Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Далери сохторшикан
Ҳусноро Мирзо

 Бо нахустин нутҳои таронаи “Турки шерозӣ”, ки дар як толори шаҳри Душанбе дар авохири даҳаи 1970-и мелодӣ иҷро шуд, фарёди эътирози мунтақидони мусиқӣ баромад. Онҳо одат карда буданд, ки ғазалиёти Ҳофизи Шерозиро дар иҷрои овозхонони мусиқии суннатӣ бо алҳони орому мавзун бишнаванд. Аммо Далери Назар бо зарбҳои шўрангези року метол толорро такон медод:
 
Агар он турки шерозӣ, ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
 
Мунтақидони мусиқӣ дар Тоҷикистони шўравӣ ин гуна мусиқиро нишонае аз таҳоҷуми фарҳангии низоми мутахосим (душман)-и сармоядорӣ медонистанд ва ба вижа, сурудани як ғазали клосик ба ин шеваро намеписандиданд.

Аммо дере нагузашт, ки ин оҳанги шоду пурҳаёҳў ба дили мардум роҳ ёфт ва бо гузашти беш аз сӣ сол ҳамчунон дар садри маҳбубтарин оҳангҳои Далер Назар қарор дорад.

“Турки шерозӣ” на танҳо роҳгушои Далер Назар ба қалби тўдаҳо буд, балки ўро ба анҷоми ибтикорҳои дигар ҳам ташвиқ кард ва рафта-рафта мактаби вижаеро дар мусиқии мудерни тоҷик шакл дод. Муборакшоҳи Мирзошоҳ бо оҳанги маъруфи “Ай ёрам, биё” (ки тавассути гурўҳи Киуск ва Муҳсини Номҷў ҳам бозхонӣ шуда) ва гурўҳи ҳунарии “Шамс” аз шогирдони саршиноси ҳамин мактабанд.
 
Албатта, Далер Назар барои расидан ба ин маснади рафеъ роҳи дарозро паймудааст. Вай, ки мутаввалиди соли 1959-и мелодист, аз авони навҷавонӣ ба мусиқии мудерн алоқаи вофир дошт ва оҳангҳои гурўҳи инглисӣ Битлҳоро, ки бо ҳазор дардисар гир меовард, гўш медод ва аз бар мекард. Дўстоне ҳам дошт, ки дар ин дунёи нави мусиқоӣ бо ў ҳамдил буданд. Далер ҳамроҳ бо ҳамин дўстонаш дар шаҳри Душанбе гурўҳеро бо номи “Ҷирай” поярезӣ кард ва бо ҳамин дўстонаш буд, ки оҳанги роки “Турки шерозӣ”-ро рўйи саҳна бурд. Нахустин олбуми Далер Назар, ки ба шакли лавҳи фишурда (Сӣ-Дӣ) дар соли 1997 вориди бозор шуд ва дар воқеъ, аз нахустин лавҳҳои фишурдаи овозхонони Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, бо номи ҳамин гурўҳи ҳунарии “Ҷирaй” мунташир шуд.
 
Далер бо комгорӣ таҳсилаш дар донишгоҳ тарбияти муаллимро ба поён бурд. Бо ин ки ў ҳаргиз моил набуд ба тадрис бипардозад, худ ба худ ба омўзгори мусиқии мудерн барои насли ҷавони Тоҷикистон табдил шуд.
 
Дар замоне ки Далер Назар вориди арсаи ҳунари ҳирфаӣ (касбӣ) шуд, мусиқии мудерни Тоҷикистон таҳти султаи тамому камоли саксафон ва созҳои кўбаӣ (зарбӣ)-и ғарбӣ қарор дошт. Далер, ки аз ҳамон оғоз пайдо буд, ҳарфи тозае барои гуфтан дорад, дафу рубоб ва найи тоҷикиро бо навои созҳои ғарбӣ даромехт ва, ба истилоҳ, тарҳи нав дарандохт, ки ба дилҳо нишаст. Равиши ғайримутаъориф (ғайриъодӣ)-и Далер дар мусиқӣ борҳо ўро омоҷ (ҳадаф)-и интиқодҳо қарор дода буд. Чун вай як овозхони маъмўлӣ набуд, балки фарзанди вазири фарҳанги вақту домоди дабири аввали Ҳизби Кумунисти Тоҷикистон буд ва интизор намерафт, ки ў бо хатти машй (сиёсат)-и расмӣ дар заминаи мусиқӣ сари созгорӣ надошта бошад. Саранҷом, издивоҷи нахусти ў ба нокомӣ анҷомид, аммо Далер роҳу равиши худвижаашро раҳо накард.
 
Далер Назар ҷавоизи аввали бисёре аз ҷашнвораҳои мусиқӣ дар паҳнаи шўравиро ба худ ихтисос дод ва оҳангҳои порсиро сари забони русҳову укроиниҳову узбакҳову қазоқҳову қирғизҳо ва дигар ақвоми Иттиҳоди Шўравӣ нишонд. Ҳамин ҳоло ҳам аҷаб нест агар дар ҷараёни сафар ба шаҳрҳои Узбакистону Туркманистону Қазоқистону Қирғизистон оҳангҳои Далер Назарро дар кўчаву хиёбонҳо ва рестуронҳо бишнавед. Ў дар ҳамаи ин кишварҳо шинохташуда аст ва “овозхони худӣ” маҳсуб мешавад. Овозхонҳои он кишварҳо бо ифтихор оҳангҳои Далерро бозхонӣ мекунанд. Далер Назар ба кишварҳои дурдасте чун Фаронсаву Испониё ва Олмону Ҳунг Кунг ҳам сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
 
Далер Назар овози мунҳасир ба фард (беҳамто)-е дорад, аммо ҳунари умдаи вай оҳангсозист, ки дар боло зикри вижагиҳои он баихтисор рафт. Тайи солҳои ахир Далер Назар бештар машғули офаридани мусиқии филм аст. Мусиқии филмҳои маъруфи “Падар маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худоназаров ва “Ҷанги тарёк”-и коргардони афғонистонӣ Сиддиқи Бармак аз офаридаҳои ўст. Ва ҳамакнун вай дар ҳоли сохтани мусиқӣ барои сериоли “Умари Хайём” аст, ки филмсозони рус дар Эрон тавлид мекунанд.
 
Яке дигар аз ҳунарҳои Далер Назар, ки дар муқоиса бо овозхониву оҳангсозии ў камрангтар аст, бозигарист.   Вай дар даҳаи 1980 дар филми тоҷикии “Маҳбуб” нақши аслиро офарид ва солҳои пас аз он нақши аслӣ дар филми “Секс ва фалсафа”-и Муҳсини Махмабофро иҷро кард.
 
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Далер Назар, ки нудратан ба хабарнигорон мусоҳиба медиҳад, аз зиндагӣ ва корномааш мегўяд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Tojiki gharib، 2010/08/31
Tashakkuri ziyod baroi guzorish. Khele bolida az on shudam ki suhbati sitorai khud Daler Nazarovro shunidam. U iftikhori tamomi mardumi tojik ast va khudovand umri darozash nasib gardonad to mo mukhlisonashro boz ham shod kunad.
- Як корбар، 2010/07/24
Charo darbora Shabnam namenavised?
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.