Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Айнӣ ва Нимо
Рустами Ваҳҳоб*

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 21.04.2008 мунташир шуда буд

Ин рӯзҳо Тоҷикистон саду сиюмин солгарди таваллуди Садриддин Айниро ҷашн мегирад. Айнӣ чи дар шеър, чи дар достоннависии муосири тоҷик поягузор шинохта мешавад. Иқдомҳои адабии ӯ дар оғози садаи 20 мелодӣ хатти сайри ояндаи адабиёти тоҷикро тарроҳӣ ва таъйин кард. Дар ҳама бахшҳои адабиёти муъосири тоҷик осоре аз Айниро метавон мушоҳида кард.

Садриддин Айнӣ соли 1878 дар рустои Соктаре дар ҳаволии шаҳри Бухоро ба дунё омад. Ӯ нахуст дар мактаби куҳнаи рустои худ таҳсил кард, ки баъд мавзӯъи достони “Мактаби кӯҳна”-и Айнӣ шуд.

Сипас ба Бухоро рафт ва дар мадориси сутуҳи болотаре таҳсилашро идома дод. Айнӣ дар оғоз бештар шеър менавишт ва аз тозапардозони шеъри порсӣ маҳсуб мешуд. Аммо рафта-рафта ӯ ба достоннависӣ рӯ овард ва нахустин достонҳои кӯтоҳ ва баланди муъосири форсӣ дар Осиёи Миёнаро навишт.

“Одина”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Ятим”, “Дохунда” ва “Ғуломон” аз достонҳои маъруфи Айнианд. “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Айнӣ, ки тазкираи осоре аз шуъарои клосики порсӣ буд, дар таъйини ҳувияти тоҷикон дар Иттиҳоди Шӯрваӣ нақши муҳимме дошт. “Ёддоштҳо” – китоби хотироти Садриддин Айнӣ аз охирин офаридаҳои ӯ буд, ки соли 1362-и хуршедӣ бо кӯшиши Алиакбар Саъидии Сирҷонӣ ба хатти порсӣ дар Эрон мунташир шуд.

Оғози қолибшиканиҳо

Дар адабиётшиносии тоҷик ибтидои навоварӣ дар вазни арӯз бо шеъри “Морши ҳуррият” (Суруди озодӣ) и устод Садриддин Айнӣ таъйин шудааст. Дар ҳақиқат, дар назми тоҷик ин асар аввалин намунаи комил ва муваффақи шеърест, ки бо суннатҳои қадимӣ ва қонуни арӯз мутобиқ нест, аммо дар айни ҳол имконоти бузург ва номаҳдуди арӯзро бармало мекунад.

Суоле ба миён меояд, ки оё пеш аз ин асари комил ва устодона дар ҳеч мавриди дигар кӯшиши устод Айнӣ барои берун рафтан аз қолибҳои суннатии арӯз мушоҳида шудааст? Дар посух ба ин пурсиш бояд гуфт, ки дар Куллиёти устод Айнӣ шеъре бо таърихи 1907 мелодӣ вуҷуд дорад, ки аз назари сохтор ба он чи дертар “шеъри нав” номида шуд, шабоҳат дорад:

Субҳоналлоҳ!
Имрӯз ба мо ҳодисаи саъб расид
Аз гардиши чархи фалаки дӯлобӣ
Пурсанд зи сол
Оҳи бепоён каш
Баргӯ бади ҳол

Ҳамчунин дар ҳамин ҷилди ҳаштуми Куллиёт Айнӣ бо зикри торихи “19 майи соли 1928” як пора шеър мавҷуд аст, ки дар қолиби қитъа суруда шуда, вале бо афзуда шудани як иборати ҷудогона дар оғози он бо қитъаи маъмулӣ тафовут дорад:

Эй Ватан!
Ғайр аз харобии ту дигар нест корашон
Онҳо ки иддаъои валои ту мекунанд
Гар хидмате кунанд ба номи ту филмасал
Аз баҳри номи худ, на барои ту мекунанд
Онҳо ки аз ҳарими ту маҳҷур мондаанд
Чун Айнии ғариб дуъои ту мекунанд

Агарчи дар ин шеър омили тафовут ба суннат дар як иборат хулоса мешавад, вале ин фарқи ночиз нест. Бо вуҷуди ин иборат, шиддати фавқулъодаи эҳсос ва жарфои дарду ҳасрати ватанпарасти бузург басароҳат маҳсус мегардад.

Ин иборат мисли оҳи сӯзноки беихтиёрест, пеш аз баёни дарду ҳасрат, ки хеле табиъӣ ва воқеъист. Ба ҳамин эътибор метавон гуфт, ки шиддати вазъи рӯҳӣ, самимияти бузург, воқеъбинӣ ва диққати эҳсосот шоъирро нохудогоҳ сари иқдоме овардааст, ки хеле дертар ба суннатҳои шеърӣ пайваст ва аз ҷиҳати назарӣ ба шиносоӣ расид.

“Морши ҳуррият” ва “Афсона”

Чунон ки зикр шуд, нахустин намунаи бомуваффақияти шеъри нав “Морши ҳуррият”-и устод Садриддин Айнӣ буд, ки он ҳам дар заминаи вазни арӯз бо омезиш додани аркони баҳри рамал бо баҳри мутадорик навишта шудааст.

