Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Тоҷикон дар ғурбат
Заринаи Хушвақт

Расман гуфта мешавад, ки шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия наздик ба 800 ҳазор тан аст, аммо бархе аз созмонҳои муҳоҷирон дар Русия ин рақамро яку ним милиюн тан унвон мекунанд.
 
Аммо аз моҳи октябри соли 2008 то кунун (августи 2009) буҳрони молии ҷаҳонӣ боъис шудааст, ки сӣ дарсади он муҳоҷирон ба зодбумашон баргарданд ва ғолибан рўзҳои худро дар ҷустуҷўи кор шаб кунанд. Шумори зиёде аз ин муҳоҷирони корӣ бидуни дарёфти ҳуқуқи худ аз корфармоёни руси худ маҷбур ба бозгашт шудаанд.
 
Аммо ҷустуҷўи нофарҷоми кор дар Тоҷикистон бисёре аз ин афродро дубора ба сўи Русия савқ медиҳад. Албатта, Русия танҳо мақсади муҳоҷирони корӣ нест. Ҷавононе, ки забони инглисӣ ё дигар забонҳои ғарбиро фаро гирифтаанд, тарҷеҳ медиҳанд ба кишварҳои ғарбӣ муҳоҷират кунанд. Вале Русия ҳамчунон мақсади аслии ҷўяндагони кор аст.
 
Он идда аз муҳоҷирони хушшонсе, ки кори худро дар Русия ҳифз кардаанд, акнун талош мекунанд хонаводаҳои худро ҳам аз Тоҷикистон ба Русия бибаранд ва зиндагии беҳтареро бо ҳам дар он ҷо таҷруба кунанд.
 
Аммо он зиндагии мавъуд ҳам холӣ аз мушкилот нест. Камтар муҳоҷиреро аз Тоҷикистон дар Русия метавон ёфт, ки аз зиндагиаш дар ғурбат розӣ бошад. Фишори иқтисодӣ тавъам бо фишори амниятии маъмурони рус ба муҳоҷирон маҷол намедиҳанд аз зиндагии худ лаззат бибаранд. Бештари онҳо мегўянд, агар дар кишвари худ шуғли муносибе медоштанд, ҳаргиз тан ба ранҷҳои ғурбат намесупурданд.
 
Мушкили умдае, ки муҳоҷирони тоҷик ва куллан афроди ғайри русро дар Русия озор медиҳад, нажодпарастӣ аст. Ҳамасола даҳҳо тан аз муҳоҷирон тавассути ҷавонони дастиростии ифротии рус захмӣ ё кушта мешаванд. Бино ба додаҳои кумисюни вижае, ки вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскавро баррасӣ кардааст, тайи соли 2008-и мелодӣ дар ин устон (вилоят) ҳудуди як ҳазор тоҷик дар шароити мухталиф ҷон доданд; 15 дарсади ин афрод кушта шудаанд, ки ҳафт дарсадашон зан будаанд.
 
Дар натиҷа дар хиёбонҳои Маскав нудратан тоҷикеро метавон дид, ки бепарво гаштугузор кунад, дар ҳоле, ки ин шаҳр мизбони ҳазорон тоҷик аст.
 
Аммо дар хиёбони Орбот, аз хиёбонҳои машҳури пойтахти Русия, шуморе аз тоҷирони тоҷикро дидам, ки бозорашон дар Русия равнақи чашмгире дорад ва бо хонуме ҳам суҳбат кардам, ки дар як ширкати маъруфи Русия кор мекунад ва ҳуқуқи хубе ҳам мегирад. Вале бештарин шумори тоҷиконе, ки дар ҷустучўи кор ба Русия рафтаанд, коргарони содаи бозорҳо ва сохтмонҳои он кишваранд.
 
Ба гуфтаи мақомоти вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон, беш аз шаст дарсади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро афроди зери 29 сол ташкил медиҳанд ва тайи чанд соли ахир 16 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Руссия ихроҷ шудаанд.
 
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа бо шуморе аз ин муҳоҷирон дар шаҳри Маскави Русия суҳбат кардаем.

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 20.08.2009 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.