Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Куҳна ва нав дар мусиқии тоҷикӣ
Парвонаи Фирӯз

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 22.08.2007 мунташир шуда буд

Ҷонибеки Мурод, аз ситораҳои мусиқии попи Тоҷикистон, фарзанди ҳунарманди баноми тоҷик Ҷӯрабеки Мурод аст ва аз авони туфулият бо дунёи созу овоз ошно будааст.

Ҷонибек хушҳол аст, ки бародарони аршадаш пешдастӣ накарданд ва фурсати пайравӣ аз шуғли падариро ба ӯ вогузоштанд.

Ҷонибеки Мурод нахустин бор дар шашсолагӣ рӯи саҳна рафт ва овоз хонд. Вай дар базмҳо ва маҳофили шодӣ падарашро ҳамроҳӣ мекард ва рафта-рафта ба ҳунари овозхонӣ беш аз пеш алоқаманд шуд. Аммо гироиши ӯ, бар хилофи падараш, бештар ба мусиқии мудерн буд ва ҳамин тамоюли ӯро дар синни шонздаҳсолагӣ ба гурӯҳи ҳунарии тозатаъсиси “Боло” кашонд.

Ҷонибек мегӯяд: “Маро ба ин гурӯҳ даъват карданд ва мо, бачаҳои ин гурӯҳ, барои падид овардани сабки тоза дар мусиқии мудерни тоҷикӣ талош кардем. Мусалламан, мусиқии мудерн барои ҷомеъаи Тоҷикистон падидаи тозае набуд ва қабл аз мо ҳам гурӯҳҳои бисёре ба мусиқии ғарбӣ тамоюл доштанд  ва мусиқии мудерни тоҷикиро тадриҷан шакл медоданд.”

Гурӯҳи “Боло” дар Тоҷикистон матраҳ шуд ва чанд олбум мунташир кард. Ҷонибек даъвати гурӯҳи ҳунарии дигаре мавсум ба “Вазир”-ро пазируфт ва ба он мулҳақ шуд. Аммо акнун Ҷонибек тарҷеҳ медиҳад консертҳои худро танҳо бигзорад ва овозхоне мустақил бошад.

Ҷонибек пас аз баргузории яке аз нахустин консертҳои мустақиллаш гуфт: “Ман нахустин олбумамро ҳам ки танҳо номи ман рӯйи он навишта шуда, мунташир кардам.” Ҷонибек ин олбумро ҳосили заҳамоти зиёд ва ҳамхониву такхонӣ дар иҷрои ҳудуди 150 оҳанг медонад.

Бо гӯш додан ба шуморе аз оҳангҳои қадимӣ ва ҷадиди Ҷонибек метавон сайри такомулии ҳунари овозхонии ӯро мушоҳида кард, чун оҳангҳои ӯ якдаст нест ва дар воқеъ, баёнгари ҷустуҷӯҳои Ҷонибек барои пайдо кардани ҷойгоҳ ва сабку салиқаи худ аст.

Ҷонибеки Мурод дар расидани худ ба ин ҷойгоҳ нақши гурӯҳҳои ҳунарии “Боло” ва “Вазир”-ро нодида намегирад, аммо дигарон нақши Ҷӯрабеки Мурод – падари ӯро дар корномаи ҳунариаш барҷастатар медонанд.

Худи Ҷонибек ҳам дар ин маврид шакке надорад, аммо мегӯяд, тақозо ва зоиқаи ҳунарии ҷомеъа боъис шуда, ки ӯ дар густараи мусиқӣ роҳе дигареро баргузинад, ки аз роҳи падараш мутафовит аст.

Мусиқии попи тоҷикӣ ба таври физоянда ҷойгоҳи мусиқии суннатӣ ва мардумиро тангтар мекунад ва ҳунармандони ҷавон баночор худро савор бар ин мавҷи навин меёбанд. Ҷонибек мегӯяд, ки намехоҳад пайрави ғайрифаъъоли мавҷи навин бошад ва талош мекунад бо дар ҳам омехтани сабки ҳунарии падараш бо равияҳои тоза дар мусиқӣ, шеваи худвижаеро падид оварад.

Моҳирабону ба садои Ҷонибек
 


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.