Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Донаҳои биҳиштӣ
Набии Баҳромӣ

Вориди кӯчабоғҳои Тафт дар наздикии шаҳри Язди Эрон мешавам. Шохаҳои пурбарубори анор аз деворҳои коҳгилӣ овезон шудаанд. Канори ҷӯи обе, ки вориди боғ мешавад, менишинам ва ба садои боғбонҳо гӯш медиҳам. Имрӯз аз канори ҳар боғе, ки гузаштам, садои чанд нафар меомад, ки машғули бардошти маҳсули боғашон буданд. Садои булбулҳое ҳам, ки худро ба зиёфати анорҳои таракхурда (кафида) меҳмон карда буданд, дар боғҳо ғавғое бапо карда буд.

Анореро бармедорам, то бихурам; мазаи майхушу малас (туршу ширин)-е медиҳад. Бо худам мегӯям: бероҳ набуда, ки халифаҳои аббосӣ волии шаҳрҳоеро, ки анор доштанд, муваззаф карда буданд, ки ба ҳамроҳи хироҷу молиёт миқдоре анор ҳам ба дарбор бифиристанд.

Шаҳрҳои бисёре дар Эрон ва Шарқ ба доштани анорҳои хуб машҳуранд. Қандаҳор, Сова, Қум, Баҷистони Хуросон, Фини Кошон, ки дар ин миён анори бедонаи Сурхаи Симнон ва анори сиёҳдонаи Сова низ шуҳрат ёфтаанд.

Садо
Шеъри "Таронаи шарқӣ"-и Ф.Г. Лурко дар васфи анор бо садои Аҳмади Шомлу
Тафт ҳамонанди бисёре аз шаҳрҳои ҳошияи кавир аст, ки тақрибан ҳамаи боғҳояш пӯшида аз анор аст. Тафт дар 22-килуметрии Язд дар миёни ду кӯҳ бино шудааст ва аксари мардумаш ба кишоварзӣ машғуланд. Ҷоддае, ки аз Тафт убур мекунад, таврест, ки аз болои он мегузарӣ ва тамоми Тафтро якҷо мебинӣ. Мебинӣ, ки то чашм кор мекунад, анор аст ва боғҳое пур аз меваи ҳаётбахш.

Дабистон, ки будам, сари роҳи баргашт ба хона саре пеши модарбузург мерафтам. Канорам менишаст ва ҳамеша хуроке бароям меовард. Гоҳе аноре бароям меовард ва вақте мехурдамаш, бодиққат нигоҳам мекард. Ҳамеша мегуфт: “Яке аз он донаҳое, ки дорӣ мехурӣ, биҳиштӣ аст. Мувозиб бош рӯи замин науфтад, агар онро бихурӣ, мерӣ биҳишт.” Ва ман ҳам бодиққаттар мехурдам ва баъдаш мегуфт: “Бароям шеър бихон.” Ва шеъри

Сад дона ёқут даста ба даста,
Бо назму тартиб якҷо нишаста

-ро барояш мехондам.

Бузургтар ки шудам, модарбузург набуд, аммо он ҳарфаш ҳамеша ҳамроҳам монд ва анорро бодиққат мехурдам. Баъдҳо дар китобе хондам:

“Сарсабзӣ ва ҳифзи сарзиндагӣ ва ҷовидонагии дарахти анор ба ин рустанӣ дар пиндошти бештари мардуми ҷаҳон тақаддус бахшидааст ва онро модари замину заҳдони табиъат ва мазҳаре аз фаровонию ҷовидонагӣ пиндоштаанд. Пурдонагии меваи онро ҳам намоди баракату борварӣ ба шумор овардаанд. Аз ин рӯ дарахти анор ва меваву шохаҳои он дар устураҳои бештари ақвоми ҷаҳон ва динҳои илоҳӣ муқаддас шумурда шудаанд.”

