Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Шоҳнома дар ҷанги равонӣ

Бо густариши расонаҳо абзори ҷанги равонӣ дар рўзгори кунунӣ бештар шуда ва давлатҳо дар бакоргирии онҳо барои ғалаба бар ҳариф камтар кўтоҳӣ мекунанд. Дар солҳои ҷанги ҷаҳонии дувум, ки муттафиқин ба саркардагии Инглистон, Шўравӣ ва Амрико аз сўе ва Олмону Итолиёву Жопун аз сўи дигар бо ҳам дар набард буданд, таблиғот ва ҷанги равонӣ дар авҷ буд. Родюҳо ба забонҳои гуногун дар фикри ҷалби назар ё таъсир бар миллатҳо буданд ва тарфандҳову шигирдҳои (найрангу шеваҳои) гуногун аз ҳар ду тарафи боби рўз буд. Чопи пустер (плакат), кортпустол ва китобу ҷузва (брошюр) ба забонҳои гуногун, аз ҷумла форсӣ ва арабӣ низ ривоҷ дошт.
 
Кишвархои Ховари Наздик ва манобеъи нафти онҳо барои ҳар ду тараф ҳаётӣ буданд. Ирони ишғолшуда, ба хотири мавқеъияти суқолҷиаш ва нафташ, пули пирўзии тавсиф шуда буд.
 
 
Ба навиштаи Ҳерберт Фридман дар мақолае дар бораи таблиғот дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, дар соли 1942, ки Русия зери фишори Олмон буд ва гумон мерафт аз Олмон шикаст бихурад, нигаронии муттафиқин боло гирифт. Дар канори таблиғоти ҷангии мустақим алайҳи давлати Олмон дар миёни миллати Олмон ва милали дигар, дастгоҳи таблиғоти ҷангӣ ва ҷанги равонӣ дар Инглистон эрониёнро ба душманӣ бо Олмону Жопун ва Итолиё ташвиқ мекард. Зеро муттафиқин нигарон буданд, ки агар олмониҳо дар Русия пирўз шаванд, аз роҳи Қафқоз вориди Эрон хоҳанд шуд ва ба тарафи манобеъи нафтии Эрон дар ҷануб ҳаракат хоҳанд кард.
 
Таҳрики элоту ашоир (қабилаҳо)-и эронӣ, ки дар масири ҳаракати Олмон ба самти ҷануб буданд, муҳим дониста шуда буд ва маъмурони муттаҳидон барои эҷоди рўҳияи зиддиолмонӣ ба кор уфтоданд ва маъмуронеро ба даруни қабоилу ашоир ва шаҳрҳо фиристоданд. Дар ин бурҳа буд, ки баҳра гирифтан аз намодҳо ва нишонаҳои миллии Эрон мавриди тавваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар ин ҷо буд, ки ба фикри таҳйиҷи рўҳияи ҳамосӣ ва истифода аз шеър уфтоданд, ки дар миёни эрониён маҳбубият дорад.
 
Ортур Орберӣ, эроншиноси маъруфи инглисӣ ва устоди донишгоҳи Кембриҷ, ки дар ториху адабиёти Эрон тахассус дошт, дар ин солҳо сардабири маҷаллае буд ба номи “Рўзгори нав”, ки дар Лондон мунташир мешуд. Ў узви кумитае ҳам буд, ки дар масоили Ховари Миёна ба давлати Инглис машварат медод.
 
Муҷтабо Минавӣ, адиб ва донишманди шоҳномашиноси эронӣ, дар бахши форсии Би-Би-Си ба кор машғул буд. Орберӣ дар январи соли 1942 бо Минавӣ тамос гирифт ва аз ў назар хост. Минавӣ дар посух гуфта буд, ба ҷои шеъри шоъирони ҷадид беҳтар ҳамон аст, ки аз Шоҳнома истифода шавад ва аз минётюре, ки дар онҳо метавон Ҳитлерро ба шакли Заҳҳок даровард ва Муссулинӣ ва импротури Жопунро ҳамчун морҳое, ки аз дўши ў берун омада бошанд. Минавӣ шеърҳоеро низ пешниҳод кард, ки дар ҳошияи минётюрҳо навишта шавад:
 
Камонро бимолид Рустам ба ҷанг,
Биғуррид монанди ғуррон паланг.
Пас он гаҳ ба банди камар бурд чанг,
Гузин кард як чўба тири хаданг.
Хаданге баровард пайкон чу об,
Ниҳода бар ў чор парри уқоб.
Чу пайкон бибўсид ангушти ў,
Гузар кард аз муҳраи пушти ў.
Чу зад тир бар синаи Ашкбўс,
Фалак он замон дасти ў дод бўс.
Фазо гуфт гиру қадр гуфт деҳ,
Малик гуфт аҳсан, фалак гуфт зеҳ.

***
Хурўшиду зад даст бар сар зи шоҳ,
Ки шоҳо, манам Коваи додхоҳ.
Ситамро миёну карона бувад,
Ҳамедун ситамро баҳона буд.

***
Ба банде бибасташ ду дасту миён,
Ки нагшояд он банд пили жаён.
 
***
Абар китфи Заҳҳоки ҷоду ду мор,
Бирусту баромад зи мардум димор.

***
Чунон дид к-аз кохи шоҳаншаҳон,
Се ҷангӣ падид омадӣ ногаҳон.
 
Пас аз ин машварат, ин пустер (плакат)-ҳо бар асоси минётюрҳое аз Шоҳнома таҳия шуд.
 
Касе, ки ин пустерҳоро  кашидааст, Кеймун Овон Марангу ё Кем ном дорад, ки дар замони ҷанг барои таблиғот ва иттилоъоти давлати Инглистон кор мекард ва тасвиргари чанд ҳазор кортпустол ва пустер аст.  Ў чандин китоби мусаввар ҳам тадвин кард, ки бархе аз онҳо ба форсӣ ва арабӣ ҳам тарҷума шуд.
 
Ин пустерҳо ҳамзамон бо кунфронси Теҳрон  бо ширкати Черчиллу Столин ва Рузвелт дар соли 1943 дар як маҷмўъа мунташир шуд, ки дар он ин се пирўзманд ва душманонашон шикастхурда тасвир шудаанд.
 
Дар гузориши тасвирии ин сафҳа Антуни Винн, пажўҳишгар ва нависандаи зиндагиномаи сер Перси Сойкс, ки тавваҷҷўҳи моро ба ин пустерҳо ҷалб кард, дар бораи ин пустерҳо тавзеҳ медиҳад.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.