Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ҷудоии Нодир аз Симин

Филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” сохтаи Асғари Фарҳодӣ 10 тирмоҳ (01.07.2011) бо номи A Separation рӯи пардаи синемоҳои Бритониё рафт. Дар бораи ин филм, ки ҷоизаи “Хирси тилоӣ”-и ҷашнвораи филми Берлин ва ҷоизаи аслии ҷашнвораи филми Сиднейро ба худ ихтисос дода, дар матбуъоти ҷаҳон матолиби бисёре мунташир шудааст. Он чи дар зер мебинед, фишурдаи баррасиҳои рӯзномаҳои чопи Ландан аз ин филм аст.

 

Асғари Фарҳодӣ, коргардони филм

Рӯзномаи The Times:

Дар ҳар моҷарои талоқе ҳар ҷои дунё ҳар кадом аз ду тараф худро солеҳ ва ҳақбаҷониб медонад. Дар филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” шоҳиди ҷудоии як завҷ аз табақаи мутавассит ҳастем ва бо ҳар саҳнае аз ин низоъи хонаводагӣ ҳусни назари мо ба яке аз ду тарафи даъво мунтақил мешавад. Зану шавҳар ҳар ду ҷаззобу хубрӯ ва тудилбирав (дилёб) ба назар мерасанд ва пайдост, ки духтари ёздаҳсолаашонро дӯст доранд. Аммо дар баробари дурбине қарор гирифтаанд, ки ба қазовати кирдори онҳо нишастааст.

Рӯйдодҳои ин филми нофизу равшангар дар Теҳрон сурат мегирад ва ҳовии рӯзҳои охири заношӯии Нодир, як корманди бонк, бо Симин, омӯзгори мадраса, аст. Симин, ки нақши ӯро Лайло Ҳотамӣ, ҳунарпешаи моҳиру боварбахш бозӣ мекунад, як зани мудерну баландпарвоз аст, ки мехоҳад духтараш дар фазое озод бор биёяд ва заминаи хурӯҷи хонаводааш аз Эронро фароҳам кардааст. Нодир, ки нақши ӯро Паймони Муъодӣ бо шӯру ҳарорат офаридааст, дар тала (дом)-и фарҳанги ҷомеъа гирифтор монда ва дар дарки ин ҳақиқат, ки наметавонад падари беморашро тарк кунад; падари Нодир мубтало ба бемории Олзоймер (Alzheimer) аст.


Вақте Симин ба хонаи падару модараш меравад, ки онҷо бимонад, Нодир батанҳоӣ аз падару духтараш нигаҳдорӣ мекунад ва Розия, як зани фақир ва башиддат мазҳабиро барои мувозибат аз онҳо истихдом мекунад. Дар ҷараёни як даъво Розия осеби физикӣ мебинад, Нодирро муқассир (гунаҳкор) медонад ва пас аз муддате ду хонавода – яке аз табақаи мутавассит бо дидгоҳҳои секулор ва дигарӣ аз табақаи коргар бо дидгоҳҳои мазҳабӣ - бо ҳам даргир мешаванд ва бом бар сари хонадон фурӯ мерезад.

Гуфтугӯҳои ин филм, ки Асғари Фарҳодӣ, коргардони филм, навиштааст, содиқона ва табиъист. Нақши Тирма, духтарбачаи мадрасаиро Сорино, духтари Асғари Фарҳодӣ, бозӣ кардааст. Саранҷом, тамоми моҷароҳои филм ба ҳамин духтарбача, дарку фаҳм ва истинботи ӯ аз достон мутамаркиз мешавад…

Дурбин аз хилоли дару панҷараҳо ба дарун нигоҳ мекунад ё нописандона пушти мизи идораҳои расмӣ менишинад, ки кори Маҳмуди Калорӣ, филмбардори шинохташуда аст. Ӯ саҳнаро чунон фишурдаву танг дар қоб мегирад, ки фишору тақаллоро эҳсос мекунӣ… Тамошои филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” бинандаро рӯи лабаи теғи эҳсосот қарор медиҳад.

