Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Нахустин шоъир
Ризо Муҳаммадӣ

Солҳои сол пештар аз он ки шеъри форсӣ ривоҷ пайдо кунад, навиштаҳо ва шеърҳо ва мукотиботи мардум арабӣ буд. Ангор фарҳангу доноӣ ва дониш ҷуз ба забони арабӣ дуруст намеомад. Рӯдакӣ инқилобе буд барои тоза кардани ҳувият ва зиндагӣ ва забони мусалмонон ё мусалмоншудаҳои ғайриъараб, барои он ки бидонанд, онҳо низ мардуме соҳиби забону фарҳанг ҳастанд.

Бисёре аз нукоти марбут ба осори Рӯдакиро, албатта, мисли хеле чизҳои дигар, ховаршиносони ғарбӣ буданд, ки ба ёди мо оварданд. Донишмандони олмонӣ, инглисӣ ва русӣ аввалин касоне буданд, ки Рӯдакиро аз нав аз пастуҳои куҳна кашф карданд. Баъд ба қабои мо ки бархурд, ин устод Садриддин Айнӣ буд, ки шурӯъ кард ба кори ҷиддӣ кардан дар бораи Рӯдакӣ. Устод Саъиди Нафисӣ ҳам тақрибан ҳамзамон пажӯҳишеро дар бораи Рӯдакӣ оғоз карда буд, ки баъдҳо ин талошҳояш бо номи “Аҳволу ашъори Рӯдакӣ” дар чаҳор ҷилд ба чоп расид. Баъд аз Саъиди Нафисӣ ва Айнӣ ҳеҷ кас ё ҷуръат накард ба осори Рӯдакӣ даст бизанад, ё ба ҳар рӯй ин осор ба ҳамон ҳол монданд.

Садо
Ашъоре аз Рӯдакӣ бо садои Манучеҳри Анвар ва овози Парии Зангана
Соли гузашта, ки соли ҷаҳонии Рӯдакӣ эълом шуд, ду нафар аз пуркортарин пажӯҳишгарони тоҷик коре навро арза карданд; коре ки зоҳиран онҳо хеле вақт пештар оғоз карда буданд, аммо маҷоли рӯнамоӣ наёфта буд. Пруфесур Расул Ҳодизода ва дуктур Алимуҳаммади Хуросонӣ, ки чандин соли тамом фарҳанг ба фарҳанг, тафсир ба тафсир, тазкира ба тазкира, китобхона ба китобхона нишонҳое аз Рӯдакиро ҷустуҷӯ кардаанд, аз Торихи Байҳақӣ то Кашфуласрори Майбудӣ, саду понздаҳ манбаъро мушаххас карданд ва дар онҳо ба сурате амалӣ ба муқоиса, пажӯҳиш ва ёддоштбардорӣ нишастанд. Ин охирин кори пажӯҳишии Расул Ҳодизода буд, ки дар паи он даргузашт.

“Дар аввали соли 2000, усули кор ва роҳу равиши навини корро муъайян кардем ва ба кор шурӯъ намудем. Дар давоми зиёда аз панҷ сол бо заҳмати зиёде ин корро ба анҷом овардем. Дар ин муддат мусаввадаи матнро барои баррасӣ ва мулоҳизот аз назари донишмандон гузарондем.”

Ин пажӯҳиш ногуфта пайдост, ки бо ҳамаи пажӯҳишҳои қаблӣ тафовути чашмгире ба лиҳози сабки корӣ, сахтгирии амалӣ ва танаввуъи манобеъ дорад. Пажӯҳише, ки ба муҳаққиқони ҷавоне, ки ин рӯзҳо китоб тасҳеҳ мекунанд, дарс ва таҷрубае гаронбаҳост.

Ҷилди Девони ашъори Рӯдакӣ

“Ин китоб, ки бо номи “Девони Рӯдакӣ” ба табъ мерасад, аввалин маҷмӯъаи осори бозмондаи шоъир аст, ки аз рӯи усулу талаботи илми матншиносӣ таҳия шудааст. То чопи ин китоб девони маҷмӯъаҳои ашъори Рӯдакӣ борҳо интишор ёфта ва дар оянда низ нашр хоҳад шуд, аммо матни амалӣ ва интиқодии шеъри Рӯдакӣ, ба маънои томи ин истилоҳ, ба нашр нарасидааст ва барои мо дар ин кор намуна ва собиқае вуҷуд надошт. Бинобар ин, мо дар ҷараёни кори худ кӯшиш намудем, ки аз таҷрубаи мактаби дар ҷаҳон шинохташудаи матншиносии рус ва намунаҳои беҳтарин мутуни осор ва адабиёти форсӣ ба дасти донишмандони Эрон истифода намоем.”

Ин асари таҳқиқии боарзиш пас аз омода шудан роҳе барои чоп намеёфт, то вақте сафорати Эрон дар Тоҷикистон гом пеш ниҳод ва чопи онро дар Тоҷикистон ба уҳда гирифт. Ҳарчанд дар Эрон даҳҳо ниҳоди расмӣ ва ғайрирасмӣ вуҷуд доранд, ки бо иштиёқ дар паи доштан ва чоп кардани чунин осореанд, гӯӣ чароғҳои восита ҳанӯз он қадар равшан нестанд, ки бе тасаввур ва таъоруфи бегонагӣ ин ҳамгинон ва ҳамкоронро ба ҳамдигар бишносонанд. Сафорати Эрон ба ҷои чопи он ва навиштани муқаддимае барои он метавонист онро ба мароҷеъи марбута васл кунад ва аз ин тариқ ҳам ҷомеъаи адабии Эрон ва ҳам дигар форсизабононро аз он мустафид кунад ва накард.

