Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Сорбони овози тоҷик
Аҳмадшоҳи Комилзода

ҶадидОнлойн: Зафар Нозим, устоди барҷастаи мусиқии мардумии Тоҷикистон, рӯзи сешанбе, 3 ут (август)- соли 2010 дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Душанбе рух дар ниқоби хок кашид. Гузориши зер, ки бори нахуст рӯзи 24 септомбри соли 2009 мунташир шуда буд, ба ин муносибат дубора нашр мешавад.

 

Овози Зафар Нозим бо гузашти панҷоҳ сол аз оғози кори ҳунариаш ҳамчунон дар коху кошонаҳои тоҷикон танинандоз аст. Зафар Нозим ба хотири садои баму қудратмандаш дар маҳофили матбуъотӣ ба “Павароттии тоҷик” мулаққаб шудааст. Овози пурғулғулаи ў ахиран Кохи Борбади шаҳри Душанберо, ки муҳимтарин маҳалли баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон аст, фаро гирифта буд:

Ҳар ҷо ки кунам хона, ҳамхона туро ёбам,
Ҳаргиз наравам ҷое, он ҷо на туро ёбам.

Садҳо тан гирди ҳам омада буданд, то бо ҳузури устод ҳафтодумин солрўзи таваллуд ва панҷоҳумин солгарди оғози ҳунари ҳирфаиашро ҷашн бигиранд.

Зафар Нозим аз ҳунармандони мусиқии асили тоҷик аст, ки решаҳои он дар мусиқии суннатии эронӣ побарҷост. Вай дар синни ҳаждаҳсолагӣ вориди арсаи ҳунар шуд ва тайи муддате кўтоҳ ҳанҷараи қудратманд ва шеваи хосси овозхониаш номи ўро сари забонҳо нишонд.

Зафар Нозим соли 1961 мелодӣ барои нахустин бор бо як сафари ҳунарӣ вориди Эрон шуд ва дар  ҳамоиши байнулмилалии мусиқии Ховарзамин ҳузур ёфт. Он замон ў як ҷавони 21-сола буд. Барои ҷавоне дар синну соли ў ин сафар комгории бузурге маҳсуб мешуд. Худи устод Зафар мегўяд, шунавандагони эрониаш бештар аз оҳанги “Нанойҷон”-и ў истиқбол карданд ва ҳатто барои бозхонӣ аз ў иҷоза хостанд.

Дертар Зафар Нозим ба пораи дигаре аз сарзамини фарҳангиаш, ба Афғонистон, сафар кард. Мардуми ҳунардўсти он диёр аз ҳунар ва истеъдоди ў истиқболи гарме доштанд. Ин сафар барои худи Зафар Нозим ҳам бисёр борвару судманд буд. Вай дар ҷараёни дидораш аз Афғонистон бо чеҳраҳои барҷастаи мусиқии он сомон, ба монанди Ҷалили Зулонд, Хайёл ва Сорбон ошно шуд ва ин ошноиҳо бар зеҳну сабку сиёқи ў таъсири амиқе гузошт. 

Зафар Нозим он рўзҳоро ёд меоварду мегўяд: “Дар Афғонистон ба пешниҳоди ҳунарманди маъруф устод Сорбон оҳанги бисёр дилнишини оқои Зулонд бар матни “Эй сорбон”-и Саъдии Шерозиро дар толорҳои Кобулу Ҷалолобод хондам. Истиқболи мардум аз ин оҳанг ба гунае буд, ки онҳо бо ташвиқҳои пайваста манро боз рўйи саҳна мехонданд”.

Гуфтанист, ки “Эй сорбон” имрўз ҳам аз зеботарин корҳои устод Зафар Нозим ба шумор меояд.

Дар ҳамин давра буд, ки Зафар Нозим оҳангҳои зебои дигареро ба монанди “Субҳи Кобул” (шеър ва оҳанги Зиё Қоризода аз Афғонистон), “Нарў, нарў” ва “Ҳамдами хубон” (оҳангҳои мардумии Афғонистон) ва “Шуълаи ҳазин” (оҳанги Зулонд)-ро рўи саҳна бурд. Ин оҳангҳо барои рушди беш аз пеши ҳунари Зафар Нозим заминаи муносибе фароҳам кард ва боъиси маҳбубияти ў дар арсаи ҳунарии форсизабонон шуд. Ин маҳбубият мақомоти вақти Шўравиро нигарон карда буд.