Вурудии яке аз синемоҳои Ландан

Рӯзномаи The Telegraph:

Филми “Ҷудоии Нодир аз Симин”-и Асғари Фарҳодӣ, барандаи чандин ҷоизаи ҷашнвораи филми Берлин дар соли 2011, намоиши моҳирона ва тасвири гирои Эрони имрӯз аст… Дар ҳар саҳнаи филм печутоб бар сари ҷузъиёти сарнавиштсози достон ва муъаммоҳои ахлоқии онро таҷруба мекунем ва ҳатто барои лаҳзае маҷоли онро надорем, ки худамонро дар канори танҳо яке аз чеҳраҳои филм қарор диҳем ва сирфан аз ӯ ҳимоят кунем. Дар ҳар саҳнаи муҳайиҷи филм гусал (гусастагӣ)-ҳои табақотию ҷинсиятӣ ва мазҳабӣ забардастона барҷаста шудааст.

Рӯзномаи Guardian:

“Ҷудоии Нодир аз Симин” тасвири равобити таракхурда ва озмуни якздонсолорӣ, низоми хонаводагӣ ва сиёсатҳои ҷинсиятию табақотист ва андӯҳи ҳавлноку фарогиреро ошкор мекунад, ки ба назар мерасад аз зери осфолт ва аз хилоли деворҳои оҷурӣ (хиштӣ) ҳам нуфуз мекунад. Дар намоиш додани парокандагии саросарӣ дар Эрон ин филм дар радифи корҳои Ҷаъфари Паноҳӣ ва Муҳаммад Расулуф қарор мегирад. Вале радди пои синемои Ғарб ҳам дар он машҳуд аст. Ин филм як хонавода аз табақаи мутавасситро нишон медиҳад, ки мавриди ғазаби як ғариба (бегона) воқеъ шудааст, муъаммоҳое ниманогушуда мондаанд, бархурдҳои хашмгинона, бори дӯши хонавода: падари солхурда ва ду кӯдак аз ду тарафи даргир, ки зоҳиран мехоҳанд бо ҳам дӯст бошанд. Ҳамаи ин унсурҳо ҳокӣ аз таъсирпазирӣ аз филми “Пинҳон”-и Мойкл Ҳонеке (Michael Haneke; 2005) аст. Асғари Фарҳодӣ мисли Ҳонеке бо чоқуи колбудшикофӣ (скальпель – рус.) ба ҷони табақаи мутавассити сарзамини худаш уфтодааст…

Табақа ба андозаи ҷинсият ҳоизи аҳамият аст. Дар як саҳна гурӯҳе аз одамонро дар хона мебинем, ки дар ҳоли истироҳанд, футболи рӯмизӣ бозӣ мекунанд ва хуш мегузаронанд. Дӯстон метавонанд ба аъзои хонавода мулҳақ шаванд ва хуш бигзаронанд. Аммо Розия наметавонад. Розия монанди зане тирабахт машғули коре дар ошпазхона аст. Вақте муъаллими Тирма аз роҳ мерасад, аз ӯ ба унвони як меҳмони муҳтарам пазироӣ мекунанд. Охир ӯ ба духтарашон тадрис мекунад! Вале Розия чӣ? Ӯ ҳам масъулияти муҳимме дар баробари ин хонавода ба дӯш дорад ва аз падари Нодир мувозибат мекунад. Аммо ба ӯ арҷ намегузоранд. Ва ҳиссу шуъури мазҳабӣ ӯро дар мазиқаи бештаре қарор додааст.

Вақте Розия мутаваҷҷеҳ мешавад, ки қарор аст бо бадани бараҳнаи пирмард дар дастшӯӣ сарукор дошта бошад, ӯ ба имоми масҷидаш занг мезанад, то мутмаин шавад, ки ин кор муҷоз асту гуноҳ нест. Ӯ медонад, ки дар ин ҷаҳон сухани мард қонун аст ва бояд тан дод. Аммо кадом мард? Корфармои пулдори ӯ ё шавҳари бепулаш? Ҳама ҷои ин хонадон оғуштаи танишу рӯёрӯист.

Асғари Фарҳодӣ нишон медиҳад, ки ин вазъият ҳамонанди як истахр (ҳавз)-и пур аз бензин аст ва ҳар иттифоқе чун донае кибрит (гӯгирд)-и равшан дар он фурӯ меуфтад. Ҳама аз ҳуқуқашон огоҳанд ва аз бедодгариҳо ва хорӣ хашмгинанд ва занон абӯсона мутаваҷҷеҳи масъулияти дугонаи худ ҳастанд, ки ҳам бояд роҳи ҳалли корсозе пайдо кунанд ва ҳам бояд шавҳаронашонро ба пазируфтани он мутақоъид кунанд. Вале бар сари мавзӯъи фарзандон намешавад созиш кард.

