Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Хотирае аз ишқи китобхонӣ
Дориюши Раҷабиён

Ишқи модарам ба китобхонӣ мояи таъаҷҷуби мо фарзандонаш набуд, чун ба он хӯ гирифта будем. Бо он ки кулли таҳсилоти вай ҳафт сол омӯзиш дар як мадрасаи столинии рустоӣ дар Тоҷикистон буд, дар хилоли дӯхтану пӯхтан, ҷорӯ задану шустан, китобе ҳам дами даст дошт, ки равзанаеро ба ҷаҳоне фарохтар ба рӯи ӯ боз мекард.

Гардиши китобҳо аз қафаса ба ошпазхона ва мошини дӯзандагӣ ва аз он ҷо дубора ба қафаса хеле сареъ буд ва ба ҳамон суръат китобҳо сайри тозаеро даст ба дасти мо, фарзандони модарам, мепаймуд.

Аз “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ, “Одина”-и Садриддин Айнӣ ва “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода гирифта то “Оливер Твист”-и Чорлз Диккенз, “Ҷиноят ва мукофот”-и Достоевский ва “Се туфангдор”-и Александр Дюма ҳама ва ҳама баъд аз муддате нақли нишастҳои шоми мо буд ва қаҳрамонҳои онҳо дар зимни гуфтугӯҳои мо умре дубора меёфтанд.

Ин ҳолат мунҳасир ба хонаводаи мо набуд. Маҳфили мо густардатар мешуд ва бо хонаводаҳои дигар ҳам ба ихтилоти адабӣ мепардохтем ва бо ҳам китоб радду бадал мекардем.

...Замон гузашт ва замона дигар шуд. Акнун ин гуфтугузорҳо, агар ба торих напайваста бошад, дигар бисёр нодир аст. То боди таҳаввулоти бунафкан вазидан гирифт, аз манзалати пешини китоб сояе беш намонд.

Замоне қафасаҳои китобфурӯшиҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон зери бори китоб хам хурда буд ва ҳоло зери ғубор хам хурдааст. Дар бузургтарин китобфурӯшии шаҳр дар хиёбони Ленин (Рӯдакии феълӣ), ки замоне меъодгоҳи ушшоқи китоб буд, акнун ширкатҳои тиҷории хурду калони бисёре басот паҳн кардаанд.

Китобхонаи Фирдавсӣ, ки замоне ба бойгонии хиракунанда ва теъдоди зиёди аъзояш менозид, акнун дастнигари созмонҳоест, ки дар толорҳои бузурги он барномае бигзоранд ва пуле бипардозанд, то умури он ҳамчунон бичархад. Толорҳои он ки рӯзгоре пур аз хонанда буд, акнун танҳо дар давраи имтиҳонот боздидкунандае чанд мебинад.

Дигар тақрибан наметавон касеро дар утубус дид, ки китоб бихонад. Дастҳо гирифтори ҳамли бор ва мояҳтоҷи рӯзгор аст ва дигар зарфияти ҳамли як китобро надорад.

Зеҳнҳо ҳам гирифтори машғалаҳои дигар аст ва пазирои китобе нест. Ва агар битавон ба наҳве дар ин зеҳнҳо китоберо гунҷонид, он китоб куҷост?

Шуморе аз ҳамон нависандагони хуб, ки китобҳои хуберо барои мо фароҳам мекарданд, ҳанӯз дар қайди ҳаёт ҳастанд, аммо муҳиту шароити зиндагии онҳо ҳам ба монанди рӯзгори хонандагонаш тағйир карда ва дасташон ба қалам намеравад. Ва агар ҳам биравад, он дурри каломи пешинро намерезад.

Ғолибан иллати ин ворунагӣ бесарусомонии иқтисодӣ дар паи панҷ соли ҷанги дохилии Тоҷикистон унвон мешавад. Аз поёни он ҷанг инак ҳудуди даҳ сол мегузарад, аммо мояи нигаронӣ ҳамчунон боқист, ки мурғи илҳоми нависандагон ва мурғи иштиёқи хонандагон дар Тоҷикистон куҷо пар кашидааст?

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 09.05.2007 мунташир шуда буд


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.