Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Дидор аз сарзамини ниёгон
Маҳсо Ҳидоятӣ

Росташро бигӯям, вақте шунидам, ки фурсати дидор аз Тоҷикистон ва кору зиндагӣ дар он кишвар ба ман даст дода, нахустин вокунишам ин буд, ки “ҳоло ин кишвар куҷои дунё ҳаст?”

Дар гузашта номи ин кишварро шунида будам ва ғолибан ба унвони яке аз “истон”-ҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин, ва шинохти маҳдуди ман аз ин кишвар ҳамвора бо равобити он бо Русия гиреҳ мехурд. Вақте дарёфтам, ки Тоҷикистон дар гузаштаҳои дур бахше аз Эронзамин буда ва тоҷикҳо то кунун ба гӯишҳои форсӣ суҳбат мекунанд, дарвозаҳои як ҷаҳони дигар ба рӯям гушуда шуд. Ҳар чи бештар торихи Тоҷикистонро мутолеъа мекардам, ба ҳамон андоза камтар эҳсос мекардам, ки дорам ба як кишвари ғариба сафар мекунам. Ва ин фикр осудаам мекард.

Ҷолиб буд, чун ба маҳзи ин ки по ба хоки шаҳри Душанбе гузоштам ва мардумеро дидам, ки ба забони падару модари ман суҳбат мекарданд, эҳсоси оромишу амнияти аҷибе ба ман даст дод. Аз меҳмоннавозию меҳрубонии мардуми тоҷик ба хориҷиҳо, аз ҷумла худи ман, шигифтзада шуда будам. Табиъати гарми мардум маро ба ёди сафарҳоям ба Эрон андохт. Ва ҷолибтар ин буд, ки то мизбононам дар ҳар ҷои Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ман эрониам, бедиранг бо ман ба унвони як худӣ бархурд мекарданд; дуруст мисли он ки бо як духтаръаму (духтаръамак)-и азизат бархурд мекунӣ.

Ҳамчунин эҳсос кардам, ки сарфи назар аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 шаҳри Душанбе ҳамчунон ҳолу ҳавои шӯравӣ дошт; сохтмонҳои шӯравӣ дар имтидоди хиёбони Рӯдакӣ, тиккаҳои русӣ дар забони рӯзмарраи мардум ва ғизоҳои русӣ, ки ҳанӯз дар миёни ҷамъияти ин кишвар маҳбуб аст, ин эҳсосро илқо мекард.

Шунида будам, ки Душанбе дар замони шӯравӣ як шаҳри пурҷунбуҷӯш ва зиндае буда, вале дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги дохилӣ бисёре аз тоҷикҳо, аз ҷумла равшанфикрон, хонаву кошонаашонро дар Тоҷикистони билотаклиф раҳо карданд ва ба диёри ғурбат шитофтанд. Ба ростӣ, гоҳ он халаи ношӣ аз ҷангро дар хиёбонҳои Душанбе эҳсос мекардам. Ҳамеша ба худам фикр мекардам, ки чи қадр ҷои он тоҷикҳои ғариб дар шаҳрашон холист ва ин ки агар дар кишварашон монда буданд, чи нақши муҳимме метавонистанд дар тавсеъаи Тоҷикистон бозӣ кунанд.

Чун бештари давраи иқоматамро дар вилояти Бадахшон мондам, бо минтақае ошно шудам, ки барои ҷаҳони хориҷ, ҳатто барои бисёре аз тоҷикҳои берун аз Бадахшон, ношинохта аст. Ман барои Бунёди Оқохон кор мекардам, ки дар шаҳри Хоруғ мустақар буд. Вале ба иқтизои коре, ки мекардам, тақрибан ба ҳамаи ноҳияҳои ин вилоят сар задам ва дар ҷараёни дидорҳоям абъоди тозае аз торихи мардуми эронӣ ва эронитабор бароям ошкор шуд.

