Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Оҳакпазони Хумдон
Парвиз Аминов

Барои ин русто дар ноҳияи Хуросон, дар саду чиҳил килуметрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон, ҳеч номе наметавонист бомусаммо (муносиб)-тар аз Хумдон бошад. Бо оғози фасли гармо дамои ҳаво дар ин деҳи маҳсур дар санглоху кўҳсор аз 40 дараҷаи сонтригрод ҳам таҷовуз мекунад ва русто шабеҳи як хумдон ё танӯри бузурги сафолпазиву хиштпазӣ мешавад, ки гармояш барои афроди тозаворид қобили таҳамул нест. Беҳтар аст онро ба як танўри бузурги оҳакпазӣ ташбеҳ кунем, чун Хумдон рустои оҳакпазон аст.

Бисёре аз мардони воҷиди шароити кори ин русто, ба монанди дигар бахшҳои Тоҷикистон, барои имрори маъош ғурбатро ихтиёр кардаанд. Ва ононе, ки боз мондаанд, ғолибан як шуғл бештар надоранд: оҳакпазӣ. Сангҳои сафеди перомуни ин русто, ки дар забони илмӣ онҳоро “уксиди калсиюми ҷомид” ва дар забони авом “санги оҳак” меноманд, тайи даҳсолаҳо асбоби маъишати сокинони онро фароҳам кардааст. Бад-ин гуна, оҳакпазӣ ба пешаи обоӣ, ё ба истилоҳи хумдониён “кори бобоӣ”-и онҳо табдил шудааст. 

Яке дигар аз далелҳои рўй овардани мардуми маҳаллӣ ба ин пеша носозгории шароити табиъии Хумдон бо кишту кор аст. Бар дашти доғи Хумдон, ки оби кофӣ надорад, гиёҳу сабзии муфиде намерўяд. Аммо ин замини боир (киштнопазир)-у бебори офтобсўхта ва кўҳҳои он то дилат мехоҳад, санги оҳак дорад.

Рустоиёни Хумдон, ки аз дер боз дар ҳирфаи оҳакпазӣ табаҳҳур доранд, се кураи бузурге сохтаанд, ки ҳар кадом аз 10 то 40 тун ғунҷоиш дорад. Танўрҳоро ба навбат доғ мекунанд ва се шабонарўз оташи онҳоро равшан нигаҳ медоранд ва ҳарорати онро танзим мекунанд, то санги сафед ба гарди оҳак табдил шавад. Умри танўрҳо ба сад сол мерасад ва қидматшон ҳокӣ аз пешинаи тўлонии оҳакпазӣ дар рустои Хумдон аст.

Маҳсули кори хумдониён на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Узбакистону Афғонистони ҳамсоя ҳам харидороне дорад. Аммо бозори оҳак акнун равнақи камтаре дорад ва дигар харидорон бо комюнҳо (мошинҳои борӣ)-и азими худ саф намебанданд, балки таку тук гоҳу гудоре (баъзан) пайдояшон мешавад.

Мизони истифода аз оҳак барои сафед кардани деворҳо ва пояҳои дарахтҳо, ки қаблан дар Тоҷикистон бисёр роиҷ буд, камтар шудааст. Бештар мардум тарҷеҳ медиҳанд девори сохтмонҳояшон гачи барҷаставу сангнамову оҷурнамо дошта бошад ва кишоварзон беш аз пеш аз ҳашаракушҳои шимиёӣ баҳра мегиранд, то оҳак. Аммо худи хумдониён камбуди харидор ва сардии бозорашонро аз паёмадҳои буҳрони молӣ медонанд ва умедворанд ба зудӣ дубора шоҳиди сарозер шудани сели муштариён бошанд.

Гузориши мусаввари ин сафҳа дар рустои Хумдони ноҳияи Хуросони Тоҷикистон таҳия шудааст.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.