Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Зуболаҳои Теппаи Самарқандӣ
Абдулфаттоҳ Шафиев

Дар Тоҷикистони Шӯравӣ бо фосилае андак аз чанд муҷтамаъи маскунӣ майдони кӯчакеро ба зубола (ахлот)-и маҳалла ихтисос медоданд. Чанд зарфи бузурги филизӣ дар маркази майдон қарор дошт ва мардуми маҳалла зуболаҳои худро даруни он зарфҳо мерехтанд. Мошинҳои бории бузург ду-се бор дар ҳафта ба таври муназзам меомаданд ва зарфҳоро холӣ мекарданд.

Дар сохтмонҳои баланд, ки тараддуди мардум ба поину боло безаҳмат набуд, лӯлаҳои дарозе насб шуда буд, ба гунае, ки мешуд аз дохили ошпазхонаи ҳар опортумоне муҳтавои сатли зуболаро ба даруни он лӯла холӣ кард ва дари лӯларо баст.

Бо ба ҳам рехтани авзоъ дар кишвар кори тахлияи зуруфи зуболаҳо ҳам дучори таъхирҳои тӯлонӣ мешуд. Дар натиҷа, танаффус дар канори майдонҳои зубола бавижа дар фасли гармо таҳаммулнопазир буд ва дидани гаштугузори мӯшҳои саҳроӣ перомуни онҳо шигифтангез набуд. Гоҳ мӯшҳо аз ошпазхонаи опортумонҳо сар дармеоварданд ва боъиси дарди сари сокинони сохтмонҳои баланд мешуданд.

Акнун авзоъ дар шаҳри Душанбе нисбатан беҳтар шудааст. Зуболаҳоро, ки тоҷикон “партоб” мегӯяд, дар аксари маҳаллоти пойтахти Тоҷикистон зуд-зуд ҷамъ мекунанд.

Оқои Абдулқуддус Музаффаров, як мақоми шаҳрдории Душанбе, мегӯяд, бино ба як мусаввабаи вижаи шаҳрдорӣ, зуболаҳоро бояд ҳар рӯз ва ҳадди аксар дар ду рӯз як бор ҷамъ бикунанд.

Оқои Музаффаров, ки муъовини идораи муҳити зисти шаҳрдории Душанбе аст, мегӯяд, ниҳодҳои марбута ҳар рӯз маҳалли зуболаҳоро бозрасӣ мекунанд ва ба шахси шаҳрдор гузориш медиҳанд.

Равшан нест, ки бозрасони муҳити зист ба шаҳрдор чӣ мегӯянд, вале яқин аст, ки фармони шаҳрдорӣ дар мавриди тахлияи зуруфи зубола дар ҳамаи маҳаллоти пойтахти Тоҷикистон ба дурустӣ риъоят намешавад.

Сокинони бархе аз маҳаллаҳо шикоят мекунанд, ки зуболаҳояшон то чандин рӯз анбошта мемонад ва ё танҳо дар остонаи баргузории барномаҳои саросарии давлатӣ зарфҳо холӣ мешавад.

Чанд сол пеш таъхир дар ҷамъоварии зубола боъиси бурузи бемориҳои вогирдори мухталиф ва афзоиши теъдоди мӯшҳои саҳроӣ дар сохтмонҳои маскунӣ шуда буд, ба андозае, ки барои мубориза бо мӯшҳои саҳроӣ дар сатҳи шаҳр барномае вижа пиёда шуд.

Таъхир дар ҷамъоварии зуболаҳо дар баъзе маҳаллотро мақомот ба мушкили ҳамлу нақл нисбат медиҳанд ва зимнан сокинонро низ муқассир медонанд, ки зуболаҳоро на дар макон ва замони таъйиншуда, балки дар ҳар ҷо ва ҳар замоне, ки пеш омад, меандозанд. Расман аз сокинон тақозо шудааст, ки зуболаҳои худро дар соъоти шаб берун бибаранд, то субҳи зуд маъмурони шаҳрдорӣ онҳоро бо худ ба “Теппаи самарқандӣ” бибаранд.

“Теппаи самарқандӣ” номи маҳалли нигаҳдории кулли зуболаҳои шаҳри Душанбе аст, ки тақрибан даҳ килуметр берун аз шаҳр воқеъ аст. Замоне ки он ҷо зуболадонии кулли шаҳр таъйин шуда буд, маҳаллоти маскунӣ аз он фарсангҳо фоисла доштанд. Аммо бо густариши доманаи шаҳри Душанбе акнун фосилаи “Теппаи самарқандӣ” аз наздиктарин маҳалли маскунии атрофи он бештар аз як килуметр нест. Мусалламан, як чунин мавқеъияте барои анбӯҳе аз зуболаҳои чандинсола муносиб нест. Зуболаҳои Душанбе маъмулан дар ҳамон ҳолати ибтидоии худ аз чанд даҳа пеш рӯйи ҳам хобидаанд ва мавриди фароварии дубора қарор намегиранд. Тибқи омори расмӣ дар як моҳи тамом аз шаҳр чизе ҳудуди шаст то ҳафтод ҳазор метри мукаъъаб зубола берун меояд.

Гузориши мусаввари ин саҳфа ҳовии тасвире аз “Теппаи самарқандӣ” ва маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Душанбе.

Ин гузориш бори нахуст рӯзи 03.06.2008 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.