Дар поёни достон Тирма чеҳраи аслист. Ӯ ҳама чизро медонад, ӯ падарашро ба эътирофи муҳимме вомедорад… Дарду хашми ӯ ғолибан пинҳон аст. Вале ҳамӯ касест, ки қарор аст бори гарони даргириҳои қазоию ахлоқиро бар рӯи дӯшҳои нозукаш бипазирад. Ҳақорату худхоҳии бузургтарҳо ин борро бар дӯши ӯ таҳмил кардааст: ин як навъ озори хоинона аст. Фарҳодӣ бо қудрату борикбинӣ ин даъвои зиштро табдил ба як трожедии муъосир кардааст.

Рӯзномаи Financial Times:

Дар шасту якумин ҷашнвораи филми Берлини имсол филми “Ҷудоии Нодир аз Симин”-Асғари Фарҳодӣ рекурдҳоро дарҳам шикаст ва ба унвони нахустин филми эронӣ ҷоизаи “Хирси тилоӣ”-ро бурд. Афзун бар ин, ҳамаи ҳунарпешагони ин филм маҷмӯъае аз ҷавоизро ба худ ихтисос доданд; ҳунарпешаҳои мард ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши мард ва ҳунарпешаҳои зан ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши занро бурданд. Ҳеч филми дигаре дар торихи ҷашнвораи Берлин сазовори се ҷоизаи аслӣ дониста нашуда буд.

Фарҳодӣ пештар ҳам аз коргардонони маҳбуб дар Берлин буд ва соли 2009 ҷоизаи “Хирси нуқраӣ”-ро барои филми “Дар бораи Элӣ”-аш дода буданд, ки як трожикумедии иҷтимоъии пурранг аст. “Ҷудоии Нодир аз Симин” ҳам ҳамон печидагии чандлояро дорад.

“Ҷудоии Нодир аз Симин” мамлув аз дурӯғгӯист; дурӯғгӯӣ барои наҷоти хонавода, барои наҷоти заношӯӣ ва ҳатто барои нарафтан ба зиндон. Гӯӣ ғаризаи бақои ҷомеъа ба кизб мутавассил мешавад; кизб чун нахустин хатти дифоъ.

[Асғари Фарҳодӣ мегӯяд:] “Маъмулан вақте касе дурӯғ мегӯяд, аз ӯ мутанаффир мешавем, чун дурӯғгӯиро зишт ва хилофи ахлоқ медонем. Вале дар инҷо дучори якдилӣ бо одаме мешавем, ки дурӯғ мегӯяд. Мо мефаҳмем, ки чаро ин мард ё ин зан дорад дурӯғ мегӯяд. Дар ҷомеъаи мудерни печидаи мо намешавад меъёрҳои суннатии ростию дурӯғро ба кор бурд. Зиндагӣ чиқадр мутафовит аст. Мо бояд бофту заминаи достонро бидонем”.

“Бофту замина” якест: тарс аз қудрати чи сиёсӣ ва чи мазҳабӣ бисёре аз андешаҳо ва амалҳоро – ҳатто дар сатҳи хонаводагӣ – таҳти таъсир қарор медиҳад…

Ҳисси тарс дар филм мавҷ мезанад ва мояи инсиҷоми достони он аст. Ва дар Эрон мавқеъияти муаллифи як асар аз қаҳрамононаш амнтар нест. Аз Фарҳодӣ мепурсам: “Барои худи ҳунармандон изҳори назар чиқадр сахт аст? Чизе, ки дар дигар бахшҳои ҷаҳон ба унвони як амри мусалламу одӣ мешиносанд… Оё филмсозон дар Эрон сарнавишти Ҷаъфари Паноҳиро ба унвони як ҳушдор диданду шинохтанд?”

Фарҳодӣ мегӯяд: “Шояд шумо ин тавр фикр кунед, вале воқеъият дуруст воруна (баръакс) аст. Филмсозон акнун доранд дар ин маврид ҳарф мезананд ва далерию шуҷоъати тозаеро мешавад эҳсос кард”…

Муъҷизае, ки шоҳидаш ҳастем, ҳамин синемои Эрон аст; як ҷунбиши мудерни ҳунарӣ бо ториху истимрори фавқулъода, ки ҳамчунон ҷилав меравад. Нудратан осори начандон хуб тавлид мекунад, баъзан ба ҳадди шоҳкор мерасад ва дар ин росто ҳамаи монеъҳои тарошишуда тавассути худкомагонро канор мезанад. Вақте ки баёни мустақим дар филмҳо хатарнок мешавад, ҳамеша роҳи ғайримустақимро ба ҳамон мақсад мепаймояд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2017 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.