Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Савғоти солҳои Афғонистон
Эҳсони Зарвон

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 10.05.2008 мунташир шуда буд

Дар даҳаи 1970 мелодӣ ҷомеъаи Тоҷикистон саршор аз иштиёқ ба фарҳанги форсӣ ва бозгашт ба асли худ буд. Агарчи дар маҷолис ва маҳофили расмӣ тарҷеҳ медоданд дар ин бора суҳбат нашавад.

Дар якчунин фазое ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон сурат гирифт ва давлати Шӯравӣ ба мутарҷимони тоҷик ниёзи мубрам пайдо кард. Ҳазорон нафар аз Тоҷикистон ба унвони мутарҷим ба Афғонистон эъзом шуданд

Ман ҳудуди як моҳ қабл аз ин ҳамла ба ҳайси мутарҷими пизишкӣ вориди Афғонистон шуда будам. Ин дар ҳоле буд, ки давлати Шӯравӣ мункири ягонагии забони форсии Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон буд ва ин гӯйишҳоро забонҳои мухталиф медонист.

Барои бисёре дар Тоҷикистони он рӯзгор Афғонистон сарзамини тарона буд, бахусус ба далели ишқи ҷавонон ба сурудҳои Аҳмад Зоҳир ва рахнаи овози Гугуш аз тариқи Афғонистон ба ин кишвар.

Ману як ҳамдарсиам ба маҳзи расидан ба Афғонистон кӯшидем ҳар чи зудтар забти савт (магнитафон)-е бихарем ва оҳангҳои тозаи афғонистонӣ ва эрониро бишнавем ва хеле зуд ба ин орзумон расидем.

Баъд ман ба идораи “Афғонмузик” дар наздикии сарои шаҳзодаи Кобул рафтам ва аз кормандони он хоҳиш кардам ҳар он чи аз Аҳмад Зоҳир доранд, дар як баста навор забт кунанд. Чун гуфтам аз Тоҷикистон ҳастам, муҳаббаташон фузун шуд ва бо камоли майл хоҳиши манро дар зарфи ду рӯзи ахир иҷро карданд.

Замоне ки ин наворҳоро бо таронаҳое дигар аз Гугуш, Маҳастӣ, Гито, Озито ва чандин овозхони дигари афғонистонию эронӣ ба Душанбе овардам, дӯстонам ҳамагӣ мехостанд нусхае аз ҳар кадомро барои онҳо низ забт кунам.
 
Пас аз муддате овози Аҳмад Зоҳиру Гугуш ва дигар ҳунармандони афғонистонию эронӣ дар саросари Тоҷикистон миёни мардум танинандоз шуд. Ёдам меояд модарам мегуфт: “Бачам, ҳаму ҳофиз (овозхон)-и афғонта бмун, гӯш кунам, бисёр ба алам мехуна”. Кортпустол (откритка)-ҳо бо тасовири Гугуш ва Аҳмад Зоҳир беҳтарин туҳфа барои ҷавонон буд.

Сафари гурӯҳи рақсии “Зебо” ва гурӯҳи ҳунарии “Гулшан” ба Афғонистон маҳшар ба по кард. Билетҳои консерти ин гурӯҳҳо дар Кобул кафофи алоқамандони бешумори онҳоро намедод. Пас аз он ҳам телевизиюни Кобул ҳамарӯза пораҳое аз ин консертҳоро пахш мекард. Ҳунари рақси тоҷикӣ достони сари забонҳо шуд ва ҳунарманди фақиди тоҷик Хурмо Ширин дар Афғонистон мулаққаб шуд ба “Гугуши Тоҷикистон”.

Аммо дар Тоҷикистон телевизиюн ва родиюи давлат ҳамчунон аз пахши васеъи оҳангҳои афғонистонию эронӣ ибо мекард. Танҳо пас аз оғози ҳукумати Михаил Горбачев буд, ки Муҳйиддин Олимпур, рӯзноманигори фақид ва шайдои ҳамгароии фарҳангии форсизабонон, тавонист саддҳоро бишканад ва дар риштабарномаҳое таҳти унвони “Ситораҳои Шарқ” намоҳанг (клип)-ҳои Гугушу Аҳмад Зоҳир ва дигар овозхонони ҳамзабонро дар телевизиюни Тоҷикистон намоиш диҳад.

Аммо дар мавриди забони форсии Афғонистон ва таъсири он рӯйи забони Тоҷикистон бояд бигӯям, ки баростӣ, ман дар Тоҷикистон ҳамеша эҳсос мекардам, ки дасту пойи ин забонро бастаанд. Агарчи таҳқиқоти зиёде дар бораи забони форсии Тоҷикистон анҷом шуда буд – чи аз сӯйи муҳаққиқини рус ва чи аз сӯйи пажӯҳишгарони тоҷик – эҳсос мекардам, ки ин забон савту наво ва сайри табиъии худро гум кардааст. Чаро ки вақте китобҳои “Чаҳор дарвеш”, “Самаки айёр” ва “Ҳазору як шаб”-ро ба хатти сирилик мехондам ва забони онҳоро бо забони форсии Тоҷикистон муқоиса мекардам, меандешидам, ки оё намешавад ин равонӣ ва салосати забонро эҳё кард.

