Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Розу рамзи рақси тоҷикӣ
Парвонаи Фирӯз

Фирӯза Аюбҷонова соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омад. Соли 1968 аз омӯзишгоҳи рақси шаҳри Тошканд дар Узбакистон фориғуттаҳсил шуд. Вай тайи 40 соли ахир бо рақс сару кор дошта ва даҳҳо рақсандаи ҷавон парвардааст. Бону Аюбҷонова муддате дар теотри уперо ва болеи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе кор кард. Идомаи фаъъолиятҳои ӯ бо муассисаҳои фарҳангии шаҳри Хуҷанд пайванд мехурад. Аз соли 1969 то 1998 рақсандаи теотри марказии шаҳри Хуҷанд буд, ки номи Камоли Хуҷандиро дорад.

Бо гушоиши теотри «Тамошочии навҷавон» ба унвони мураббии рақсандагони ҷавон корашро идома дод. Ҳамзамон дар омӯзишгоҳи ҳунар ва мусиқии шаҳри Хуҷанд ба тадриси донишҷӯён пардохт.

Дар тарбияти рақсандагони ҳирфаии гурӯҳҳои ҳирфаии “Шабнам” ва “Маҳастӣ” саҳми боризе дошт. Фирӯза Аюбҷонова ҳамакнун раҳбарии гурӯҳи ҳунарии “Чаманоро”-ро ба уҳда дорад. Вай ба унвони бозигар дар 30 намоишномаи теотрӣ ҳам нақш офаридааст.

Беш аз 60 тан шогирди ӯ имрӯз дар кишварҳои мухталиф вижагиҳои рақси тоҷикиро, ки аз устоди хеш омӯхтаанд, тарвиҷ мекунанд. Фирӯза Аюбҷонова ҳосили тамрин ва талошҳои худ дар ин арсаро дар китобе гирдоварӣ карда, ки бо номи “Рақси анъанавии тоҷикӣ” соли 2001 ба забонҳои русӣ ва форсии тоҷикӣ мунташир шуд. Вай ба дарёфти унвони “Ҳунарманди мумтози Тоҷикистон” мушарраф шудаст.

Фирӯза Аюбҷонова роҷеъ ба вижагиҳои ҳирфаии ин навъи ҳунар чунин назар дорад:

"Рақс дар густараи фарҳанги мардумии тоҷикҳо аз ду шеваи шинохт бархурдор аст. Шеваи аввал марбут ба завқу салиқаи инфиродии так-таки афроди ҷомеъа аст ва инро метавон шеваи омиёна номид. Дар ин росто дар маросиму сурҳо ҳар нафаре метавонад зери садои мусиқӣ ба дилхоҳи худаш бирақсад ва ҳадаф аз он танҳо изҳори масаррати онии фард аст ё нишони саҳм доштан дар шодии дӯстон аст. Аммо шеваи дувум рақси ҳирфаӣ аст, ки вижагиҳое дорад ва шояд битавон онро навъи хосси шинохти рақс номид."

"Миёни мардуми тоҷик шинохти ҷанбаи ҳирфаии ин навъи ҳунар ба даврони дури торихӣ бармегардад. Вуҷуди осори фаровони торихӣ дар ҳунари наққошӣ ва катибаҳои мусаввари қуруни вусто аз ривоҷи рақс миёни тоҷикҳои он даврон гувоҳӣ медиҳад. Аз сӯйи дигар, ба назари ман, нигоҳи шоистаи мардуми тоҷик ба ин навъи ҳунар шояд ба он ҳам  марбут бошад, ки дар қуруни вусто он тавонист ҷанбаи ирфонӣ касб кунад ва ба унвони самоъ ё рақси сӯфиёна ба яке аз рукнҳои муҳим дар тариқати маънавӣ табдил шавад."

"Имрӯз ҳам рақс дар фарҳанги муъосири тоҷик аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст. Ҳарчанд ҳунари рақсандагӣ миёни ақвоми дигари Ховарзамин низ ривоҷ дорад, аммо рақси тоҷик бо назокату латофати хосси худ мутамоиз аст. Шояд касе, ки аз асолати ин навъи ҳунар огоҳ нест, бар ин назар бошад, ки рақс чизе ба ҷуз аз дастафшониҳои парешон ва ҷастухез нест. Вале як ҳунарманд метавонад рамзи ин ҳаракот ва ҷилваву ҷозибаҳои шевои рақсро дарёбад, чун дар таҳарруки дастҳои рақсанда ҳолот ва вижагии зиндагии зан баён мешавад. Ба ҳамин далел даст дар рақси тоҷикӣ унсури аслии бозтоби асолати он маҳсуб мешавад, ба монанди ҷойгоҳи ангуштҳо дар рақси ҳиндӣ. Ва аммо рақси тоҷикӣ бо як навъ воҳид маҳдуд намешавад, балки мутанаввеъ аст, ба монанди рақси бадахшонӣ ва мастчоҳӣ ва ғайра, ки ҳар кадом вижагиҳои худро дорад."

"Тайи чанд сол аст, ки раҳбарии гурӯҳи рақси “Чаманоро”-ро ба уҳда дорам. Ҳадафи аслии мо дар ин гурӯҳ саҳм гузоштан дар таҳаввули фарҳанги муъосири тоҷикӣ аст. Шояд дар таъйини ҷойгоҳи рақс дар густараи фарҳанги имрӯз дидгоҳҳои мухталиф вукҷуд дошта бошад, аммо ҷилваҳои аносири муҳимми зебоишинохтии миллӣ дар он метавонад рақсро ба масобаи рукни  бисёр арзишманди ҳунари тоҷик муъаррифӣ кунад."


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Як корбар، 2010/04/13
ba zabani tojiki ba shumo sipos meguyam.
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.