Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Суқути як худогуна
Дориюши Раҷабиён

Ин матлаб бори нахуст рўзи 22.04.2008 мунташир шуда буд ва акнун бо тағйире андак ба хатти сириллик бозчоп мешавад.

Аз нахустин рўзе, ки по ба мадрасаи Тоҷикистони Шўравӣ ниҳодам, нишони кўчаке бо акси Ленин дар кўдакиро, ки рўи ситорае насб шуда буд, сари синаам заданду ҳисси вафодорӣ ба иде (ғоя)-ҳои Ленинро дар зеҳнам санҷоқ карданд.
 
Омўзгорон ҳамарўза батакрор мегуфтанд, ки неъмати омўзишу парвариш аз мероси Ленин аст ва агар Ленин набуд, хонаҳои мо торик мемонд. Ба чароғ “нури илйичӣ” мегуфтем. Номҳои тозаи МЭЛС (кўтоҳшудаи Моркс, Энгелс, Ленин ва Столин), Влодлен (Влодимир Ленин), Вили (Владимир Ильич) ва Морлен (Моркс ва Ленин) дар миёни мардумони тоҷику рус ва ўзбак маъмул шуда буд.
 
Тоблуҳои азим, шиъорҳову навиштаҳову тандисҳои мутаъддиди “доҳӣ” ба ҳеч рўй иҷоза намедод, ки як рўзи даврони кўдакиам бидуни ёде аз Ленин бигзарад.
 
Ҳашт сол бештар надоштам ва узви созмони “октябрзодаҳо”-и мадраса будам, ки дар ҳамаи мадориси Иттиходи Шўравӣ вуҷуд дошт ва марҳалаи баъдӣ узвият дар созмони комсомол (кумунистҳои ҷавон) буд ва баъд аз он, агар шонс меовардем, қарор буд кумунист шавем ва дар иҷрои идеҳои Ленин бикўшем.
 
Рўзе, ки як ҳамклосиам рў ба пуртре (портрет)-и Ленин дашноми қабеҳ ба забон овард, фикр кардам ҳамин ал-он забонаш хоҳад афтод ё балои осмоние ба сарвақташ хоҳад расид. Аммо чунин нашуд ва ман дар шигифт мондам.
 
Дар синни нуҳсолагӣ се моҳ дар Маскав дарс хондам. Пас аз бозгашт ба Душанбе манро аз як клос ба клоси дигар мебурданд ва мехостанд аз ҷалоли оромгоҳи Ленин ва ҷасади мўмиёии ў бигўям. Ба донистанҳои ман, ки бо обу ранги Ленин дўстона баён мешуд, ҳама бо валаъ гўш медоданд.

Бародарам ки издивоҷ кард, мисли ҳар тозадомоди дигаре бо арўсаш пои тандиши бузурги Ленин дар шаҳри Душанбе рафтанд ва дастагуле гузоштанд. Пешорўи Ленин даф задему пойкўбӣ кардем.
 
Чирагии McDonald’s бар Ленин

Аммо дар соли 1990-и мелодӣ, бо ин ки ҳамчунон дар ҳамон мадраса будам, тассавурам аз Ленин заминитар шуда буд. Дар рўзномаҳо матолибе чоп мешуд, ки аз хатоҳои низоми Шўравӣ ва пешвоёни он мегуфт.

Бо вуҷуди ин, ҳисоби Ленин аз Брежневу Столину ғайра ҷудо буд. Ҳолаи тақаддус – ҳарчанд камнур - ҳамчунон даври сараш боқӣ буд. Вале матбуъоти Русия андак – андак он ҳолаи тақаддусро ҳам мешикаст ва хислатҳое чун қасовати қалбу тангназариро ба Ленин нисбат медод, ки дар гузашта зикри онҳо куфр маҳсуб мешуд.

Тибқи одати ҳар инсони шўравӣ, ин бор ҳам ки гузорам ба Маскав уфтод, ба зиёрати оромгоҳи Ленин рафтам. Саффи боздидагон басе кўтоҳтар аз гузашта ва ҳатто кўтоҳтар аз саффи даккаи ҷадиди McDonald’s-и канори Майдони Сурх буд.
Кормандони музеи маъруфи Ленин дар ҳошияи Майдони Сурх ба тарафдорӣ аз бақои музе имзо ҷамъ мекарданд. Ман ҳам зери тўмор (петитсия) имзо кардам. Бо ин ки дигар пайрави Ленин набудам ва ҳатто гароишҳои мухолифи ленинизм доштам ва медонистам музе саранҷом баста хоҳад шуд; аммо намехостам торих фаромўш шавад. Он тўмор бар умри музе фақат чаҳор сол афзуд. 

Реҳлати дубораи Ленин

Як сол пас аз он (1991) тақаддуси Ленин дар Тоҷикистон, ҳамроҳ бо муҷассамаи аслии раҳбари булшевикҳо дар маркази Душанбе шикаста шуд. Узбакистон як сол баъд даст ба ин иқдом зад ва тандисхои Ленин дар саросари Иттиҳоди Шўравӣ ғалтидан гирифтанд.

