Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Меваи бузурги хушбӯ

Чи бигӯям сифати харбузаи хоразмӣ,
Ки назираш набувад дар ҳама Чину Булғор

Бусҳоқи Атъама, шоъири шерозии қарни нуҳуми ҳиҷрӣ, ин байтро дар васфи харбузаи хоразмӣ суруда, ки шояд ҳамон харбузаест, ки бо номҳои балхӣ ва шахдаву ҳоқонӣ ва машҳадӣ ҳам хонда шудааст.

Дар забони форсӣ таъбирҳо, зарбулмасалҳо ва кинояҳову таркибҳо ва истилоҳоти хоссе дар бораи харбуза вуҷуд дорад, монанди: “Харбуза зери пои касе гузоштан”, “Харбуза хурдан ва пои ларзи он нишастан”, “Фикри нон кун, ки харбуза об аст”, “Дарахти гирдакон бо ин бузургӣ, дарахти харбуза Аллоҳу акбар” ва таркиби “харбузаву асал”, ки ҳама ҳикоят аз тарафи таваҷҷуҳ будани ин меваи пуроби ширин дорад. Шеърҳои “Шоҳ ангур асту султон харбуза”, ки гӯё сохтаи мардуми авом бошад ва байти Бусҳоқи Атъама нишон аз таъсири харбуза дар фарҳанг дорад.

Ин ки ин меваи хушбӯ ва бузургро “харбуза” номидаанд, ба ин далел аст, ки таркибест аз “хар” ба маънои “бузург” ва “буз” ба маънои “меваи хушбӯ”.

Харбуза, маҳсули сарзаминҳои офтобист. Аз ҳамин рӯ мардуми Эрону Афғонистону Тоҷикистон ҳамвора ба харбузаҳои худ меболидаанд ва тасаввурашон ин будааст, ки дар рубъи олами маскун ҳеч сарзамине харбузаҳои обдори ононро бар намеоварад. Аммо харбуза дар кишварҳои дигар, аз Чин гирифта то ҷануби Урупо, кошта мешавад. Аз як милюну сесад ҳазор ҳектор арозии зери кишти харбуза дар ҷаҳон ҳудуди 54 дарсади он мутаъаллиқ ба кишвари Чин аст. Табъан, бештарин тавлидро ҳам ҳамон кишвар дорад. Саҳми Эрон ҳудуди 80 ҳазор ҳектор аст, ки бештар дар Хуросон воқеъ аст (57 дарсад). Cаҳми Афғонистон ҳудуди сиву панҷ ҳазор ҳектор аст ва аз омори Тоҷикистон хабар надорем. Бо вуҷуди ин, ба таври куллӣ метавон гуфт, ки Хуросони Бузург аз ҳар ноҳияи дигаре дар Шарқ бештар харбуза тавлид мекунад.

Дар Эрон, ду ноҳия ба доштани харбузаҳои хуб маъруфанд ва сатҳи зери кишт дар онҳо бештар аз ҷои дигар аст: Хуросон ва Гармсор. Харбузаи “Айвони Кай”, ки бисёр машҳур аст, аз рустое ба ҳамин ном дар Гармсор меояд. Албатта, пас аз инқилоб Айвони Кай ба шаҳри бузурге бадал шуда ва танҳо харбузаи Машҳад бо он баробарӣ мекунад.

Ин гиёҳи равандаи бар хок танида сад ҷӯр мева бештар ба бор меоварад. Анвоъе, ки мо дар шаҳрҳо масраф мекунем, навъи ҷонсахти он аст, ки пӯсти нисбатан захим доранд ва метавонанд дар фосилаҳои дароз бо комюнҳо анбошта аз Хуросон то нуқоти дигар ҳамл шаванд ва камтар осеб бибинанд. Дар Хуросон анвоъе аз харбузаҳои ширину латиф вуҷуд дорад, ки фақат дар Машҳад ва атрофи он масраф мешавад ва ба нуқоти дигар намерасад.

