Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Нӯшобаи ҷаҳонгир
Руъё Яъқубиён

Дар ҳаштуми моҳи маи 1886 мелодӣ, замоне, ки соҳиби дорухонаи “Яъқуб” воқеъ дар Отлонтои Омрико аввалин шиша аз маъҷун (омеза)-е тақвиятӣ ва ғайриалкулиро фурӯхт, ҳеч гумон намебурд, ки баъдҳо ин маҳсули гумном ба яке аз пурфурӯштарин маҳсулоти тиҷории ҷаҳон табдил ва намод (символ)-и асри сармоядорӣ ва кишвари Иёлоти Муттаҳидаи Омрико шавад. Ин шарбати муқаввӣ, ки баъдҳо “Куко-Куло” (Coca Cola) лақаб гирифт, дар оғоз чизе ҷуз таркибе аз шираи кукоин ва усора (афшура)-и кофеин набуд, ки тавассути Ҷон Пембертун (John Pemberton), дорусози омрикоӣ, ибдоъ шуда буд ва масрафе маҳдуду дармонӣ дошт.

Баъдҳо Осо Григз Кандлер (Asa Griggs Candler) онро ба унвони як нӯшидании ғайриалкулии сабук ба дунё муъаррифӣ кард ва сиёсатҳои бозаргониаш онро ба унвони нӯшидании шумораи яки қарни бистум шуҳраи хоссу ом кард. Дар ин ҳангом “Куко-Куло” тавассути шуъбаи ин ширкат дар Ҷурҷиёи Отлонто дар Иёлоти Муттаҳида фурмулбандӣ шуда, ба тавлиди анбӯҳ расида ва ҳамагир шуда буд.

“Куко-Куло” дар 125 сол ҳаёти худ авҷу фурудҳое низ дошт; аз замоне ки ба унвони намоде аз кишвари Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва сармоядории ҷаҳонӣ матраҳ шуд, то вақте ки дар маърази иттиҳоми тавлиди нӯшидании мухаддиру музир (зиёновар) барои саломат ва низ ҳимоят аз сармоядорҳо қарор гирифт ва тавассути шахсиятҳои илмӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ таҳрим шуд. Аз тарафи дигар, бо истиқболи чашмгири мардум нисбат ба ин коло рақибҳои машҳуру ҷиддии дигаре дар саросари дунё вориди майдон шуданд.

Рақиби аслии “Куко-Куло” маҳсуле ба номи Пепсӣ-Куло (Pepsi Cola) буд, ки боз ҳам тавассути як дорусози ҷавон ба номи Калеб Бродҳам (Caleb Bradham) ва ба қасди дармони дарди меъда ибдоъ шуд. Ин шарбати карбуҳидротӣ (карбогидратӣ)-и гоздор дар соли 1898 мелодӣ дар Корулинои Омрико ибдоъ шуд ва шояд ба хотири эҷоди ин шубҳа, ки дорои энзим пепсин (enzyme pepsin)-и меъда аст, номи “Пепсӣ”-ро ба худ гирифт. Амалан 16 жуан (июн)-и 1903, яъне замони ташкили ширкати “Пепсӣ-Куло”-ро метавон нуқтаи вуруди ин рақиби аслии “Куко-Куло” ба майдон донист.

Пас аз он рақибҳои рангоранги дигаре ҳамчун Севен Оп (7 Up), Конодо Дрой (Canada Dry) ва дар чанд даҳаи ахир мушобеҳҳои исломӣ ва ҳамчунин эронии он чун “Меко-Куло” (Mecca Cola), “Замзам-куло” ва “Порсӣ-куло” низ барои танаввуъ дар бозори гушудашудаи ин коло ва ҷилавгирӣ аз инҳисори он тавассути ширкатҳои омрикоӣ сар барафроштанд.

Алорағми инҳо “Куко-Куло” ҳамакнун монанди ҳамаи он чизҳое, ки хоста ё нохоста намоди онҳо қарор гирифт, тафаввуқ (чирагӣ)-и худро бар рақибони суннатӣ ва ҷадиди худ ҳифз кардааст. Ин маҳсул батадриҷ ва бо сиёсатҳои бозоргушоёнаи мудерн ба аксари нуқоти дунё роҳ ёфт. Морки тиҷории “Coca”, ки дар 27 морс (март)-и 1944 мелодӣ ба сабт расид, дар ин солҳо ба шинохтатарин морки бозаргонии дунё табдил шуд ва калимаи “Coke” (номи кӯтоҳшудаи “Куко-Куло”) пас аз вожаи “ОК” ошнотарин калимаи инглисӣ дар ҷаҳон аст.

