Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Мондагории Монӣ
Судобаи Муҷовирӣ

Монӣ, паёмовар ва поягузори ойини навини ганусӣ (ирфонӣ), дар соли 526 селевкӣ-бобилӣ баробар бо 216 мелодӣ дар ҷануби шарқии Тисфун чашм ба ҷаҳон гушуд. Монӣ дар матнҳои гуногун худро “пизишке аз Бобилзамин” муъаррифӣ мекунад. Бо ин ҳол, ӯ асли бобилӣ надорад, зеро аз падару модари эронӣ аз насли шаҳзодагони Ашконӣ ба дунё омад. Падар, ки аҳли Ҳамадон буд, ба Бобил – маркази талоқӣ (бархурд)-и динҳо ва боварҳои гуногун рафта ва дар Тисфун, аз пойтахтҳои импротурии Ашконӣ, иқомат гузид ва он гоҳ ки модари Монӣ бордор шуда буд, ба яке аз гурӯҳҳои таъмидии масеҳӣ, ки дар он рӯзгор дар Байнаннаҳрайн бисёр роиҷ буд, гаравид.

Монӣ, ки ба гуфтаи Ибни Надим (нависандаи “Ал-феҳрест”), нуқси узве модарзод дар ноҳияи по дошт, аз чаҳорсолагӣ ба хости падар ба ин гурӯҳи таъмидӣ ворид шуд ва дур аз модар ва дар муҳите хушку мазҳабӣ рушд кард. Бино бар навиштаҳои Ибни Надим ва Абӯрайҳони Берунӣ, Монӣ дар 12-солагӣ ва 24-солагӣ ба таҷаллӣ ё “илҳом” даст ёфт ва пас аз ошкорсозии паёмоварии хеш роҳии сафаре таблиғӣ ба сӯи Шарқ шуд (240-242 м.). Монӣ ба ёрии Пирӯз ва Меҳршоҳ, бародарони Шопур, ки ҳар дуи онҳо пештар ба кеши ӯ гаравида буданд, ба дарбори Сосонӣ роҳ ёфт ва дар соли 242-243 м. бо Шопур мулоқот кард. Шоҳ тамомии дархостҳои паёмбари ҷавонро пазируфт ва иҷозаи таблиғ дар саросари импротуриро барои ӯ содир кард ва дар тӯли сӣ соли салтанат ҳамвора пуштибони ӯ боқӣ монд.

Инчунин буд, ки Монӣ сафарҳои таблиғии тӯлонии худро оғоз кард ва паёми ӯ то Осиёи Миёна, Чин, ҷазираи Болкон ва Миср густариш ёфт.

Ойини Монӣ, ки башиддат аз динҳои маздаяснӣ (зартуштӣ), масеҳӣ ва буддоӣ таъсир пазируфта буд, мекӯшид аз роҳи риёзату рӯзадорӣ ва ҳунари наққошӣ пайравонашро ба мартабаи инсони комил бирасонад. Ин ойин, ки андешаи набарди торикӣ ва равшаноӣ ё некӣ ва бадиро аз масдаясно ба вом бурда буд, равонро баромада аз равшаноӣ ва пайкарро мутаъаллиқ ба торикӣ медонист ва талош мекард бо озори пайкар (торикӣ) ба хушнудии равон (равшаноӣ) бирасад.

Монӣ, ки наққоше чирадаст ҳам буд, барои ишоъа (густариш)-и омӯзаҳои динии худ ба нигоргарӣ даст зад. Аз ҳамин рӯ мактаби наққошии монавӣ, ки аз муъҷизоти Монӣ ба шумор меомад, ҳамчун ҳунаре муқаддас қарнҳо тавассути монавиён дар саросари ҷуғрофиёи бостон, бавижа дар Осиёи Миёна ва импротурии Уйғур, маҳфуз монда ишоъа ёфт.

Монӣ дар даврони кӯтоҳи подшоҳии Ҳурмузд ба Бобил рафт ва то замони тоҷгузории Баҳроми Якум (274 м.) дар онҷо монд ва он гоҳ, гӯӣ замони марги худро эҳсос карда бошад, охирин сафари зиндагии худро оғоз кард, то пеш аз марг бо иҷтимоъоти монавӣ видоъ кунад ва аз онҷо ба сӯи Шарқ раҳсипор шавад. Лекин тибқи дастуре аз рафтан манъ шуда, ба Гундишопур фаро хонда шуд. Муғҳо ба саркардагии Картир бо ин иттиҳом, ки “Монӣ дар мухолифат бо қонун ва эътиқодоти мазҳаби расмӣ таълим медиҳад” (он чи дар авохири даврони Сосонӣ тавҳин ба Худо талаққӣ мешуд ва муҷозоти марг дошт), алайҳи ӯ эъломи ҷурм карданд. Баҳроми Якум дар мулоқоте нохушоянд худ Мониро муҳокима кард. Пирмарди шастсолаи ранҷуру фартут аз риёзатҳо ва рӯзадориҳоро ба занҷирҳои гарон (ба вазни тақрибии 25 килу) бастанд, бо лагоме ба гарданаш, ва занҷирҳоро бамурур тангтар карданд. Монӣ ба сиёҳчол (зиндони зеризаминӣ) уфтод ва ҳаргиз аз онҷо хориҷ нашуд ва пас аз 26 рӯз ранҷи тавонфарсо дар рӯзи душанбе, чаҳоруми озори бобилӣ, мутобиқ бо 26 феврие (феврал)-и 277 мелодӣ, ҷон супурд.

Бар асоси манобеъи монавӣ, пайкари Мониро пора-пора карданд. Сар аз бадани ӯ ҷудо карда, бар фарози дарвозаи шаҳр ба мех овехтанд. Пӯст аз баданаш барканданд ва пайкарашро мамлув аз коҳ карданд ва колбуди дупораи ӯ бар дарвозаи шаҳр ба салиб рафт; дарвозае, ки ба гуфтаи Берунӣ, то замони ӯ (садаи 11 мелодӣ) ҳанӯз ба номи “дарвозаи Монӣ” шинохта мешудааст.

Аз он пас додгоҳи тафтиши ақоид бисёре инсону китоб ва асари ҳунариро сӯзонд ва қатлу шиканҷа бедод кард. Лекин монавият ба сурате мустақил ва ё дар ҳайъати фирқаҳои гуногун то садаи 12 мелодӣ дар Осиёи Миёна, Чин, дар даврони ҳукуматҳои исломӣ ва дар Урупои масеҳӣ идома ёфт ва ҳунари монавӣ низ ба обишхуре барои суннатҳои наққошӣ, хушнависӣ, тазҳиб (зарнигорӣ) ва таҷлид (ҷилдсозӣ) дар саросари торихи ҳунари Эрон, ҳунари исломӣ ва ҳунари масеҳии Бизонс (Византия) мубаддал шуд.

*Судобаи Муҷовирӣ, зодаи Теҳрон, ҳунарпажӯҳ ва мустанадсоз, ки чандин филм сохта, аз ҷумла “Нигораҳои монавӣ ва Ҷоддаи Абрешим”. Гузориши мусаввари ин сафҳа (сохтаи Шуко Саҳроӣ) дар бораи филми мустанади ӯ аз Монӣ ва омӯзаҳояш аст.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.