Дар шимоли Афғонистон низ як навъ харбузаи пӯстнозук аст, ки “Гули най” меноманд. Ин харбуза пӯсти чандон латифе дорад, ки наметавон онро ба ҷоҳои дигар ҳамл кард. Чун наметавон ин навъ харбузаро дар комюн ва вонет рӯи ҳам қарор дод. Ҳатто бояд бо фосила аз ҳам қарор бигиранд, то дар масири роҳ такон хурданҳои комюн сабаби соидагии пӯсти он нашавад. Бад-ин ҷиҳат танҳо масрафи маҳаллӣ дорад.

Шимоли Афғонистон киштзори харбуза аст ва мардуми сарзаминҳои шимолӣ ақида доранд, ки харбуза аз он ҷо ба нуқоти дигар рафтааст. Бо вуҷуди ин, хостгоҳи харбуза равшан нест. Ба вежа он ки навъи ваҳшии он ҳам ёфт нашудааст. Дар Афғонистон, бо ин ки харбуза дар Қандаҳор ва Ҷалолободу Ҳирот мерӯяд, аммо миқдори харбузае, ки аз қисматҳои шимолӣ вориди бозорҳои мева мешавад, бисёр бештар аст; аз ин рӯ шимоли Афғонистонро сарзамини харбуза мегӯянд.

Аммо дар миёни харбузаҳои Афғонистон, навъи холдори қандаҳорӣ ширинтар ва маъруфтар аст ва зарматӣ, лурхӯй, чатрӣ ва арканӣ аз машҳуртарини анвоъи он дар Афғонистон ба шумор меояд. Тавофут дар анвоъ, ношӣ аз тарҳи рӯи пӯст, ранги дарунӣ ва берунӣ, мизони ширинӣ ва замони бардошти он аст. Зудтар аз ҳама харбузаи гарма, сабза ва зарда ва қундузу холдори қандаҳорӣ ба бозорҳои мева мерасад. Дар Тоҷикистон навъи қандак ва ҳандалаку амирӣ маъруф аст.

Дар гузашта, ки имкони ҳамлу нақл ночиз буд, маҳсулоте монанди харбуза танҳо метавонист ба бозорҳои наздик бурда шавад. Ба ҳамин ҷиҳат мизони кишти ин гуна маҳсулот маҳдуд ва хушк кардани он марсум буд. Ҳанӯз ҳам бар сиёқи гузашта миқдоре аз меваҳои хушкро дар бозорҳои Эрону Афғонистон метавон ёфт. Дар шимоли Афғонистон, ки миқдори маҳсул зиёд буд, миқдоре аз харбузаро хушк мекарданд ва дар фасли зимистон харбузаи хушкро гоҳ бо биринҷ табх мекарданду мекунанд.

Дар Тоҷикистон низ аз харбуза ҳамчун таъом истифода мекунанд ва чун харбуза ба нисбати ҳиндувона (ё ба истилоҳи мавсум дар Осиёи Миёна, тарбуз) камобтар ва нигаҳдории он осонтар аст, то замони Наврӯз низ дар хонаҳои минтақа ёфт мешуд. Дар рӯзгори мо, албатта, бо пешрафти кишоварзӣ тамоми муъодилот ба ҳам рехта ва ҳамаи меваро дар тамоми фаслҳо метавон ёфт.

Илова бар ин, кишти харбуза зери плостик ҳам боб шуда, чунонки имсол 1500 ҳектор дар Гармсор зери кишти плостик рафтааст. Бо вуҷуди ин ёдоварӣ бояд кард, ки дар замони мо, баръакси гузашта, ки аз харбуза ба ҷои таъом бахусус ҳангоми пикник дар табиъат истифода мешуд, ҳоло бештар ва бавижа дар ҳутелҳо ба сурати десерт аз он истифода мешавад.

Ҳамчунин дар рӯзгори мо, ки новгони ҳамлу нақл густариш ёфта ва содироти маҳсулоте монанди харбуза имконпазир шудааст, харбузаҳои Хуросон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтаанд. Харбузаҳои Эрон ба осонӣ вориди бозорҳои минтақа мешаванд ва харбузаҳои Афғонистон ба ғайр аз бозорҳои минтақа ба Олмон низ роҳ ёфтаанд.

Дар гузориши мусаввари ин саҳфа ҳамроҳ бо Парвиз Аминов дар Душанбе, Алии Фозилӣ дар Машҳад ва Заҳро Содот дар Кобул ба растаҳои харбузаи бозорҳои ҳар се шаҳр сар мезанем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.