Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Чакомаи гесӯ
Парвиз Аминов

Мӯи баланди занон пеши эрониёни бостон писандида будааст. Шояд боризтарин намунаи он достони Золу Рӯдоба бошад, ки зеботарин лаҳзаи ошиқонааш ба каманди гесӯвони Рӯдоба бармегардад:

Каманде гушод ӯ зи сарви баланд,
Ки аз мушк аз он сон напечад каманд.
Хам андар хаму мор бар мор бар,
Бар он ғабғабаш нор бар нор бар.
Бад-ӯ гуфт: Барёзу баркаш миён,
Бари шер бугшою чанги киён.
Бигир ин сияҳ гесӯ аз як сӯам,
Зи баҳри ту бояд ҳаме гесӯам.
Нигаҳ кард Зол андар он моҳрӯй,
Шигифте бимонд андар он рӯю мӯй...

Албатта, Зол бо он бозӯву ёл хиёл надошт, ки ба он гесӯвони баланд ба манзуре ҷуз ишқу меҳр даст биёзад. Каманде барафканд ва бар фарози борӯ (қалъа) рафт, то ба руху гесӯи Рӯдоба бӯса занад.

Алоқа ба мӯи баланди бонувон дар адабиёти шӯравии Тоҷикистон ҳам мубарҳан буд. Ривояте ҳаст, ки Боқӣ Раҳимзода, аз шоъирони баноми даврони шӯравӣ, рӯзе яке аз духтаронашро дар муқобили ойина дар ҳоли кӯтоҳ кардани мӯяш мебинад ва бадоҳатан месарояд:

Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур,
Кокулони мушкбӯятро мабур...

Ин шеърро Ҷӯрабеки Мурод, овозхони машҳури он даврон, табдил ба таронае мондагор кард, ки имрӯз ҳам дар гӯшаву канори Тоҷикистон шунида мешавад.

Ва ин танҳо намудори алоқа ба мӯи баланди бонувон дар Тоҷикистон нест. Ҳамасола дар ин кишвар мусобиқаҳои мӯи баланд баргузор мешавад, ки дар онҳо на танҳо тӯли мӯй, балки наҳваи ороиши он ҳам арзёбӣ мешавад. Чун мӯи баланд аз соҳибаш дар канори ҳавсала, ҳунар ва тавоноии оро доданро низ мехоҳад.

Ахиран дар Тоҷикистон ҷашнвораи саросарии “Чакомаи гесӯ” баргузор шуд, ки ҳадафи умдаааш намоиши мӯи баланди ороста буд. Дар ин маросим духтарону занон аз манотиқи мухталиф, ороиши мӯи баландро ба намоиш гузоштанд. Ороиши умдаи мӯи баланд миёни занони тоҷик мавсум ба “майдабофӣ”аст. Модарон ё машшотаҳо мекӯшанд мӯи духтаронро ба чиҳил борика бахш кунанд ва ҳар кадомро ҷудогона бибофанд. “Чиҳил кокул” дар адабиёти фулклурики Тоҷикистон яке аз тавсифҳои духтари зебост.

Дар ҷашнвораи “Чакомаи гесӯ” ҳам бахшҳое аз мусобиқа ба ҳамон адади мармузи чиҳил ишора мекард, ба монанди “Арӯси хушқаду чилкокули ман”ва “Санами чилкокула”, дар канори бахшҳое чун “Таровати мӯй” ва “Олами шабранг”. Духтарон дар канори намоиш ва ороиши мӯй ҳунарнамоӣ мекарданд; овоз мехонданд ва мерақсиданду саҳнаҳое аз маросими арӯсиро ба намоиш мегузоштанд.

Гузориши тасвирии ин сафҳа саҳнаҳоеро аз ҷашнвораи ахири “Чакомаи гесӯ” дар шаҳри Душанбе нишон медиҳад.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Як корбар، 2010/12/31
zebotarin dukhtaroni rui jahon - tojikdukhtaron meboshand! Tajikistan forever!
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.