Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Наққошӣ бе қаламмӯ
Озода Ҳусейнӣ

Ангуштони як ҳунарманд дар ҳар ҷое қодир аст осори зебое халқ кунад; чи бар рўи як тикка чўб, чи бар рўи як санг, чи бар рўи коғаз ва чи бар рўи сафҳаи диҷитол.

Вақте барои авалин бор ОйПад (iPad)ро дидам, фикр намекардам, ки бишавад осори зебои наққошӣ бар рўи он кашид. Ин дастгоҳ моҳи жонвие (январ)-и 2010 тавассути ширкати Апел (Apple) вориди бозор шуд, ки таҳаввули бузурге дар санъати диҷитол бапо кардааст.

Нармафзорҳои зиёде барои тасвиргарӣ чи ба рўи компютер ва чи бар Ойфун (iPhone) дида будам, вале ин барномаҳо ҳамеша барои ман ҷанбаи саргамкунанда доштанд. Вақте ҳам ки ОйПад ба бозор омад, ин тасаввур вуҷуд надошт, ки битавон ба унвони бум ё коғази наққошӣ аз он истифода кард. То замоне ки теъдоде аз ҳунармандони наққоши саросари дунё осори зебое бар рўи ин сафҳаи диҷитол халқ карданд.

Ин наққошиҳо рўи як нармафзори панҷпундии мавсум ба “Брошез” (Brushes) шакл мегиранд. Ин эъҷоз танҳо тавассути ҳунармандони ғарбӣ анҷом нашуда ва ҳунармандони эронӣ низ аз вуҷуди чунин дастгоҳе баҳра бурдаанд. Яке аз ҳамин афрод Куруши Солеҳӣ, ҳунаманди наққоши сокини Бритониёст, ки ин фурсатро ба ман дод, то тарроҳӣ ва наққошӣ бо ОйПадро ба ман нишон диҳад.

Кори Куруши Солеҳӣ бо ОйПадро мушоҳида кадам ва дарёфтам, ки ОйПад уфуқҳои тозаеро бар рўи ҳунари тарроҳӣ ва наққошӣ боз кардааст. Албатта, иддае аз аҳолии ҳунар мухолифи ҷойгузинии адавоти наққошӣ ва тарроҳии суннатӣ бо маҳсулоти дунёи диҷитол ҳастанд. Онҳо ба ин назаранд, ки истифода аз фанноварии ҷадид барои халқи осори ҳунарӣ ҳувияти асарро аз байн мебарад. Шояд ин афрод фаромўш кардаанд, ки бисёре аз он даста васоил ва абзоре ҳам, ки мо бо номи “адавоти суннатӣ” аз онҳо ёд мекунем, замоне чузъе аз фанноварӣ маҳсуб мешуданд. Шояд агар Ван Гог ё ДаВинчи ҳам имрўз зинда буданд, бадашон намеомад бо ҳамин ОйПад осор халқ кунанд.

Бо ин ҳол иддае дигар аз ҳунармандони машҳури муъосир чун Дейвид Ҳокнӣ, наққоши 82-солаи бритониёӣ, бидуни таъассуб ҳамгом бо пешрафти фанноварии рўзи дунё аз ОйПад дар ҷиҳати ҳунари худ суд ҷустаанд.

Ба ҷои ҳамли як тахтаи бузурги шоссӣ бо миқдоре коғаз ё дафтари бузурги тарроҳӣ бо як анбони пур аз рангу медод (қалам) метавонӣ ОйПадро дар кифи худ бигзорӣ ва ҳар ҷо ки бихоҳӣ, аз он истифода кунӣ.

Яке дигар аз имконоти нодире, ки рўи сафҳаи ОйПад вуҷуд дорад, тарроҳӣ бо нуки ангуштон аст. Агар ҳунарманд қодир бошад, ки бевосита бо ангуштонаш наққошӣ кунад, бо шитоби бештаре  метавонад ҳар он чи дар зеҳн дорад, тарроҳӣ кунад, аз ҳар ранге, ки бихоҳад, бароҳатӣ истифода кунад ё ҳатто бо ҳаракате сода он рангҳоро пок кунад, бидуни ин ки ниёзе ба василаи дигаре бошад.

Намунаи ин корро метавонед дар гузориши мусаввари ин сафҳа бибинед.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.