Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Назаре ба рубоъиёти Устод Гулназар
Шаҳнози Беназир


Бо интишори маҷмӯъаи рубоъиёти устод Гулназар Келдӣ бо номи “Бехобии ман хома зи мижгони ту дошт” дар муҷалладе бо номи “Туву хубиву раъноӣ” дар зиндагии адабии пӯёи Тоҷикистон рӯйдоди зебое рух дод ва бар рӯи ҳаводорони обу ҳавои дилкаши сарзамин гулшани тозае боз шуд; гулшане, ки “чашмааш пур аз такаллум” ва “пуштааш пур аз табассуми наврӯзӣ” аст; гулбоғи “чаманҳояш чаканпӯш” ва гулҳояш “эмин аз офати пажмурдан”. Ва касе, ки вориди он гардид, "ҳамсуҳбати об рафтанаш меояд" ва чун "аз нағмаи тар сероб гардид","чун сабза ба хоб меравад". Ва ҳарчанд муаллиф дар байте фурӯтанона мегӯяд: "азбаски рубоӣ аз азал кӯтоҳ аст, оҳам ба шумо намерасад, ман чӣ кунам?", дар воқеъ бештари абёташ ҳамонанди оҳ аз умқи дил баромадаанд ва бинобар ин, нишонрасанд ва дубора бар дили хонанда менишинанд.

Мавзӯъи асосии ин рубоъиётро метавон ба таври зайл дастабандӣ намуд: ғаноӣ(ишқӣ), иҷтимоӣ, панду андарзӣ ва фалсафиву ирфонӣ.

Агар рубоиёти мазкурро аз зовияи нақди авомили таъсирангези  шеър, яъне эҳсос, вазн, хаёл ва забон баррасӣ намоем, бояд гуфт унсури хаёл, ки ҷавҳари асосии шеър ба ҳисоб меравад, ағлаб дар бахши ашъори иҷтимоъиву ғаноии муаллиф ба чашм мехурад. Дар сурати бархурдорӣ аз тамоми аносири таъсирангез ба ҷуз унсури хаёл ба асари эҷодшуда на унвони шеър, балки назм итлоқ мегардад. Дар рубоъии зерин паёми аслии қаламкаш чун посух ва аксулъамал ба аъмоли замонаву қарни нобасомон эътирозест дар шакли хоб, хоби асҳоби Каҳф дар замони Дақёнус. Хобе, ки хуштар аст аз бедорӣ:

На ҷои надомат асту на ҷои фусӯс,
Осуда гузар, Ҳазораи Дақёнус!
Хобе, ки азизи хонаи чашми ман аст,
На бонги азон хоҳаду на бонги хурӯс!

Ё ки:

Номи ту шуда сари хати сад нома,
Ҳанги ману мо канда аз ин ҳангома.
Чун подшаҳи хирасари афсона
Урёниву лоф мезанӣ аз ҷома!

Дар бахши мавриди назар шоъир чун фарзанди дилсӯзи миллат дар бораи масоили доғи рӯз ҳамчун муҳоҷирати аҳолии кишвар ба хориҷ дар ҷустуҷӯи шуғл, баргаштани мурдаву тобути бархе аз онҳо, риёву фасод ва ғайра тааммул мекунад:

Тобути писарҳои ту аз дурии дур
Бор аст ба рӯи шонаи ҳасрати ман.

Рубоъиёти ошиқонаи устод Гулназар дорои забоне расо ва тасовире гӯёянд, ки ҳокӣ аз отифаи қалбӣ ва маърифати фардии ӯст. Агар ошиқеду ба дунболи зеботарин байти ошиқонаи ин китоб мегардед, бидуни тардид, ин байт писанди шумо хоҳад шуд:

Як бӯса бидеҳ, ки зери гардун монад
Ишқи ману ту ҳамеша ҳаждаҳсола!

Канори ёр барои шоъир азиз ҳамчун оғӯши Тоҷикистон аст, омаданаш омадани субҳи ватанро мемонад ва чашмаи лабҳояш ёдовари лаби Варзоб аст. Ҳангоми таҷассуми симои ёр низ корбасти абъоду аҷзои мутаъаллиқ ба рӯзгор ва фарҳанги миллии тоҷикона аз қабили куртаи алвон, зангӯлаи гӯшвор, себи хубонии ғармӣ, рӯза кушодан ва монанди инҳо ба мушоҳида мерасад:

Аз рӯи ҷаҳон канори ту моро бас,
Оғӯши беҳ аз баҳори ту моро бас.
Хоҳӣ, ки аниси бахти бедор шавем,
Зангӯлаи гӯшвори ту моро бас.

Як даста рубоъиёти устод дар айни содагиву ширинии табиъӣ шаммае аз адабиёти шифоҳӣ ва рубоъиёти мардумии Самарқандро доранд, ки аз даҳан ба даҳан омада, то имрӯз дар зеҳну дили мардум ҳифз шудаанд:

Ту ҷони Зарафшони маро бандӣ кун,
Талхӣ бигузору бо манат қандӣ кун.
Ин фалғарии содадили ошиқро
Монандаи дарёш самарқандӣ кун!

Дар ашъори обхурда аз машраби ирфону тасаввуф муаллиф бештар мутаассир аз вилоят ва маърифати саромадони он мактаб, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва достони Мансури Ҳаллоҷ аст:

Эй Ҳақ! Ту ситораи таманно бошӣ,
Ҳарчанд ниҳон кунанд, пайдо бошӣ.
То хун зи лаби "аналҳақ"-аш мешорад,
Эй лолаи Ҳаллоҷ! Шукуфо бошӣ!

Аксари рубоъиёт дар ҳамон вазни маъмул ва махсуси он "ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ" суруда шудаанд, вале дар баъзе аз онҳо эрод ва ишколи вазнӣ танҳо дар сурати ҷойгузинии ҳиҷои кӯтоҳ бо ҳиҷои дароз ё баръакс маҳсус аст. Барои намуна:

Сомонӣ агар ки бе Бухоро омад,
Номуси ману шумо паи мо омад.
Бо пераҳани пораи "Порина"гузашт,
Бо ҷомаи ҷовидони "Фардо"омад.

Маъмулан хоб дар чашмони одам маскун аст ва вақте касе ошиқ мешавад ва дар меҳмонии маҳфили чашмони ёраш маҷоли ҳузур пайдо мекунад, хоб низ аз хонаи чашмаш рахт мебандад. Агар мехоҳед бидонед, дар он маҳфили шӯрангез чи гуфтугӯҳои ниҳонӣ миёни ошиқон радду бадал мешаванд, шабе бедор бимонеду бехобӣ кашед ва албатта, рубоъиёти "Бехобии ман хома зи мижгони ту дошт"-и устод Гулназарро бихонед.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.