Бо ҳамон шитоб уббуҳат (шукўҳ)-и Ленин ранг мебохт ва раҳбари булшевикҳо аз маснади волои инсон-худои хатонопазири парастиданӣ ба пояи як инсони мирои пурхато суқут кард.

Дар марги ному корномаи Ленин ашки фаровоне рехта шуд ва марсияҳои зиёде ба ҳама забонҳои Шўравӣ суруда шуд. Аммо зоҳиран китоби торих, бепарво аз андўҳи дўстдорони Ленин, дошт варақ мехўрд ва як кеши шахсияти дигар, ки гумон мерафт ҷовидона бошад, дар ҳоли фурў рехтан буд.

Дар паи он шаҳрҳое, ки номи Ленинро доштанд, шитобон ба номҳои пешини худ баргаштанд. Шаҳри Петругрод, ки соли 1924 пас аз даргузашти Ленин, Ленингрод шуда буд, бар сар бозгашт ба номи асбақи худ (Санкт- Петербург) ба ду пораи тақрибан ҳамсанги мувофиқ ва мухолиф тақсим шуда буд. Муҳимтарин солҳои зиндагии Ленин бо ҳамин шаҳр пайванд хурдааст.

Дар соли 1991 55 дарсади ҷамъияти ин шаҳр ба тарафдорӣ аз номи Санкт-Петербург раъй доданд ва номи шаҳр тағйир кард.

Шаҳри Ленинободи Тоҷикистон бо сарусадои камтар ба номи қаблии худ, Хуҷанд, баргашт ва устон (вилоят)-и Ленинобод дар соли 2002 Суғд ном гирифт.

Тозатарин зарба ба кеши шахсияти Ленин дар Тоҷикистон сарнагунии охирин тандиси ў дар шаҳри Душанбе буд, ки дар поёни моҳи фаврияи соли 2008 анҷом гирифт ва дар паи он Абу Абдуллоҳи Рўдакӣ ҷойгузини ў шуд.
 
Ин тандиси Ленин нахустин муҷассамаи раҳбари булшевикҳо дар Тоҷикистон буд, ки соли 1926, ду сол пас аз марги Ленин, насб шуд. Онро бо қатор аз Санкт-Петербург ба шаҳри Тирмизи Узбакистон ва сипас аз он ҷо бо шутур ба шаҳраки Душанбе ҳамл карда буданд.

Ленин - намоди нустолжӣ

Аммо огози поёни асри ленинизм аз “гласност” (ошкоргўӣ) ва “перестройка” (бозсозӣ)-и Михаил Горбачёв моя гирифтааст. Горбачёв, ба унвони як ҳаводори пуршўру ҳарорати Ленин муътақид буд, ки Ҳизби  Кумунисти Шўравӣ аз омўзаҳои Ленин фосила гирифта ва фосид шудааст.

Ў таҳти шиъори бозгашт ба ленинизми ростин даст ба ислоҳот зад, ки пояҳои кеши шахсияти Ленинро мутазалзил кард, ғофил аз он ки ин кеши шахсият, пояи кулли низом буд ва бидуни он ҳифзи Иттиҳоди Шўравӣ номумкин мешуд.

Дар паи гусастагии шерозаҳои ленинизм ва Иттиҳоди Шўравӣ ҷумҳуриҳо ба истиқлоли хоставу нохоста расиданд ва бозпас роҳеро пеш гирифтанд, ки бо зуҳури Ленин раҳо карда буданд.

Ному тасвири Ленин имрўз ҳам дар маконҳои мухталифи Маскав ба чашм мехурад; дар хилоли хашми ҳаводорони солманди Ленин, ному тасвири Ленинро метавон дар фаровардаҳои ширкатҳои сармоядорие ба монанди «Мак Ленинз» дид, ки тасвири раҳбари булшевикҳоро зери ҳарфи заррини “М”-и Макдоналдз қарор додаанд. Акнун ба ҷои китобҳои мутаъддиди Ленин бештар водка ва Ти-шерт (футболка)-и Ленинро метавон дид. 

Аммо бар сари он ҳама мудофеъони сахткўшу сахтҷони Ленину ленинизм чӣ омад? Оё шўру шавқи онҳо маснўъӣ ва замонасозона буд? Бо нигоҳе ба гузашта ва таҷрубаи зиндагӣ дар кишваре ленинӣ метавонам бигўям, ки эҳсосоти мардуми одӣ умдатан самимӣ ва содиқона буд? Ҳатто ҷунбишҳои мухолифи кумунизм, дар ҳоле ки ба сиёсатҳои раҳбарони вақти Шўравӣ метохтанд, нудратан Ленин ва ақоиди ўро ба чолиш мекашиданд. Аммо бо гушуда шудани розҳои  магўи Ҳизби Кумунист ва огоҳии мардум аз он чи намедонистанд, кеши шахсияти Ленин ба фано расид ва як ҳақиқати содаи торих такрор шуд, ки ҳар кеши шахсияте фонӣ аст.

Воқеъиятҳои талхи имрўз дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Шўравӣ, бисёреро гирифтор нустолжии даврони осудатари шўравӣ карда, аммо андак касе эътиқод пешинаш ба Ленинро ҳифз кардааст. Аз тақдиси Ленин дигар хабаре нест.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.