Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ҳаштуми март
Ориё Муъминзода

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 08.03.2008 мунташир шуда буд

Агар ба баргузории ҷашни ҳаштуми март, рӯзи ҷаҳонии зан нигоҳе дақиқ биандозем, мебинем, ки ин маросим ба як ойини миллӣ табдил шудааст. Тақрибан ҳар навъ ҳизбу гурӯҳе имрӯз ба суфуфи баргузоркунандагони “рӯзи ҷаҳонии зан” пайвастааст. Созмони Милали Муттаҳид ҳаштуми мартро ба унвони рӯзи байнулмилалии зан ба расмият шинохтааст.

Муборизоти занони коргар барои эътои ҳаққи раъй ба занон, тавассути сусиёлистҳо роҳандозӣ шуда буд ва роҳпаймоиҳои эътирозии онҳо рӯзи бахусусе надошт. Аммо соли 1911 дар конфронси занони сусиёлист дар Купенҳог (Копенгаген) Клара Сеткини олмонӣ пешниҳод кард, ки як рӯз ба унвони рӯзи ҷаҳонии ҷунбиши занон баргузида шавад. Интихоб рӯи ҳаштуми март қарор гирифт.

Дар соли 1921 дувумин конфронси занони кумунист дар Маскав низ тасмим гирифт, ки рӯзи ҷаҳонии сол ҳамасола дар як торихи мушаххас ҷашн гирифта шавад.  Ва он ҷо ҳам ҳаштуми март ба унвони ин рӯзи вижа пазируфта шуд. Дарвоқеъ, ин рӯз солрӯзи тазоҳуроти занони коргари Петроград (Санкт-Петербург) буд, ки бо оғози ҷунбишҳои инқилобӣ мусодиф шуда буд.

Ҳамакнун дар даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз Кубову Комерун гирифта то Итолиёву Олбониву Мақдуния ва Ветному кишварҳои Шӯравии пешин рӯзи ҳаштуми март рӯзи таътили расмӣ аст.

Дар кишварҳое чун Тоҷикистон ин рӯз обу ранги сиёсиашро бохтааст ва бо фарҳанги мардум аҷин  шудааст. Ҳамштуми март дар Тоҷикистон омезае аз рӯзи модар ва рӯзи Волентин дар кишварҳои ғарбист.

Ин рӯз ба мардон баҳонае медиҳад, то меҳри худро ба занони атрофашон баён кунанд. Дар ин рӯз модарон аз якояки фарзандонашон ҳадя дарёфт мекунанд ва мардони ҷавон ба духтарони маҳбубашон дастагул ва туҳфа тақдим мекунанд ва занони мутааҳҳил (шавҳардор) низ аз шавҳарҳояшон ҳадя мегиранд.

Дар маҳофили хонаводагӣ мардҳо талош мекунанд умури хонадориро бакуллӣ ба дӯши худ бигиранд ва ба занон як рӯз осоиш бидиҳанд. Яъне вазоифи оростани суфра ва таҳияи ғизо тавассути мардони хонавода сурат мегирад.

Дар муассисоту корхонаҳо низ чанд рӯз қабл аз ҳаштуми март маросими вижа баргузор мешавад ва ба ҳама коргарон ва кормандони зан ҳадяҳое дода мешавад. Дар мадорис ва кӯдакистонҳо дар васфи зан ва модар шеърхонӣ мекунанд ва писарон ба духтарон бо корту гул ва коду (туҳфа) шодбош мегӯянд. Шабакаҳои родию ва телевизиюн ҳам барномаҳои вижаи занон пахш мекунанд.

Хулоса, ҳеч зане дар Тоҷикистон дар рӯзи ҳаштуми март бетаваҷҷуҳ намемонад ва шохаи гул ё ҳадяе аз наздикон ва бастагонаш дарёфт мекнад. Ҷолибтар аз ҳама ин аст, ки ҳар марди раҳгузари ноошное ҳам рӯзи зан ва модарро ба обирони зан шодбош мегӯяд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа шуморе аз устодону донишҷӯёни Тоҷикистон аз ҷашни ҳаштуми март дар ин кишвар мегӯянд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.