Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Яъқуб, сардори порсигӯй
Сиддиқаи Маҳмудӣ

Дар 18-килуметрии шаҳре бостонӣ, ки замоне Гундишопур (Ҷундишопур) ном дошт ва ба гуфтаи бисёре, хостгоҳи эломиён буд, оромгоҳи марде ҳаст, ки шуморе ӯро “Сардори порсигӯй” меноманд ва ҷавонмардию шуҷоъаташ дар дифоъ аз Эронзаминро ситоиш мекунанд.

Оромгоҳи Яъқуби Лайси Саффорӣ қарнҳои мутаволӣ (дароз) аст, ки дар рустои Шоҳбоди Дизфули Эрон қарор дорад. Рустое сарсабзу зебо, аммо маҳрум аз имконот. Рустое, ки хонаҳои коҳгилӣ ва гоҳ оҷуриаш (ба ранги хишти пухта) дар канори оромгоҳи Яъқуб мафҳум меёбад. Оромгоҳе, ки барафроштагии гунбадаш аз дур ба осмон мерасад ва меъмории талфиқии эронию румии он низ ҳар фардеро ба дунёи устураҳо раҳнамун мешавад. Гунбади баланди дандонадори сафедранг ва махрутишаклаш, ки ба лиҳози торихӣ ҳоизи аҳамияти бисёр аст, аз фосилаи дур ҷилва мекунад ва иморати оҷурии хокиранге бо қалъаи кӯчак ва сабки оҷуркорӣ (хишткорӣ)-и суннатии эронӣ ин биноро диданитар кардааст.

Буқъа (оромгоҳ)-и Яъқуби Лайс, рӯйгарзодаи систонӣ, ки ба айёрӣ шуҳрат дошт, дар минтақаи Шоҳобод (имрӯза Исломобод) ёдовари рӯзгорест, ки замин зери суми аспони диловароне буд, ки ба хоки Эрон ишқ меварзиданд. Ҷундишопур, маҳалле, ки замоне номаш Ғарбу Шарқро дарнавардида буд, имрӯз як макони сарсабз аст, ки дарахтон бар заминаш соя афкандаанд ва шояд дар ин миён буқъаи Яъқуби Саффорӣ ва гӯристоне қадимӣ, ки қабрҳои он бо санг тазйин шудаанд, танҳо ёдоварони он даврон бошанд; санги қабрҳое, ки нишонгари торихи куҳани ин бино ҳастанд.

Аммо қабри Яъқуб дар чаҳордевории чӯбию оҳании пӯсидаи даруни буқъа қарор дорад, ки бар он порчае сабзранг кашидаанд, то шояд натавон бахубӣ асари гузашти замон ва адами расидагӣ ба ин асари торихиро мушоҳида кард. Даруни буқъа деворнавиштаҳое ба хатти арабӣ ҳаст, ки мушаххас нест марбут ба чи давронест. Ба гуфтаи бархе аз пажӯҳишгарони бостоншинос ва торихдонони дизфулӣ, 25 сол пеш катибае бар рӯи девори гунбад ба хатти арабии қадим вуҷуд дошт, ки бар он номи Яъқуби Лайс баравшанӣ навишта шуда буд, аммо имрӯз аз ин катиба хабаре нест ва бар девори даруни гунбад дар канори навиштаҳои арабӣ тоблуҳои аксе қарор дорад, ки ин маконро буқъаи Шоҳ Абулқосим муъаррифӣ мекунад ва шаҷараномае, ки наметавон аз он дарёфте дақиқ дошт. Мардуми маҳаллӣ бар ин боваранд, ки ин буқъа мутаъаллиқ ба Шоҳ Абулқосим, аз наводагони Қосим ибни Аббос ибни Имом Козим аст. Ба эътиқоди бархе аз бостоншиносон, ин навъ номгузорӣ қарнҳо пеш барои ҳифзи оромгоҳи як фармонравои эронӣ, ки алайҳи хилофати араб қиём карда буд, анҷом гирифтааст.

Аз ин рӯ, бисёре аз ховаршиносон ин маконро аз они Яъқуб медонанд ва шавоҳид низ ҳокӣ аз он аст, ки сарнавишти Яъқуб бо ин оромгоҳ пайванд дорад. Яъқуб, сардоре, ки силсилаи Саффориёнро поягузорӣ кард, дар соли 232 ҳиҷрии қамарӣ (846 мелодӣ) ба хидмати Солеҳ ибни Наср – ҳокими Систон даромад ва чун дар замоне кӯтоҳ тавонист шоистагии худро нишон диҳад, сардори сипоҳи вай шуд. Пас аз муддате бар Систон муставлӣ (фармонраво) шуд ва ба сӯи Хуросон рафт ва пас аз ҷангҳои фаровон саранҷом Тоҳириёнро шикаст дод ва аз онҷо ба Кирмон рафт ва ҳокими Шерозро дар Кирмон асир кард ва пас аз он Шерозро ҳам ба даст овард. Сипас чанд тан аз ёронашро бо ҳадоё (ҳадяҳо)-и гаронбаҳо назди халифа ба Бағдод фиристод ва худро мутеъи халифа хонд.