Ин минтақаи кӯҳистонӣ шояд румонтиктарин ва шигифтангезтарин маҳалле бошад, ки то кунун дидаам. Бо таваҷҷуҳ ба шароити сахти зиндагӣ дар кӯҳистони баланди Бадахшон, саноеъ дар ин минтақа пешрафти чандоне надоштааст ва гӯё ҳама чиз худодод асту дастнахурда. Гӯӣ кӯҳҳову рӯдҳову боғҳову мазореъу уқобҳои тилоӣ ба забони зебоӣ бо кас сухан мегӯянд. Ман ба ростӣ эҳсос кардам, ки лояе жарф аз хирад дар унсурҳои ин минтақа реша дорад; хираде, ки порае аз он дар худи ин унсурҳо реша дорад ва порае дигар ношӣ аз фармонравоии ҷаҳонгирони бешуморест, ки дар тӯли торих аз ин минтақа убур кардаанд ва аз худ осоре баҷо гузоштаанд.

Падарам гуфта буд, ки дар замони бачагиаш дар Эрон шунида буд, ки шаҳри Хоруғ – маркази устони Бадахшони Тоҷикистон таваққуфгоҳ ва истироҳатгоҳи импротурҳо будааст. Яъне то ба Хоруғ мерасиданд, даст аз лашкаркашӣ бар медоштанд ва даме меосоиданд. Маҳалли “хурак” буда; истодану хурдан. Ва гӯё вожаи Хоруғ ҳам аз ҳамон муштақ шудааст. Сарфи назар аз сиҳҳату суқми ин таъбир, зери радифи бепоёне аз дарахтони зардолуи шаҳри Хоруғ маъмулан сипоҳиёни гаронбори Эрони бостонро муҷассам мекардам, ки дар ҳоли осоишу шеърхонианд, то даме, ки дар бағали кӯҳҳои бошукӯҳ ва рӯдҳои хурӯшони атрофашон ба хоб фурӯ раванд. Ин хок як гироию дилрабоии румонтики шадид дорад, ки ман ба санги маъруфи лаъли Бадахшон ташбеҳаш кардам.

Бадахшон дар замони шуӯравӣ як “вилояти худмухтор”-и Тоҷикистон буд ва акнун ҳам ҳамин номро дорад. Забони модарии бештари мардуми ин минтақа форсии тоҷикӣ ё русӣ нест, балке анвоъе аз забонҳои эронист, ки мухтасси ҳар як аз водиҳои маҳсур ба кӯҳҳои Бадахшон аст. Ва ин ҷолибтарин ёфтаи ман дар минтақа буд, ки мардуми Бадахшон ҳамчунон ҳафт забони эронии бостонӣ, аз ҷумла шуғнию вахонию рӯшонию ишкошимиро зинда нигаҳ доштаанд. Нахустин бор, ки суҳбатеро ба забони шуғнӣ шунидам, таъаҷҷуб кардам. Чун намефаҳмидам чи мегуфт, вале навои каломашро эҳсос мекардам; навое шабеҳи вазни каломи форсӣ. То аз торихи забони шуғнӣ ва гӯишҳои дигари бадахшӣ огоҳ шудам, маъмулан эҳсос мекардам, ки дар миёни аҷдодам ба сар мебарам.

Зиндагӣ дар Бадахшон ва Душанбе ду таҷрубаи мутафовит буд, вале ҳар ду таҷруба ба ман кумак кард, ки Тоҷикистонро беҳтар бишиносам ва арҷ бигзорам ва пайванди он бо Эрону торихи Эронзаминро дарёбам. Фикр мекунам, сафар ба кишваре ба он зебоӣ фурсати нодире буд, ки ба ман даст дод ва маро бо мардуме, ки бо Эрон пешинае муштарак доранд, пайванд дод.

Пас аз бозгаштам ба Конодо тасмим гирифтам бархе аз аксҳоеро, ки дар Бадахшон бардошта будам, дар муассисаи “Китоби Эрон” дар Мунтреол ба намоиш бигзорам, ки чанде аз онҳоро метавонед дар гузориши мусаввари ин сафҳа бибинед.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.