Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Бозори бекорон
Хуршеди Бахшоиш

Дар соли 2009 шумори муҳоҷирони тоҷик, ки ба таври мавсимӣ дар ҷустуҷўи кор ба хориҷ, ғолибан ба Русия ва Қазоқистон сафар мекарданд, ба вузўҳ коҳиш ёфт. Ин на бад-он маъност, ки дар Тоҷикистон фурсатҳои шуғлии бештаре падид омадаву акнун ниёзи камтаре ба муҳоҷирати корӣ эҳсос мешавад. Далели аслӣ, албатта, буҳрони молист, ки гиребонгири кишварҳои санъатӣ шудаву Русия ва Қазоқистон ҳам дар ин маврид мустасно нестанд. Бисёре аз тоҷиконе, ки дар корхонаҳои ин ду кишвар кор мекарданд, акнун ҷои кори худро аз даст додаанд ва роҳе барои бозгашт ба он корхонаҳо надоранд.
 
Дар воқеъ, бахши қобили мулоҳизаи мардҳои мустаъид ба кори Тоҷикистон тӯли чандин соли ахир дар Русия кор мекарданд. Хадамоти муҳоҷирати Русия шумори онҳоро то моҳи сентябри соли 2008 расман беш аз як милюн тан эълом карда буд.
 
Мақомоти Тоҷикистон мегўянд, ҳудуди навад дарсади муҳоҷироне, ки аз Русия баргашта буданд, дубора бо фаро расидани мавсими кор қасди бозгашт ба Русияро доранд ва мизони муҳоҷират танҳо ба миқдори даҳ дарсад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи онҳо, хабарҳои мабнӣ бар рушди шадиди мизони бекорӣ дар Тоҷикистон ҳосили бузургнамоии бархе аз маҳофил зинафъ аст, то вазъияти иқтисодии кишварро вахимтар вонамуд кунанд.
 
Дар заминаи коҳиш ё афзоиши мизони муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон пажӯҳиши вижае анҷом нагирифтааст ва вазорати кор тоза тасмим гирифтааст, ки арқоми дақиқро бисанҷаду мунташир кунад.
 
Бо ин ҳол, бозори билети қаторҳо ва ҳавопаймоҳо ба мақсади Русия шохиси муносибе барои санҷидани вазъияти воқеъии муҳоҷирати корист.
 
Ҳамасола дар фасли баҳор гир овардани билетҳо ба мақсади Русия тақрибан номумкин буд, магар ин ки аз яке-ду моҳ пеш билетро мехаридед. Аммо акнун метавон ба осонӣ билети парвози ҳафтаи ояндаро ҳам харидорӣ кард ва ба гуфтаи масъулини ширкати ҳавопаймои “Тоҷикэйр”, парвозҳои ин ширкат маъмулан бо мушкили камбуди мусофирон рўбарўст ва баъзан панҷоҳ дарсади сандалии ҳавопаймоҳо холист.
 
Бархе аз коршиносон муътақиданд, ки ин ҳолат бояд боъиси нигаронии шадиди мақомоти марбута бошад, чун ҳазинаи зиндагӣ бахши азими ҷамъияти беш аз ҳафтмилиюнии Тоҷикистон то кунун бо кумакҳои молии муҳоҷирони корӣ ба хонаводаҳояшон таъмин мешавад. Маболиғе, ки то кунун аз сўи муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон ҳавола мешавад, бо беш аз нисфи будҷаи давлати ин кишвар баробар будааст.
 
Бад-ин ҷиҳат, бисёре аз созмонҳои байнулмилалӣ, хатароти ношӣ аз сарозер шудани сели муҳоҷирони бекор ба Тоҷикистонро ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки гурўҳи Буҳрони Байнулмилал дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро “кишваре дар умқи заволи иқтисодӣ” қаламдод мекунад.
 
Дар зарфи чанд соли ахир шуморе аз корхонаҳои Тоҷикистон, ки дар паи фурўпошии Шўравӣ аз кор бозмонда буданд, дубора фаъъол шуданд ва чандин корхонаи муштараки тоза ҳам таъсис шуд. Аммо буҳрони молии фарогир ба ин корхонаҳо ҳам дигар маҷол намедиҳад ва дар се моҳи нахусти соли равони милодӣ (2009) дар устони Суғд, ки маркази саноеъи кишвар аст, 39 корхона аз фаъъолият бозмонд.
 
Афзун бар ин, бозгашти муҳоҷирони бекор ба кишваре сурат мегирад, ки беш аз панҷоҳ дарсади ҷамъияти онро афроди зери ҳаждаҳ сол ташкил медиҳанд ва ҳамарўза бар теъдоди лашкари бекорон меафзоянд.
 
Гурўҳи Буҳрони Байнулмилал дар гузориши моҳи феврали 2009-и худ зери унвони “Тоҷикистон дар масири шикаст” ихтор медиҳад, ки афзоиши мизони бекорӣ метавонад ба афзоиши мавориди базаҳкорӣ ва ҷиноёт бианҷомад.
 
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа суроғи як бозори кори сода дар ҳошияи шаҳри Душанберо гирифтаем, ки бештари корҷўёнаш аз ҷумлаи муҳоҷирони бозгашта аз Русияанд.

Ин гузориш бори нахуст рӯзи 27.05.2009 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.