Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Лоиқ - шоъири шодию бедорӣ
Боқири Муъин

Лоиқ гавҳари шоъирӣ дошт. Ҳам табъаш равон буд ва ҳам аҳли фикр. Марде буд уфтода (хоксор). Оҳиста роҳ мерафт. Орому фасеҳ сухан мегуфт. Паёмаш содаву равшан буд: Аз хоби торихӣ бедор шавед ва шод бошед!

Зиндагидўсту шод буданро аз ҳамшаҳрии худ Рўдакӣ ва низ Хайём гирифта буд ва аз зорию мўя парҳез дошт. Аз шефтагии эрониён ба сўгворӣ барои касоне, ки ба гуфтаи ў, “қарнҳо пеш мурдаанд”, сахт дар ранҷ буд ва пинҳон ҳам намекард.
 
Дар худшиносӣ ва ҳувияту торих пайрави Фирдавсӣ буд. «Шоҳнома»-ро барои огоҳ кардани мардуми тоҷик ба фарҳанги ниёгон ба сурати намоишнома дар чандсад барнома барои родию тадвин кард. Дар шеъре ба номи «Васияти Фирдавсӣ» мегўяд:
 
Шоъирӣ ҳам бар масал меъморӣ аст,
Зиндагиро ҳар нафас дигар кунад.
Аҳли ҷонро дўсттар бо аҳли ҷон,
Ошиқонро боз ошиқтар кунад

Ва дар бедор кардани мардум аз хоби гарон ва хурофот ҳамроҳи Носири Хусрав ва Иқбол гом бармедошт. Дармони дарди ватан ва дарди фарҳангро дар бедорӣ медид ва мегуфт: «Мо зи хоболудагони Ховарем» ва ё шиквакунон мегуфт:

Муҳри ғуломӣ бар ҷабин, хуни ғуломӣ дар бадан,
Аз нафси инсон омада, ё наҳси Кайвон омада?

Бо забони фахим (пуршукўҳ)-и Саъдӣ ошно буд. Саъдӣ мегўяд:
 
Чунонат дўст медорам, ки гар рўзи фироқ уфтад,
Ту сабр аз ман тавонӣ карду ман сабр аз ту натвонам

ва Лоиқ мегўяд:

Чунонат рағбате дорам, ки хушкистон ба бороне,
Чунонат рўзу шаб ҷўям, ки Сино ҳалли мушкилро.
 
Лоиқ ба шоъирони имрўз низ назар дошт. Дар ситоиши меҳан ва арҷ гузоштанаш ба фарҳангу миллат нигоҳе ба Малик-уш-шуъарои Баҳор  дошт. Рагаҳое аз равонии табъ ва нақди иҷтимоъии Эраҷ Мирзоро ҳам дошт: газандаву кўтоҳу санҷида.

Лоиқ худашро аҳли замона медонист:
 
Гўянд шоъири хуб фарзанди даври хеш аст,
Баҳри замоншиносон мо худ замона ҳастем.

Ё:

То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рўдакиву ба Ҳофизи Шерозӣ?
Вақт аст сари минбари озоди сухан,
Хайёми дигар, Ҳофизи дигар созӣ!


Албатта, Лоиқ шабоҳати дигаре ҳам ба Эраҷ Мирзо дошт. Эраҷ мегўяд:

Ҳар киро рўи хушу мўи накўст,
Зиндаву мурдаи ман ошиқи ўст.

Ва Лоиқ мегўяд:

Ман аз дасти замон ҳаргиз намирам,
Ки аз дасти занон мемирам охир.

Ва мисраъи дигар дорад, ки забонзад аст: «Зи дасти хонумон бехонумонам».

Ў ошиқпеша буд ва дар бисёрнўшӣ, ки чандон ҳам пинҳон набуд, бар хеш ситам мекард. Аз ошиқпешагии Лоиқ ҳам достонҳои бисёр навиштаанд ва афсонаҳои бисёр бар сари забонҳост. Лоиқ достони ишқи худро ба рақсандае, ки ўро Сапеда мехонд, дар шеъри сапед рехт. Лоиқ, огоҳ аз маломатҳо, мегўяд:
 
Дар ин шаҳри ҷавон
Бе манораҳои баланд
Ҳоло ману ту ду манораем
Ки мардум мебинанд
Ва маломат мекунанд ману туро
Ғофил аз лаззати сармади ишқ....
 
Лоиқ соли 1941 мелодӣ ба дунё омад ва дар 50-солагӣ шоъири мардумӣ ва пуровоза буд. Касе набуд, ки ўро нашиносад. Бисёре аз сурудаҳои ў тарона ва забонзад шуда буд. Дар ҷашни 50-солагиаш тасвири номи ў бар дару девори ҳамаи шаҳрҳо ва хонаҳо буд.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои оғозини даҳаи навади мелодӣ низ бисёр Лоиқро озурд:
 
Дигаре гирад гиребони фалак,
Мо гиребони худиро медарем.
 
Ё:

Дар кўчаҳо хун рехта
Сад орзу овехта.
Хоки бузургон бехта,
Оҳ, ин чӣ даврон омада.

Ў ин сухани ҳамешагии тоҷиконро бо ҳасрати бештар мегуфт, ки "Моро ба гўшаи кўҳистоне кўчонданд, то аз Бухорову Самарқанд ва хешу табору фарҳанги худ ҷудо бошем".

Лоиқ бо таъсиси Бунёди Забон дар Тоҷикистон бо талоше амалӣ бисёр кўшид, то чароғҳои робитаро миёни мардуми форсизабон равшантар кунад. Ин бунёд дар ду даҳа пеш шояд нахустин ниҳоде буд, ки роёнае дошт, ки форсӣ менавишт.
Лоиқ мегуфт:

Тоҷику эрониву афғон чаро?
Мо дар ин дунё, ки аз як модарем!

Ва табъан шефтаи наздикии форсизабонон буд. Аммо худи ў, чунонки бояд, дар миёни дигар форсизабонон ва ба вижа ирониён шинохта нест.

Ин ношиннохтагӣ то ҳадди зиёде ба марзбандиҳои сиёсии қарни бистум, ҷудоиҳо ва надоштани таҷрубаҳои муштарак бармегардад. Аммо забони имрўза ва камбуди таҷрубаҳои муштарак, душвориҳое дар шинохти бештар пеш меоварад.

Гарчи талоши касоне чун Лоиқ барои омўзиши хатти форсӣ дар Тоҷикистон бо кундиҳое рўбарў шудааст, дунёи маҷозии Интернет то ҳадде дар ҳоли кам кардани фосилаҳост ва насли наве аз форсизабонон аз роҳи Интернет бо ҳам ошно мешаванд ва гуфтугў мекунанд.

Таронаҳои Гугуш дар филми «Дар имтидоди шаб» пешгоми ошно кардани бисёре аз форсизабонони Осиёи Миёна бо лаҳҷаи имрўзи форсии Эрон шуд. Акнун аз роҳи расонаҳои нав, аз ҷумла Интернет касоне чун Шабнами Сурайё, хонандаи тоҷик, бисёре аз форсизабонони дигарро шефтаи гўиши тоҷикии худ кардаанд. Агар Лоиқ зинда мебуд, бегумон лабханде бар лаб медошт.

 

Гузориши мусаввари ин сафҳа аз Заринаи Хушвақт дар Душанбе аст, ки шомили суҳбатҳое аз бастагону наздикони Лоиқ Шералист. Дар ин гузориш таронаҳои Лоиқро бо садои Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони саршиноси тоҷик низ мешунавем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.