Зоҳиран, ин китоб низ мисли филми Рӯдакӣ - сохтаи Борис Кимягаров, коргардони тоҷик дар соли 1959,  дар ҳамон Тоҷикистон ҳоло ҳолоҳо хоҳад монд ва то рӯзу рӯзгоре дигар, ки маълум нест кай хоҳад буд, ҳамчунон мардумони Эрону Афғонистону Тоҷикистон ҳар кадом фақат Рӯдакии худро хоҳанд дошт.

Филми зиндагии Рӯдакӣ, ки “Қисмати шоъир” ном дорад ва дар соли 1960 дар ҷашнвораи синемои Осиё ва Офриқо дар шаҳри Қоҳира ҷоизаи “Уқоби тилоӣ”-ро бурд, дар миёни соири форсизабонон ношинохта аст. Ин филм равияи тақрибан музикол дорад. Бахши азиме аз филмро шеъру овоз ва рақсу тараб шакл медиҳад. Аммо ин ҳама рангорангиро дар қолаби достоне дилнишин гунҷондан ҳунарест, ки Сотим Улуғзода, нависанда ва филмноманависи фақиди тоҷик, аз уҳдааш ба хубӣ баромадааст.

Достони филм аз вақте шурӯъ мешавад, ки шеъри форсӣ аз афвоҳи мардуми бозори Самарқанд ба Абулфазл Балъамӣ - вазири Сомониён расида ва ӯ шоъири ҷавонро пеши хеш хондааст. Тамоми сафар бозгушоии шеърҳои Рӯдакӣ аст; шеърҳое, ки аз ҳар кадом пораеро ҳатман мардуми порсигӯй ба ёд доранд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

 ***
Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махур зинҳор,
Басо касе, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
***
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
***
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ва билохира ин шеъри ҷовидон, ки “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме”. Ҳамаи инҳоро шамими ошно гӯӣ аз даруни ҳофизаи бинанда дорад варақ мезанад. Ҳатто шунидани қасидае, ки дар ҷиддитарин маҷлиси адабӣ душвор ба назар мерасад, дар ин филм чандон ба зебоӣ ва баҳангом омадааст, ки одам байт ба байт бо он бар мехезаду менишинад:

Модари разро бикард бояд қурбон,
Духтари ӯро бикушту кард ба зиндон.

Сохтани ин филми ҳунарӣ танҳо аз тоҷикон бармеомад ва афсӯс, ки танҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз маҳсур мондааст. Бе ҳеҷ шакке дар Эрону Афғонистон ва ҳар ҷое, ки форсизабонон зиндагӣ мекунанд, ин филм диданӣ хоҳад буд. Агарчи каме филм ба равияи ҳамон замон ранге нимасусиёлистӣ ба худ гирифтааст ва чи басо, ки ҳақ бо созандагони филм буда ва Рӯдакиро на ақоиди алавии исмоъилиаш, балки даъвои адолатталабӣ ва ҳақхоҳиаш мили кӯрӣ дар чашм насиб кард. На ки ҷунбиши исмоъилия дар тайи рӯзгорон бо навъе даъво аз ин гуна аҷин шуда (даромехта) будааст ва барои ин хеле шавоҳиди дигар ҳам ҳаст.

Аммо девони шеърҳо ва қасоид ва ғазалҳои пуршӯр танҳо бахше аз ҳиммату азамати Рӯдакӣ ба шумор меояд. Рӯдакӣ ҷуз ин достони ҷовидони “Калила ва Димна”-ро аз ҳикмати ниёкон ба назм дароварда буд, ки имрӯза аз он танҳо байтҳое пароканда баҷо мондааст. Ҳамчунин “Синдбоднома”, “Даврони офтоб” ва чандин достони дигарро, ки бар асоси гуфтаи Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар “Лубоб-ул-албоб”, ба беш аз сад дафтар мерасанд, дар абрешими назми форсӣ аз сар орост; биное, ки ӯро падари шеъри форсӣ ва муҳимтарину бузургтарин ҳакими муфиди торихи форсизабонон сохтааст.

Ва дар сояи ин бино буд, ки шоъирони бузурге чун Хайём ва Мавлоно ва Фирдавсӣ қад барафроштаанд. На танҳо забону шеваи шоъириро, ки шеваи фикр, ирҷоъ додан ба ақл ва бахусус дар тавсифи хушбошӣ ва хушнишинӣ ва хушгузаронӣ дар ҷаҳони гузаронро ин бузургон аз Рӯдакӣ ба ирс бурдаанд. Шоъирони мутааххиртар, бахусус Хайём, ки намоди ин тарзи фикр шумурда мешавад, аз ҷавви фикрӣ - адабии Рӯдакӣ тағзия мекардааст. Мисли ин шеър ки гӯё айнан аз даҳони Хайём гуфта шуда бошад:

Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
З-омада шодмон бибояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа саҳнае аз филми “Қисмати шоъир” сохтаи Борис Кимягаровро мебинед.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- точики хакики.، 2010/10/30
Сипосгузорам аз мақолаи ҷолиби диққат.
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.