Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Суфраи шоми Масеҳ
Дориюши Раҷабиён

Хуроки Исои Масеҳ чи буд? Ин пурсишест, ки дар борааш пажӯҳишҳои илмии муфассале сурат гирифта ва дар остонаи Иди Поки масеҳӣ ва Фисаҳи яҳудӣ (Пасха) дубора инҷову онҷо ба чашму гӯш мерасад. Бархе аз пажӯҳишгароне, ки кӯшидаанд ба ин пурсиш посух диҳанд, шояд ҳатто муътақид ба вуҷуд шахсияте торихӣ бо номи “Исои Масеҳ” набошанд; ба гунае, ки хуроки “Масеҳ”-ро воқеъитар аз вуҷуди худаш медонанд; манзур ғизои Банӣ Исроил дар оғози садаи якуми мелодист, ки дар ривоёти мазҳабӣ давраи зиндагии Исои Масеҳ ба шумор меравад.

Дар конуни ин пажӯҳишҳо ривояти “Шоми охир” қарор дорад. Исои Масеҳ ҳавориюнро барои сарфи шоми Фисаҳ пушти як мизи бузург фаро мехонад ва пеш аз сарфи ғизо пои якояки муридонашро мешӯяд. Дар ҷараёни ҳамин шоми охир аст, ки Масеҳ хиёнати қариб-ул-вуқӯъи яке аз 12 ёрашро ифшо мекунад. Бино ба инҷилҳои Мурқус, Матто ва Луқо, Масеҳ дар ин маросим ҳамроҳ бо ҳавориюн нон мехурад ва май менӯшад. Ин вопасин шоми Исои Масеҳ буд, ки дар паи он бо хиёнати Яҳудо маслуб шуд.

Ин ривояти Инҷил мояи илҳоми бисёре аз наққошони қуруни вусто (асрҳои миёна) буда ва то кунун садҳо тоблуи “Шоми охир” бо номҳои гуногун дар саросари ҷаҳон наққошӣ шудаанд. Маъруфтарини онҳо тоблуҳои итолиёӣ ва бавижа “Шоми охир”-и Леунорду Довинчӣ (Leonardo da Vinci) аст, ки ба супориши дук (граф) Лудувику Сфурзо (Ludovico Sforza) тайи солҳои 1495 ор 1498 рӯи девори солуни ноҳорхурии калисои Марями Муқаддас дар шаҳри Милони Итолиё кашида шуд. Аммо ин нахустин тасвири “Шоми охир” набуд. Пеш аз Довинчӣ Дучиу (Duccio), яке дигар аз наққошони чирадасти итолиёӣ, дар соли 1311 ин саҳанаи дромотикро наққошӣ карда буд. Баъд аз н ҳам “Шоми охир” мавзӯъи маҳбуби наққошон буд, аммо асари Думинику Гирлондойу (Dominico Ghirlandaio) буд, ки дар соли 1480 “Шоми охир”-и Дучиуро зери сояи худ қарор дод. Ва бо зуҳури деворнигораи калисои Марями Муқаддаси Милон “Шоми охир” барои ҳамеша бо номи Леунорду Довинчӣ гиреҳ хурд.

Тоблуи Довинчӣ аз диди як бинандаи имрӯзӣ шоҳкори чандоне ҷилва намекунад ва ҳатто эродҳое ҳам метавон гирифт, ки чаро мизи шом ба андозаи арзи утоқ аст, ба гунае, ки басахтӣ метавон аз як нимаи солун ба нимаи дигараш гузашт. Ё ин ки чаро Исои Масеҳ ва муридонаш ҳамагӣ дар як сӯи миз танготанг нишастаанд, дар ҳоле ки ин ҳама ҷо дар он сӯи миз холист?

Аммо ибтикоре, ки Довинчӣ дар тасвири чеҳраҳо ба харҷ дод, бамаротиб муҳимтар аз ин эродҳои хурдагирона аст, Дар тоблуҳои қаблӣ чеҳраҳо ҳама шабеҳи ҳаманд ва танҳо аз ҷойгоҳу ҳолати нишасти онҳо мешавад ташхис дод, ки Исои Масеҳ кадом аст ва Яҳудо кадом. Аммо дар “Шоми охир”-и Довинчӣ хутути чеҳраи ҳар кадом мутафовит ва мунҳасир аб фард аст ва бо такя ба ҷузъиёте дигар чун пӯшиш, жест ва нигоҳ так-таки муридони Масеҳро ҳам мешавад шиносоӣ кард. Барои намуна, кордро дар дасти Петруси хашмгин мебинем, ки баъдан бо он гӯши як сарбозро мебурад. Ва Яҳудо бештарин фосиларо аз Исои Масеҳ дорад ва бо нигоҳе кунҷковона, аммо ошуфта, ба паёмбар менигарад.