Яъқуб дар идома вилояти Балху Тахористон ва Кобулро ба даст овард ва ба Омул рафт ва баъд аз он равонаи Дайламон шуд. Дар роҳ бар асари борандагии шадид теъдоди зиёде аз сипоҳиёнаш ҷон доданд ва худи ӯ низ ба муддати чиҳил рӯз саргардон шуд. Ӯ сипас Табаристонро фатҳ кард, то ин ки ақвоми халифа дар ҷануб ба паймоншиканӣ бархостанд. Яъқуб бо сипоҳаш равонаи Форс шуд ва сипас Луристон, Элом, манотиқи бахтиёрӣ ва Бушеҳрро ба даст оварду бар қаламраваш афзуд.

Яъқуби Лайс бо сарпечӣ аз дастур ва ихторҳои халифа пораҳои азиме аз сарзамини модариашро зери фармони худ даровард ва амалан онҳоро аз хилофати Аббосиён пас гирифт. Ӯ саранҷом азми Бағдод кард, то халифаро ҳам ба итоъати худ дарбиёварад, аммо шикаст хурд ва водор ба бозгашт ба Хузистон шуд. Яъқуб то се сол ба бозсозии сарзамини Эрон ва эҳёи фарҳанги форсӣ кӯшид ва дар соли 265 ҳиҷрии қамарӣ (878 мелодӣ) ҳангоми бозгашт аз набарде дигар дар Ҷундишопур бар асари бемории қавланҷ (қулинҷ) даргузашт, аммо кӯшишҳои фарҳангии вай бенатиҷа набуд ва ба забону адаби порсӣ ҷоне дубора бахшид.

“Давлати аввали Саффориён аввалин давлати нисбатан мустақил ва муътабари эронист, ки баъд аз ҳамлаи араб ба Эрон ва суқути давлати Сосонӣ аз тариқи мунозеъа ва ҷанг бо халифа ва аъроб дар Эрон ташкил ёфт. Дар “Торихи Систон” барои Яъқуб ва Амри Лайс (бародари ӯ) насабномае омадааст, ки ба мавҷиби он, нажоди ин рӯйгарзодагони систонӣ ба Касрои Анӯшервон мерасад ва албатта, муҳаққиқин дар сиҳҳат (дурустӣ)-и он насабнома тардид кардаанд. Силсилаи Саффорӣ мояи таҷдиди ҳаёти сиёсии Эрон гардид ва махсусан кӯшишҳои Яъқуб – ва пас аз ӯ то ҳадде бародараш Амри Лайс – дар ҷанг бо халифаи Аббосӣ, роҳи мухолифат бо хулафо ва ҳукумати араб ва билмаол (саранҷом) истиқлоли Эрон ва хуруҷи он аз зери нуфузи Бағдод боз кард. Илова бар ин, Яъқуб – бар хилофи Тоҳириён, ки ба осори эронӣ ва забони форсӣ рӯи хуше нишон намедоданд – нахустин фармонравоест, ки дар рӯи кор овардани забони форсӣ ба унвони забони шеър эҳтимом варзидааст (Саффориён; “Доират-ул-маъориф”-и Мусоҳаб).

Ин ривоят аз Яъқуби Саффорӣ забонзад аст, ки пас аз фатҳи Ҳирот, то шоъирон дар мадҳи ӯ ашъори арабӣ суруданд, барошуфту гуфт: “Чизе, ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфт?” Ба дунболи он буд, ки забони порсӣ дар сарзаминҳои эронӣ дубора ба ҷойгоҳи забони шеъру адаб нишаст ва Яъқуби Лайси Саффорӣ “Сардори порсигӯй” лақаб гирифт. Ба навиштаи “Доират-ул-маъориф”-и Мусоҳаб, Яъқуби Лайс алқоб (лақабҳо)-и дигар ҳам дошт:

“Яъқуб марде сипоҳиманиш, ботадбир, оқил ва муваққар буд ва ба диёнату қаноъат шуҳрат дошт. Пойтахти вай шаҳри Заранҷи Систон буд. Муддати ҳафт сол ба амри халифа ба номи вай дар Макка ва Мадина хутба мехонданд ва шуҳрати ӯ дар мамолики атроф то он ҷо буд, ки ӯро “Малик-уд-дунё” ва “Соҳибқирон” мехонданд”.

Оромгоҳи ин сардор, ки бо шумораи 2550 дар феҳрести осори миллӣ ба номи Яъқуби Лайси Саффорӣ ба сабт расида, дар ҳисори дарахтони тануманд ва қабрҳое сангӣ ҳифозат мешавад ва қуфли филизию зангхурда бар дари оҳании он, ки замоне чӯбӣ буда, овезон аст; даре, ки ҳеч гоҳ гушуда намешавад ва офтоб аз лобалои мусалласи даруни панҷараҳо нури худро ба даруни буқъаи торик метобонад. Зареҳи оҳании мақбараи ӯ барпо истодааст ва оҷурҳои қадимии оромгоҳ низ гӯё дигар тоқати сангинии буқъа ва боргоҳро надоранд. Дар намоиши тасвирии ин сафҳа ба дидани ин оромгоҳ меравем.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.