Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Саргармии ҷавонон дар Тоҷикистон
Шамсияи Қосим

Тафреҳу саргармӣ барои мардумони кишварҳои мухталиф, ки мароҳили гуногуни тавсеъаи иҷтимоъиро тай мекунанд, мазомини мутафовите  дорад.

Усулан, агар ба “ҷавонӣ” аз манзари фалсафӣ бингарем, метавон гуфт, ҷавонӣ худ замон ва макони тафреҳ аст. Табиъист, ки дили пуршӯру шарри ҷавонон мамлӯ аз ҳаваси тафреҳ ва хушгузаронист. Шумори муштариёни санъати тафреҳот дар ҷаҳон низ ҳамасола афзоиш меёбад ва пажӯҳиши маркази мутолеъоти бозори ҷаҳонӣ ҳокист, ки то соли 2010 даромади яксолаи санъати тафреҳот ва расонаҳо 1.8 трилюн дулорро ташкил хоҳад дод.

Ин нишондод илова бар ишора ба фузунии гароиши ҷаҳониён ба тафреҳу саргармиҳо, тавонмандии онон дар харҷи маболиғи ҳангуфт дар бозори тафреҳотро низ ошкор мекунад. Аммо метавон ҳадс зад, ки дар Тоҷикистон, кишваре, ки дар он мардум бо мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дасту панҷа нарм мекунанд, бозори тафреҳот наметавонад ба андозаи кишварҳои пешрафта равнақ дошта бошад.

Бо таваҷҷуҳ ба султаи фарҳангии мутафовит аз фарҳанги фарангӣ дар Тоҷикистон, тафреҳ падидаест, ки бештар ҷанбаъи иҷтимоъӣ дорад, то иқтисодӣ. Мусиқӣ, синемо, теотр, варзиш, кӯҳнавардӣ, телевизиюн, бозиҳои роёнаӣ (компютерӣ) ва ё бахшҳои дигар аз санъати тафреҳ ҳама сари ҷои худ боқист, аммо сатҳи поини зиндагӣ дар ин кишвар шароити камтаре барои рушду нумувви ин бахш аз саргармиҳоро фароҳам мекунад.

Он чиро ки метавон роиҷтарин ё дастрастарин навъи тафреҳи тоҷикон хонд, меҳмонӣ аст. Зиёфатҳои мухталифи марбут ба мароҳили гуногуни арӯсӣ - ноншиканон, рӯймолдарон, чойгаштак, маросими никоҳ, сипас маросими аслии арӯсии расмӣ, хатнасур, ҷашни зодрӯз ва ойинҳои бешумори суннатӣ ва мазҳабӣ, ба монанди Мушкилгушо, Бибичҳоршанбе ва ғайра – аз маросими хушгузаронӣ барои аксарияти мардуми Тоҷикистон аст.

Барои бархе аз занону духтарони тоҷик ширкат дар ин расму ойинҳо танҳо навъе тафреҳи берун аз хона маҳсуб мешавад. Гоҳ миёни ду зиёфати ончунонӣ чанд моҳ фосила меуфтад. Ин зиёфатҳо ба занони хонадор беҳтарин фурсатро барои намоиши зеваролоташон фароҳам мекунад, ки орӣ аз чашму ҳамчашмӣ (рақобат) миёни меҳмонони базм нест. Ин рақобатҳо ҳам бар намаки тафреҳи занон дар зиёфатҳо меафзояд.

Шомҳои румонтик бо шавҳар барои занони хонадор саргармии ҷаззобтаре ба шумор меояд. Бархе аз духтарони шаҳрӣ тарҷеҳ медиҳанд авқоти фароғати худро дар канори дӯстписар ё дӯстонашон дар қаҳвахонаҳо бигзаронанд. Духтарони русто аз ин шонс маҳруманд.

Пеш аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон рафтан ба синемо ҷузъи муҳимтарин тафреҳоти ҷавонон маҳсуб мешуд. Аммо акнун синемоҳо ранг бохтаанд ва дари бисёре аз онҳо баста аст. Аксари филмҳо қочоқӣ аст ва кайфияти қобили қабуле надорад. Афзун бар ин, ҳамон филмҳоро метавон рӯи лавҳҳои фишурдаи тасвирӣ дар муҳити хонавода тамошо кард. Аз ин рӯ синамо дигар ҷузъи тафреҳоти умдаи ҷавонон нест.

Хонаводаҳои суннатӣ синеморо шоистаи шаъни духтаронашон намедонанд, магар ин ки марди маҳраме аз хонавода ҳамроҳаш бошад. Ба ҳамин сурат, рафтан ба дискуву пикник ва сайру гардиш дар дараи Варзоб барои духтарони ин даста аз хонаводаҳо мамнӯъ аст. Дараи Варзоб дар перомуни шаҳри Душанбе аз маҳбубтарин тафарруҷгоҳҳои сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон аст ва бешабоҳат ба Дарбанд дар шимоли Теҳрон нест.

Варзиш ҳам ки аз тафреҳоти маҳбуби писарон аст, дар миёни духтарон роиҷ нест ва бо дарсҳои тарбияти бадан дар мадорис ва донишгоҳҳо маҳдуд мешавад.

Аммо писарон дар ин замина ҳам бахти беҳтаре доранд. Акнун дар Тоҷикистон 31 навъи варзиш бошгоҳҳои худро дорад ва федеросиюнҳои футбол, паҳлавонӣ, муштзанӣ, теквонду ва куштӣ фаъъоланд. Албатта, шумори андаке аз духтарони шаҳрӣ низ ҳастанд, ки дар ин бошгоҳҳо хуш мегузаронанд.

Барои писарони рустоӣ низ футбол ва куштӣ маҳбубтарин анвоъи хушгузаронист. Аммо роиҷтарин саргармӣ миёни бештари духтарони рустоӣ, канори ҳам нишастан ва аз ин ҷову он ҷо гуфтан ва бозиҳое бо таҳарруки андаки бадан аст.

Инҳо аз анвоъи тафреҳи суннатии ҷавонони Тоҷикистон аст. Аммо дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ҳастанд ҷавононе, ки даркашон аз мафҳуми тафреҳ комилан ғарбист. Онҳо ки аз хонаводаҳои мутамаввиланд, метавонанд бо пардохти 20 сомонӣ (муъодили шаш дулор) бисоти саргармиҳояшонро дар дискуҳо ва бошгоҳҳои шабонаи Тоҷикистон паҳн кунанд, аммо мусалламан, барои аксарият ин имкон даст намедиҳад, чун шаш дулор баробар бо ҳадди ақалли дастмузд аст.

Ин гузориш бори нахуст рӯзи 09.07.2008 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Беҳрӯз، 2010/08/26
Бале, вақти холиро хуш гузароидан лозим аст. Вале Дискотека он қадар аз мо тоҷикон дур аст ки ҳеҷ наметавонам тасаввуроташро дошта бошам. Ман дар Тоҷикистон то синни 21 тамоман ин хел ҷойхо намерафтам . Пас аз амрико омадан 1-2 маротиба рафтам ҷои инсон нест.
Чихеле Муҳаммад Иқболи Лоҳури мегӯяд :

Халқро тақлидашон барбод дод ,
Эй дусад лаънат бар он тақлид бод.
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.