Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Cуруди зиндагии Шаҳноз

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 20.12.2006 мунташир шуда буд

Шаҳноз дар соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи аҳли фарҳангу илм мутаваллид шуд. Дар соли 2004 риштаи адабиёти форсиро дар Донишгоҳи Теҳрон хатм намуд. Ҳамакнун мудири масъули маҷаллаи адабӣ ва илмии Хуҷанд аст. Аз соли 1998 узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар соли 2001 ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистонро бурд.
 
Аз Шаҳноз ду маҷмӯъаи шеърӣ ба чоп расидааст:

Мелоди орзу, 1998
Фосилаи дастҳо, 2001
 
Бо ман қарор бигзор
 
Бо ман қарор бигзор дар остони ғурбат
Бо ман қарор бигзор қабл аз қарори турбат
 
Наврӯзи мо чу тай шуд, даврони фасли дай шуд
Кай омад ишқ, кай шуд дар интизори қурбат?
 
Бигзор пои соъат бе мо равад пасу пеш
Бо ман қарор бигзор бо соъати дили хеш
 
Ҳатто барои як бор бо ман қарор бигзор
То мумкин аст дидор, то ҳаст фурсате беш
 
Бо ман қарор бигзор, бо ман қарор бигзор
Андар сароби рӯъё ё пилки чашми бедор
 
Аз баъди бисту як қарн умре, ки бе ту шуд хор
Дар ин нафас ки ҳатто танҳоиям нашуд ёр!
 
Бар қасди даҳри ғаддор, бо ман қарор бигзор
 

Савганд бар ишқе
 
Бигзор аз хомушият ово бигирам
Чун оҳ дар буғзи гулӯят ҷо бигирам
 
Овоз деҳ, то ҳамчу Юнус моҳиёнро
Дар рӯдҳо бигзораму дарё бигирам
 
Ҳарчанд дур аз ту суоле беҷавобам,
Ҳар бор аз як буданат маъно бигирам
 
Эй кош, чун нинии ашк орамида
Дар гоҳвори дидаат маъво бигирам
 
Магзор ҳукми сарнавишти бебадалро
Ин бор бе чуну чаро эҳдо бигирам
 
Савганд ба ишқе ки Одамро биомӯхт
Ин ҷурмро аз гардани Ҳавво бигирам
 
 
Биё, ки умри манӣ
 
Агар вуҷуди туро иттифоқу бас гирам
Чи гуна ҳарфи диламро зи хеш пас бигирам?
 
Бидеҳ замонати хотир, ки айни рӯъёӣ
Ки пушти айнаки обӣ суроғи кас гирам
 
Қасам ба барқи нигоҳат, ки кард иршодам
Қасоси ишқ аз ин пири булҳавас гирам
 
Туро, ки болу парамро рабудаӣ, хайр аст
Ки гӯшае зи дилат ҷо чу дар қафас гирам
 
Дилам ҳавои туро карду ман надонистам
Биё, ки умри маниву туро нафас гирам


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.