Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Зане пушти фармон
Сафаралии Мирзо

Шояд дар ҷавомеъи дигар дидани зан пушти фармони мошин хеле шигифтангез набошад. Аммо дар шаҳристонхои Тоҷикистон ронандагии занон ҳанўз як амри нодир аст. Албатта, дар замони Шўравӣ ҳам занони ронанда доштем, аммо бештарашон дар шаҳрҳои бузург буданд. Дар тасаввури ғолиби мардуми рустоҳову шаҳристонҳо ронандагӣ ҳамчунон дар инҳисори мардон аст ва занонро бо он набояд миёнае бошад.
 
Дар як чунин муҳите дидани зани солманде, ки 30 соли умрашро пушти фармони мошин сипарӣ карда, ҳайратовар аст. Соро Қодирова аз ноҳияи Восеъ дар ҷануби Тоҷикистон, на танҳо ронанда аст, балки токсӣ ҳам меронад ва ҳамарўза боъиси шигифтии мусофиронаш мешавад ва шояд рўзона маҷбур бошад достони зиндагиашро борҳо ва борҳо барои мусофирони кунҷковаш таъриф кунад.
 
Хонум Соро, замоне ки донишҷўи риштаи иқтисоди русто буд, ҳамзамон ронандагиро ҳам фаро гирифт. Пас аз хатми донишгоҳ дар колхоз ё мазореъи иштирокии русто кор мекард ва аз бас кораш хуб буд, мақомот як худрав (мошини сабукрав)-и шахсӣ ба ў ҳадя доданд. Вақте ки Шўравӣ аз ҳам пошид, ва ҳамин тавр мазореъи кишоварзӣ ва иқтисоди русто, хонум Соро тасмим гирифт кори мазраъаро канор бигзорад ва бо мошинаш мусофиронро ҷобаҷо кунаду даромади бештаре дошта бошад. Акнун ў рўзона 70 сомонӣ, муъодили 15 дулори омрикоӣ даромад дорад ва агар дар мазраъаи рустоиаш монда буд, шояд дар моҳ ҳам ин қадр дастмузд намедошт.
 
Соро ба таваҷҷуҳи беш аз ҳадди мусофирону роҳгузарҳо одат кардааст, аммо мардум ҳанўз бо ҳузури як ронандаи зан хў нагирифтаанд ва ҳамеша ҳайратзада ба ў хира мешаванд. Натиҷаи ин таъаҷҷуб навъе шефтагӣ ва алоқаи мусофирон ба ўст. Ҳама дўст доранд мусофират дар мошини як ронандаи занро таҷруба кунанд ва шоҳиди маҳораташ бошанд ва бибинанд, ки ронандагии Соро бо ронандагии ҳампешагони мардаш тафовуте дорад ё на.
 
Ронандгони мард ҳам ҳаргиз бо хонум Соро чашму ҳамчашмӣ (рақобат) надоранд ва аз ин ки шумори муштариёни ў бештар аст, озурда нестанд. Ҳамин ки худрави хонум Соро дучори мушкиле мешавад, ба кумакаш мешитобанд ва мошинро сари роҳ таъмир мекунанд.

Соро шавҳар ва шаш фарзанд дорад ва дар канори ронандагӣ хонадорӣ ҳам мекунад. Ў дар посух ба таъаҷҷуби занони дигар, ки чӣ гуна аз паси ин ҳама кору таклиф бармеояд, мегўяд, ки ҳар зани дигар ҳам қодир ба ронандагӣ аст. Ба эътиқоди ў, мушкил дар нигоҳи мардон аст, ки намехоҳанд занонашон пушти фармон бинишинанд.

Соро мегўяд, таъаҷҷуби мардон аз ронандагии ў ба ҳаддест, ки ҳатто маъмурони пулиси роҳу роҳнамоӣ (бозрасии автомобилӣ), вақте мошинашро нигаҳ медоранд, пеш аз ин ки ба гувоҳиномааш нигоҳ кунанд, аз ў мепурсанд чӣ муддате машгули ин кор буда ва зодаи куҷост. Мазийяти зан будани ронанда, ба гуфтаи хонум Соро, замоне эҳсос мешавад, ки маъмурони трофик (БДА) аз лағзишҳои ў чашм мепўшанду аз ў ҷарима намехоҳанд.
 
Дар гузориши муссавари ин сафҳа хонум Соро ва ҳамкорону мусофиронашро мебинед.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- петя، 2010/04/28
Бисёр душворфахм барои мардум. Чи даркор аклаки карда истилоххои мардуми Эронро истифода кардан дар мавриде, ки шеваи точикии мо дорои хамаи мазмуну, истилову, калима хаст. Ман нафахмидам максади шумо нишон додани сатхи забондонии шуморо нишон медихад ё шумо мехохед ба мардум кумак кунед,,, Ба хар сурат, ташаккур барои мехнати сарф гашта...
- Як корбар، 2010/04/22
Cаффи чунин занон дар Душанбе зиёд шудагй хастанд, ки ронандаи автомашинаи сабукраванд!
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.