Ҳукумати Шўравӣ, ки тамоми умури сиёсиву иҷтимоъӣ ва фарҳангии арозии таҳти тасарруфашро зери кунтрул дошт, мутаваҷҷеҳи мақулаи ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳангии мардуми Тоҷикистон бо мардумони Эрону Афғонистон буд ва аз густариши равобити фарҳангии миёни ин пораҳои сарзамини фарҳангии воҳид нигарон буд. Аз ин рў мақомоти Шўравӣ аз афзоиши маҳбубияти ҳунармандони мусиқии асили тоҷикӣ чун Зафар Нозим дар Афғонистон ва Эрон дили хуше надоштанд.

Дастгоҳҳои таблиғотӣ ва “фарҳангофаринӣ”-и Шўравӣ барои дифоъ аз манофеъи жеупулитики худ ҳамвора миёни гўишҳои Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон монеътарошӣ мекарданд, ки ин одат то кунун дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Аз ин рў сафарҳои ҳунарманде чун Зафар Нозим, ки ба забони форсии дуруст тасаллут дошт ва оҳангҳоеро дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони форсизабони хориҷӣ меофарид, бо манофеъи мақомот муғоират дошт. Дар натиҷа беш аз 12 оҳанги Зафар Нозим дигар муҷаввизи бахш надошт ва худи ў ҳам дигар иҷоза надошт ба хориҷ аз кишвар сафар кунад ва барномаҳои кунсертии ў дучори ихтилол шуд.

Вай дар он солҳо оҳангеро бар шеъри “Хонаи мўр”-и Бозор Собир, шоъири тоҷик, суруд, ки шарҳи ҳоли ў буд:

Ман тугмаи садоям,  дар пушти ин дари танг,
Ҳар чанд мефишоранд,  он қадр мезанам занг.

Дар паи он Зафар Нозим ғолибан ба шаҳристонҳо ва деҳкадаҳои Тоҷикистон сафар мекард ва барои мардуми маҳаллӣ овоз мехонд. Бад-ин гуна, аз маҳбубияти  ў дар миёни ҳунардўстони Тоҷикистон заррае  ҳам коста нашуд.

Пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 заминаи рушди дуборае барои ҳунармандон фароҳам омад. Имрўзҳо устод Зафар Нозимро яке аз поягузорони ҳунари овозхонии муъосири тоҷик медонанд ва бо эътои ҷоизаҳо, аз ҷумла ҷоизаи давлатии Абу Абдуллоҳи Рўдакӣ, аз ў тақдир мекунанд. Мактаби мусиқии Зафар Нозим ҳунармандони бисёреро ба бор овардааст, ки худи онҳо ҳам акнун соҳибному соҳиби мактаб шудаанд.

Саъиди Билол, ки худ аз оҳангсозон ва овозхонони саршиноси Тоҷикистон аст, замоне шогирди Зафар Нозим буд ва акнун устоди худро аз ҷумлаи парчамдорони мусиқии асили тоҷик медонад ва мегўяд, ки ҳаргиз аз шунидани овозу сабки мунҳасир ба фарди устод сер намешавад.  

Зафар Нозим ҳамчунин ба унвони касе, ки дар арсаи нигаҳдорӣ аз забони форсӣ дар Тоҷикистон ва нишондани ин забон ба маснади расмӣ талош кардааст, дар миёни фарҳангиён мавриди арҷу эҳтиром аст. Дар остонаи тасвиби Қонуни забон дар соли 1989-и милодӣ мақомот мегуфтанд, ки барои иҷрои ин қонун ҳазинаи кофӣ дар ихтиёр надоранд. Устод Зафар Нозим бо тарҳи пешниҳоде заминаи эҷоди бунёди вижае барои иҷрои ин қонун ва таҳкими пояҳои забони форсӣ дар Тоҷикистонро фароҳам кард. Акнун ҳам “Бунёди забони форсӣ-тоҷикӣ” аз ниҳодҳои фарҳангии фаъъоли Тоҷикистон аст. Бо фарохони ҳамин ҳунарманд мардум аз гўшаву канори ҷумҳурӣ дар ҳадди тавону ҳиммати худ ба ин сандуқ маболиғе ворез карданд. Аммо Зафар Нозим дар ин замина ҳам пешоҳанг буд ва дастмузди думоҳаи худро ба бунёди навпои забони форсӣ бахшид.

Бад-ин гуна, Зафар Нозим барои бисёре аз фарҳангиёни тоҷик фарди азизест ва будани ў барояшон муғтанам. Ҳаводорони устод Зафар орзўманданд, ки рўди бепоёни овози ин ситораи мусиқӣ ҳаргиз нахушкад.

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 24.09.2009 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Як корбар، 2010/08/03
Ruhat shad bad va bigzar karvani sorude to sarbanash ra ham ba ruhe khod ta ba qullai maqsad birasanad.
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.