Афзун бар ин, “Куко-Куло” дар ним садаи гузашта ба унвони як шаҳди ҷодуӣ ва ё заҳри мухаддир ва одатзо нӯшидании роиҷи тамоми дунё будааст. Аз раисиҷумҳурии Омрико гирифта, то муборизони зиддиомрикоии кишварҳои Омрикои Лотин (Чун Эрнесту Чегуоро) ва то кӯдакони гуруснаи офриқоӣ ва ҳатто уламои мусалмон камтар касе ҳаст, ки дар тӯли умраш таъми онро хоста ё нохоста, ошкор ё пинҳон начашида бошад ва ё дар дил ҳаваси нӯшидани онро накарда бошад. Аз ин лиҳоз “Куко-Куло” соҳиби хонаводае бисёр бузург аз тайф (қишрҳо)-и васеъу гуногуни масрафкунандагони худ аст; масрафкунандагоне аз ҳамаи рангҳо, нажодҳо ва боварҳо.

Таваллуди “Куко-Куло” ба замони авҷгирии низоми санъатӣ ва сохтори сармоядорӣ дар ҷаҳон ва бавижа Иёлоти Муттаҳидаи Омрико боз мегардад ва дар идома сарнавишти он ба гунае бо ин низом омехта шуд ва бахше аз шуҳрату ҳамагир шудани он низ мадюни шеваҳои созукори он аст; шевае, ки мубтанӣ бар тавлиди анбӯҳ, таблиғот, фурӯш ва суддеҳии мутақобил аст. Аз онҷое, ки давом ва судоварии чархаи маҳсул муҳимтарин асл дар ин низом ба шумор меояд, холиқону мубаллиғони “Куко-Куло” бавежа пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бо ҷодуи таблиғ нӯшобаи сабуки гоздорро ба унвони бахши ҷудонашуданӣ аз ваъдаҳои ғизоии табақаи мутавассити мардуми Омрико дароварданд ва фарҳангҳои дигар ва ҳамин тавр мардуми ҷаҳони севум низ аз ин қоъида пайравӣ карданд ва ин шуд, ки баъзеҳо дар масрафи ин коло ба унвони як шаҳди шикампуркун аз омрикоиҳо пешӣ гирифтанд.

“Куко-Куло” бидуни шак ба унвони фарзанди дилбанди низоми сармоядорӣ пештози мавзӯъот ва тарфандҳои таблиғотии бадеъу бешумор дар муддате фаротар аз як қарн дар ҷаҳон будааст. Аз ибтидо бо тарроҳии аввалин лугу (нишон)-и дастнависи таблиғотӣ тавассути Фронк Робинсун, китобдори Ҷон Пембертун ва дар идома бо тарроҳии купунҳои ҷоиза ва сипас боз бо тарроҳии чашмнавоз ва занонаи шишаҳояш, ки ҳам занонро хуш меомад ва ҳам мардонро, нохудогоҳ ба ёди колбудҳои занона меандохт ва ҷазб мекард, ҳамвора пештози ин рақобат буд. Ҷунбиши ҳунарии “поп-орт” (pop-art) дар даҳаи 1960 мелодиро наметавон бидуни тасвирҳои худрав (мошин)-ҳои омрикоии он даҳа, тасвири занони блунд ва шишаҳои “Куко-Куло” ба пеши чашм овард.

Пас аз истиқболи умумӣ аз “Куко-Куло” дар Омрико аз он ҳамчун василае барои фатҳи бозорҳои дунё истифода шуд. “Куко-Куло” пас аз он бидуни шак беш аз як шаҳди гоздор нақш ифо мекард. Умри як маҳсул дар бозори ҷаҳон зиёд нест, вале алорағми гузашти беш аз як қарн “Куко-Куло” ҳанӯз ҳам дар дунё харидорҳои бешумор ва тарафдорони парупоқурси худро дорад.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа аз шуморе аз обирони хиёбонҳои Ландан хостем, ки “Куко-Куло”-ро дар як иборат таъриф кунанд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.