Вале дар Афғонистон дидам, ки забони форсӣ дар ин кишвар пайванди худро бо забони адабиёти клосик ба андозаи форсии Тоҷикистон гум накардааст. Дар ин ҷо дигар ман имкон доштам ҳамарӯза китобу нашриётро ба хатти форсӣ бихонам, ки аз хурдӣ онро дӯст доштам. Тамомии мутарҷимоне, ки аз Тоҷикистон омада буданд, медиданд, ки ниёзе барои корбурди вомвожаҳои русӣ ва таркибҳои зоҳиран форсӣ ва аз лиҳози сохтор русӣ вуҷуд надоштааст.

Ба иборати дигар забони форсии Афғонистон ойинае шуд, ки тоҷикистониҳо тавассути он забони худро гунае дигар диданд ва бисёре дарёфтанд, ки бояд забони форсии Тоҷикистонро ислоҳ кард. Агарчи ин кор дар муҳити шӯравии вақт чандон осон набуд.

Хушбахтона, таҳаввулоти марбут ба “перестройка” оғоз шуд ва ононе, ки алоқаманд ба ислоҳи забон буданд (ки бештарашон мутарҷимони собиқ дар Афғонистон буданд ва дар нашрияҳо кор мекарданд), пешоҳанги таҷаддуди забонӣ шуданд. Дар натиҷа, бо вуҷуди муқовиматҳои муҳофизакорон, мавҷе аз вожаҳо ва ибороти форсии Афғонистону Эрон вориди забони форсии Тоҷикистон шуд.

Мавзӯъи дигаре, ки дар ин марҳила таъсири хоссе рӯи фазои фарҳангии Тоҷикистон гузошт, мавзӯъи вуруди китобу нашриёт ба хатти форсӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон буд. Мусаллам он аст, ки аксари мутарҷимон аз Афғонистон осори шуъарои клосики форсӣ ва Қуръонро ба Тоҷикистон меоварданд  ва ононе, ки бештар бо шеъру адаб сару кор доштанд, осори шуъарои муъосири Эрону Афғонистонро ҳамроҳи худ ба Тоҷикистон мебурданд.

Худи ман куллиёти Саъдӣ, Ҳофиз, куллиёти Шамси Табрезӣ ё Девони Кабир, Маснавии Мавлавӣ, куллиёти Муҳаммад Иқбол, Ғиёсуллуғот, фарҳанги Амид ва чандин китоби дигарро, ки аксарашон чопи Эрон буданд, ҳамроҳи худ оварда будам. Овардани ин китобҳо ба Тоҷикистон он замон мамнӯъ буд. Бахусус Қуръон ва китобҳое, ки муҳтавои динӣ ва сиёсӣ доштанд. Аммо дӯстони русам дар интиқоли тафосири Қуръон ва ҳатто китоби “Файласуфнамоҳо”-и Носир Макорими Шерозӣ ва девони Имом Хумайнӣ кумак карданд.

Бархе аз китобҳои шуъарои форсӣ, ки дар ҷустуҷӯяшон будам, дар Афғонистон ба нудрат пайдо мешуд. Ман маҷмӯъаҳои “Асир”, “Девор” ва “Исён”-и Фурӯғро футукупӣ кардам ва ба ҳам дӯхтаму онҳоро ҳам ба Душанбе овардам.

Дар Кобул “Тило дар мис”-и Ризо Бароҳанӣ китоби рӯимизиам буд. Дар ҳамин давра тавонистам ашъори шуъарои Эрон ва Афғонистон – Аҳмади Шомлу, Нодири Нодирпур, Меҳдӣ Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ, Сиёвуши Касроӣ, Халилуллоҳи Халлилӣ, Бориқи Шафеъӣ, Дастгири Панҷшерӣ, Латифи Пидром, Восифи Бохтарӣ, Розиқи Фонӣ ва дигаронро мутолеъа кунам ва бо бархе аз ин шуъаро ошно шавам.

Имкони дигаре, ки дар Афғонистон бароям даст дод, мутолеъаи осори нависандагони мамнӯъи рус буд, ки яке аз дӯстони русам пайдояшон карда буд ва пинҳонӣ онҳоро мехонд.

Рӯзе ба манзилаш рафтам ва дидам рӯи мизаш китобест ва рӯяш навишта буд: “Солженитсин”. Ман медонистам, ки навиштаҳои Солженитсин дар Шӯравӣ мамнӯъ аст. Гуфтам: “Ман ҳам мехоҳам ин китобро бихонам.” Мувофиқат кард, аммо аз ман хост, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯям.

Бад-ин гуна метавон гуфт, ки ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон дар канори мусибати фаровоне, ки дар пай дошт, ба рушди худшиносии форсизабонони Осиёи Миёна мусоъидат кард ва аз сӯи дигар, заминаи ҷунбишҳои миллӣ ва зиддикумунистиро, ба вижа дар Тоҷикистон, шакл дод.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- нусрат، 2010/04/12
ташаккури зиёд ба шумо, азизон!
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.