Дар натиҷаи ин омезиш вазне эҷод шудааст, ки дар назми беш аз ҳазорсолаи форсу тоҷик собиқа ва ному нишон надоштааст. Ба гуфтаи худи устод Айнӣ, вазни ин шеър зери таъсири оҳанги Морсез (Марселеза) суруди инқилобиёни Фаронса, ба вуҷуд омад ва ҳадаф аз он таъмини оҳанги инқилобӣ будааст.

Пажӯҳишгари эронӣ Алиасғар Бовандии Шаҳриёрӣ дар рисолаи худ таҳти унвони “Сайри таҳаввули шеър дар Тоҷикистон” (соли 2002) ба эътибори қитъаҳои фавқуззикр устод Айниро нахустин сарояндаи шеъри нав дар адабиёти форсӣ унвон кардааст.

Аммо муҳаққиқи дигари эронӣ, шоъири маъруф Шамси Лангрудӣ, дар пажӯҳиши ҷомеъи худ таҳти унвони “Торихи таҳлилии шеъри нав” Абулқосим Лоҳутиро нахустин касе медонад, ки дар соли 1900 “шеъри нав” сурудааст.

Мавзӯъи саҳми Айнӣ дар таҳаввули арӯз ва шеъри нави тоҷик бешак қобили таҳқиқоте ҷудогона ва муфассал аст, вале дар ин ҷо наметавон аз як нуктаи ҷолиб ва муҳим сарфи назар кард.

Манзур ин аст, ки манзумаи “Афсона”и Нимо Юшиҷ, ки дар Эрон ӯро “падари шеъри нав” номида ва замони суруда шудани онро “мабдаи торихи шеъри нав дар Эрон” қарор додаанд, дар ҳамон вазни бесобиқаи “Морши ҳуррият” аст, ки панҷ соли пеш аз он, яъне соли 1301 ҳиҷрии хуршедӣ (1923 мелодӣ) тавассути устод Айнӣ суруда шуда буд. Месазад, ки барои исботи гуфтаҳои фавқ ду пора аз ин шеърҳо муқоиса шавад. Аз “Морши ҳуррият”:

Эй ситамдидагон, эй асирон!
Вақти озодии мо расид
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид...
 
Ҳар ситамгори дун хурраму шод
Солҳо ҷоми ишрат чашид
Дар шаби тираи ҷавру бедод
Ҳар ситамдида меҳнат кашид...
(Фоъилун / фоъилун / фоъилотун  Фоъилун / фоъилун / фоъилун
Фоъилун / фоъилун / фоъилотун  Фоъилун / фоъилун / фоъилун)

Аз “Афсона”:

Дар шаби тира девонае ку
Дил ба ранге гурезон супурда
Дар дарае сарду хилват нишаста

Ҳамчу соқаи гиёҳе фарсуда
Мекунад достоне ғамовар.
(Фоъилун / фоъилун / фоъилотун  Фоъилун / фоъилун / фоъилотун
Фоъилун / фоъилун / фоъилотун  Фоъилун / фоъилун / фоъилотун
Фоъилун / фоъилун / фоъилотун)

Он гуна ки мебинем, аз нигоҳи фаннӣ навоварии устод Айнӣ дар вазни “Морши ҳуррият” нисбат ба навоварии Нимо Юшиҷ барҷастатар аст. Ба ин далел, ки агар Нимо Юшиҷ бо вуҷуди истифода аз вазни нав шумори ҳиҷоҳои аркони арӯзро дар абёташ риъоят кардааст ва ба ин васила интибоқи шеъри худ бо яке аз вижагиҳои суннатии арӯзро, ки ҳамин баробарии ҳиҷоҳои аркони арӯз мебошад, ҳифз кардааст; устод Айнӣ дар ин маврид низ даст ба навоварӣ зада ва дар аркони ахири мисроъҳои дувум ва чаҳоруми ҳар банд нисбат ба мисроъи қаблӣ як ҳиҷои дарозро ҳазф кардааст. Аз сӯйи дигар, метавон ҳадс зад, ки Нимо Юшиҷ аз шеъри “Морши ҳуррият” огоҳ будааст.

Маълум аст, ки матбуъоти инқилобии Бухоро ба ҳуруфи форсӣ мунташир мешуд ва ба Эрон низ мерасид. Ба хусус вуҷуди иборати муштараки “дар шаби тира” дар садри яке аз байтҳои “Морши ҳуррият” ва дар оғози манзумаи “Афсона” ин эҳтимолро тақвият мекунад.

Вале сарфи назар аз ин нишонаҳо тавофути аслӣ дар он хулоса мешавад, ки манзури устод Айнӣ беш аз ҳар чизи дигар таъмини оҳанги инқилобӣ ва анҷоми хидмат ба инқилоби иҷтимоъӣ буд, дар ҳоле ки Нимо Юшиҷ “Афсона”ро бо ҳадафе мушаххас ва ба таври барномарезишуда навишт, то инқилобе адабӣ биёварад.

Нимо Юшиҷ зиндагии ояндаи худро вақфи ин кор кард ва ба ҷое расид, ки саранҷом дар Эрон истилоҳи “шеъри нимоӣ” ҷойгузини “шеъри нав” шуд.

*Рустами Ваҳоб, шоъир ва пажуҳишгари тоҷик аст


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Muborak، 2010/05/08
Misli hamesha oli!
Bo sipos va ikhlos,
M
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.