Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Бобо Абдуллоҳ ва Юсуфи гумгаштааш
Ҷаҳонгири Султон

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 13.12.2007 мунташир шуда буд

Ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири таъмини рӯзгори хеш ба муҳоҷирати иқтисодӣ рӯ меоранд. Ин коргарон бештар ба Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин сафар мекунанд. Пуле, ки онон аз хориҷ барои хонаводаҳои худ мефиристанд, аз маболиғи аслии будҷаи солонаи давлати Тоҷикистон аст.

Дар омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷик беш аз як милиюн нафар зикр шуда ва дар омори расмӣ рақами шашсад ҳазор тан омадааст. Дар Тоҷикистон муҳоҷирони кориро маъмулан “мардикор” мегӯянд.

На ҳамаи мардикорон метавонанд расман дар ин кишварҳо кор пайдо кунанд. Бино бар ин, маҷбуранд, ба хотири дарёфти маблағи ночизе ба корҳое мисли аробакашӣ, борбарӣ,  коргарии сохтмонӣ ва дигар корҳои сангин даст бизананд.

Аз он ҷо ки сафари бештари ин муҳоҷирон ғайрирасмист, онҳо аснод ва мадорикеро, ки ҷавобгӯи ниёзхои қавонини кишварҳои марбута аст, бо худ надоранд.

Маъмулан пулиси ин кишварҳо аз ин вазъ ба манофеъи шахсии хеш сӯиистифода мекунанд. Онҳо мардикоронро сари ҳар роҳ ва гузаре боздошт намуда, ба баҳонаи надоштани аснод ва ё мувофиқ набудани он аснод бо қавонини ин кишвар аз онҳо пул меситонанд.

Ба ин далел бисёре аз муҳоҷирони корӣ наметавонанд муддатҳо барои хонаводаҳои хеш пул бифиристанд. Бархе аз онҳо низ мавриди сӯиистифодаи бондҳои табаҳкор қарор мегиранд ва ё қурбонии хушунат ва нажодпарастӣ мешаванд.

Дар миёни ин мардикорон ҳастанд нафароне, ки ба иллати аз сар гирифтани ҳаёти дигар дар ин кишварҳо, таъмини рӯзгори хонаводаҳои хеш дар Тоҷикистонро фаромӯш мекунанд ва ё дар онҷо зани дигар мегиранд.

Юсуф – танҳо писари Бобо Абдуллоҳ аз ҷумлаи ин касон аст. Бобо Абдуллоҳ чун дид, ки аз Юсуф ва аз пули ӯ дербоз хабаре нест, бо вуҷуди бознишастагӣ аробае иҷора гирифта ва рӯ ба бозори Саховат дар маркази шаҳри Душанбе кард, то маблағе ба сахтӣ барои зиндагӣ ба даст оварад ва барои ҳамсари бемораш дору бихарад.

Инак шумо ва қиссаи Бобо Абдуллоҳ ва Юсуфи гумгаштаи ӯ. Ин гузориши мусаввар дар коргоҳи омӯзиши гузоришгарии чандрасонаӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, таҳия шудааст.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Маҳин аз Амрико، 2010/08/04
Вақте ман ин наворро тамошо кардам, ғам диламро фишурд, вале ман ҳам аз Бобо Абдуллоҳ ифтихор мекунам. Бобо Абдуллоҳ сабр кардаанд, кори бисёр кардаанд ва ман бовар мекунам, ки ӯ барои писараш ба Русия рафтанист.
- Abdulfattoh Shafiev، 2010/05/23
БЕҲТАРИН МАТЛАБ ДАР БАХШИ ТОҶИКИСТОНИ ИН САҲИФА!!!!
- Як корбар، 2010/04/20
Assalomu Alaikum. Rosti, hangome ki in navorro tamosho kardam, karib bud, ki megiristam. Bor illoho, farzandi in mardi nuroniro ba nazdash rason ....!!!
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.