохтмони худро надорад ва иҷоранишини гӯшае аз сохтмони Конуни нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2004 бунёди Шаҳзода Клоуси Ҳуланд яке аз даҳ ҷоизаи солонаи худро ба Фаррухи Қосим тақдим кард ва саҳми ӯро дар ҳунари теотру адаби Тоҷикистон сутуд.

 


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Як корбар، 2010/04/12
He was a great man. Not one person like him we have now in our arts.
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.