Торихи ошноии эрониён бо дарахтчаи анор ва шеваи аҳлию бӯстонӣ кардан ва павардариши он дар Эрон дақиқан равшан нест.  Плуторк (Плутарх) аз як эронӣ ёд мекунад, ки бо додани аноре бисёр бузург ба Ардашери Аввал ӯро аз парвариши чунин мевае шигифтзада карда буд. Гуфтаи Плуторк нишон медиҳад, ки мардуми Эрон дар давраи Ҳахоманишӣ дар парвариши анори бӯстонӣ маҳорату варзидагӣ доштаанд. Ва ин ки Ҷовидонон ё Горди Ҷовидон – сарбозони баргузидаи Эрони Бостон найзаҳое ба шакли анор доштаанд, гувоҳи аҳамият ва тақаддуси ин мева аст. Чунон ки Иброҳими Пурдовуд дар мақолае навиштааст: “Бино бар асотири юнонӣ, Офрудите (Афродита) – раббуннавъи ишқ дарахти анорро ба дасти худ дар ҷазираи Қибрис кошт.”

Анор дар дини маздаясно аз дарахтони минуӣ ва аз аносири муқаддасу хуҷаста ба шумор меравад ва зартуштиён шохаву меваи онро дар ойинҳои динии худ ба кор мебаранд. Барсаме, ки зартуштиён дар ойини ибодӣ ба даст мегиранд, бино бар матнҳои мутааххири зартуштӣ, аз тарка (навда)-ҳои дарахтони анорест, ки маъмулан дар оташкадаҳо мекоштанд ва эрониёни бостон бо сӯзондани шохаҳои “ҳазонепото” (дарахти анор) ва парокандани дуди чӯбҳои сӯхтаи ин гиёҳ дар фазо девҳои пинҳонеро аз хонавукошона меронданд ва фазои зистро пок месохтанд. Ва Кулайнӣ, муаллифи китоби “Кофӣ”, менависад, ки мусалмонон дуди шохаҳои сӯхтаи дарахти анорро рамонандаи ҳашароту газандагон ва нигаҳ доштани шохаи анорро гурезонандаи мору каждум аз хона ва хурдани анорро рамонандаи шайтон аз дили муъмин ва василаи дур кардани васвасаи шайтонӣ аз ӯ донистаанд.

Барои табибон низ анор меваест шигифтифарин ва бузургоне чун Ибни Сино, Алӣ ибни Аббоси Аҳвозӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Абумансури Ҳиравӣ дар таълифоти худ дар бораи ин гиёҳ ва хавос (вежагиҳо)-и доруию дармонии аҷзоу меваи он ва шеваи корбурди он навиштае машрӯҳ доранд.

Анор дар адабиёт ҳам ҷои худро боз кардааст. Фирдавсӣ дар шеърҳояш лаби зеборӯёнро ба “нордон” ва Унсурӣ гунаҳои ёрро ба “нори шукуфта” ва Анварӣ дили пур аз дарду андӯҳро ба “анори пора” ташбеҳ кардаанд.

Дар мусиқию таронаҳо низ дар адабиёти омма ва фулклур ҳам ҳама шунидаем, ки чеҳраи шамрсору барафрӯхта ва гуландохтаро ба “анор” ва “гули анор” ташбеҳ карда мегӯянд: “Сураташ мисли анор сурх шуд”. Ё масалан, дар мавриди касе, ки аз шунидани хабаре ё воқеъае ногаҳон ба гиря меуфтад, мегӯянд: “Мисли анор таркиду ба гиря уфтод”. Барои Суҳроби Сипеҳрӣ низ анор нақши муҳимме дар шеъру наққошиаш дошт. Наққошиҳои ӯ аз анор бисёр арзишманд аст ва худаш аз иштиёқ ба анор чунин мегӯяд:

То аноре тараке бармедошт,
Даст фаввораи хоҳиш мешуд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.