Гузашта аз чеҳранигории дақиқ, чизе, ки “Шоми охир”-и Довинчиро мондагортар карда, ашёи рӯи миз аст, ки бо диққати бесобиқа наққошӣ шуда ва қобили ташхис аст. Албатта, бо гузашти замон наққошии Довинчӣ фарсуда шуда буд ва қабл аз бозпардозии он дар соли 1999 басахтӣ мешуд пораи нонро аз ливони шароб тамйиз дод. Аммо пас аз навпардозии тоблу акнун мешавад рӯи мизи шоми охири Исои Масеҳ на танҳо нону шароб, балки як бушқоб (тақсимча) ғизоро ҳам дид, ки ба бовари бисёре аз огоҳон, мормоҳӣ аст ва иддае дигар, аз ҷумла наққошони муъосири итолиёӣ, ки ранги тоблуро тоза кардаанд, онро навъе дигар аз моҳӣ медонанд; яъне дар моҳӣ буданаш камтар касе шак дорад.

Ҷон Вориону (John Varriano), коршиноси торихи ҳунар дар Омрико, аз нахустин донишвароне буд, ки пас аз бозсозии деворнигораи “Шоми охир” дар ҷои чизе, ки тасаввур мерафт нону барра бошад, мормоҳиро кашф кард ва дигарон ҳам ба таъйиди ин дидгоҳи фавқулъода шитофтанд. Чаро фавқулъода? Чун ҳузури мормоҳӣ (ки кушер ё ҳалоли яҳудӣ ба шумор намеояд), рӯи мизи шоми охири Исои Масеҳ ва ёронаш ба дур аз интизор буд. Шуморе ҳам ба қурсҳои баромадаи нон ишора карданд, ки ҳокӣ аз корбурди хамирмоя дар табхи онҳост. Дар ҳоле ки нони мизи фисаҳ бояд бидуни хамирмоя пухта шуда бошад.

Ин кашфиёт боъис шуд, ки шуморе ба Инҷили Юҳанно рӯй оваранд, ки бар хилофи инҷилҳои Мурқус, Матто ва Луқо мегӯяд, шоми охир на дар рӯзи фисаҳ, балки дар шаби фисаҳ баргузор шуд. Аз ин рӯ мизи шоми охир дар наққошии Довинчӣ мизи ороста ба муносибати Фисаҳ нест. Дар ҳамон Инҷили Юҳанно ривояти дигаре ҳаст дар бораи як зиёфати соҳилӣ, ки Исои Масеҳ барои ҳавориюн тартиб медиҳад ва дар он барояшон моҳӣ мепазад. Ба бовари Дейвид Громе (David Grumett), устоди илоҳиёт дар Донишгоҳи Эгзетери Инглис, Леунорду Довинчӣ хостааст дар тоблуи “Шоми охир”-аш саҳнаҳои мухталиф аз ривоёти Масеҳро ба тасвир бикашад ва дар он ишораҳое дорад ба рӯйдодҳои фаҷеъи Одинаи Нек, маслуб шудани Исои Масеҳ ва ҳатто растохези ӯ; гӯ ин ки Исо бо гузор аз ин ҳама ҳаводис дубора маҳшур шуда ва дар канори ёронаш нишаставу дорад ғизо мехурад. Аз нигоҳи масеҳиён, Исои Масеҳ дар рӯзи Одинаи Нек ба салиб кашида шуд ва дар рӯзи якшанбе қиём кард.

Иддае ҳам ба режими ғизоии худи Леунорду Довинчӣ таваҷҷуҳ кардаанд, то шояд мояи илҳоми ӯ дар тасвири мормоҳиро онҷо пайдо кунанд. Ҷон Вориону дар гуфтугӯ бо шабакаи 4-и родюи БиБиСи бо ишора ба ёддошти яке аз навкарони Довинчӣ дар соли 1504 ё 1505 мегӯяд, ки дар миёни ақломи харидоришуда аз бозор “мормоҳӣ”-ро ҳам мешавад дид.

Бо ин ки мормоҳӣ вижагии мунҳасир ба фарди тоблуи Леунорду Довинчӣ аст, дар нақошиҳои баъд аз ӯ анвоъу ақсоми ғизоҳои дигар, аз ҷумла мурғу хук ва гунаҳое дигар аз моҳиро ҳам метавон дид. Аммо “шоми охир”-ҳои мутааххиртар аз “шом” вожае беш дар бисот надоранд ва бо истифода аз шигирдҳои сурреолистӣ ва бо гурез аз воқеъиятҳои малмус ғизоро нодида гирифтаанд. Бо ин ки дар тоблуи маъруфи “Ойини шоми охир”-и Солводур Долӣ (Salvador Dalí; 1955) дар тасвири нону шароб мешавад ба пойбандии наққош ба бовари суннатии масеҳӣ пай бурд. Ҳарчанд дар ин тоблу дигар аз Масеҳи фурӯтану ором хабаре нест; Исои Масеҳ дар тоблуи Долӣ бисёр ҷавон аст ва танҳо сарест, ки болост ва иҷрои маросими ишои раббонии ӯ бештар ба ҳунарнамоии як овозхони рап мемонад.

Нигоҳи ҳар наққош ба достони “Шоми охир” бар пояи эътиқод ва давраи зиндагии ӯ мутафовит аст. Шуморе аз онҳоро метавонед дар гузориши мусаввари ин сафҳа бибинед.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.