Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Духтари Рустам
Қамари Аҳрор

“Зебуннисо”, бо ин ки таркиби нодире аз ду вожаи порсию арабист, дар Тоҷикистон номи ғарибе нест; ба далели маҳбубияти шеъру шахсияти Зебуннисои Деҳлавӣ, духтари Аврангзеб – подшоҳи Гурконии Ҳинд дар садаи 17 мелодӣ, ки бо тахаллуси “Махфӣ” шеър мегуфт ва байти зерини ӯ забонзади хурду бузург дар Тоҷикистон аст:

Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.

Падару модари Зебуннисо Рустамова ҳам дар соли 1955 ин номро барои духтари навзодашон баргузиданд, лобуд бо ин умед, ки ӯ ҳам замоне чун Зебуннисои Деҳлавӣ номовар шавад. Зебуннисо Рустамова шоъир нашуд, аммо рустамона номовар шуд. Акнун ҳар бор, ки аз комёбиҳои варзишии Тоҷикистон суҳбат ба миён меояд, номи Зебуннисо Рустамоваро мешунавем ва чи басо, ки навзодони дигаре ба юмни вуҷуди ӯ Зебуннисо ном гирифтаанд. Чун ӯ танҳо занест, ки унвони “Қаҳрамони ҷаҳон”-ро барои Тоҷикистон ба армуғон овард. Дар даврони шӯравӣ Зебуннисо Рустамоваро ба Гурдофариди “Шоҳнома” ва омозун (амазонка)-ҳои Осиёи Сағири бостон (ҷанговарони зан) монанд мекарданд ва Зебуннисо дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ номе ошно буд.

Вай понздаҳ сол дошт, ки ба тими камондорони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ пайваст. Дар Донишгоҳи тарбияти муъаллим (омӯзгорӣ) ва Муассисаи тарбияти бадани Тоҷикистон таҳсил кард. Аммо дар соли 1975 дар хилоли таҳсилоташ буд, ки шуҳрате ҷаҳонгир суроғаш омад ва дар мусобиқаи ҷаҳонии камондории занон қаҳрамон шуд. Дар соли 1976 дар бозиҳои улампик (олимпӣ)- Мунтреол медоли брунзро ба худаш ихтисос дод. Мегӯяд, боди шадид маҷол намедод, ки бо пайконаш дурусту дақиқ нишона равад. Аммо пас аз он комёбиҳои бештаре насибаш шуд ва бар теъдоди медолҳои тилоаш аз мусобиқоти байнулмилалӣ афзудан гирифт. Аз ҷумла дар ҳамон сол буд, ки ба дарёфти унвони “Қаҳрамони Урупо” дар миёни занони камондор ноил шуд. Ҳашт рекурди ҷаҳонӣ дар заминаи камондории занон ва понздаҳ унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” Зебуннисо Рустамоваро дар зумраи маъруфтарин ва комгортарин варзишкорони шӯравӣ қарор дод.

Зебуннисо Рустамова, ки акнун 56 сол дорад ва ҳамроҳ бо фарзанди дувумаш Дилшод дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад, пас аз канор гузоштани тиру камонаш барои муддате раёсати ниҳодҳои варзишии гуногунро ба уҳда дошт. Вай дар соли 2000 дар шаҳри Хуҷанд як бошгоҳи камондорию тирандозиро созмон дод ва бисёре аз камондорони ҷавон аз ҷумлаи шогирдони ӯянд. Болотарин ҷоизаи мусобиқоти камондории Тоҷикистон номи Зебуннисо Рустамоваро дорад ва камондорон ҳамасола барои дарёфти он ба рақобат мепардозанд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Зебуннисо Рустамова аз гузаштаи пурифтихораш мегӯяд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.