Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Чун бинҷунбонад касе гаҳвораро
Суҳроби Зиё

Дар таърифи гаҳвора дар фарҳангҳо омадааст, ки “маҳд ва бистаре мар кӯдаконро, ки чун кӯдакро дар он гузоранд, ба осонӣ битавон вайро ҳаракат доду ҷунбонид” ва ё “хобгоҳи кӯдакони ширхора бошад, ки аз чӯбу филиз созанд.” Ва “Фарҳанги бузурги сухан”, ки ахиран таълиф шуда, мегӯяд “василае монанди тахте, ки маъмулан ба қуллобҳое овезон аст ва метавон онро ба чапу рост такон дод ва барои хобондани кӯдак ба кор бурд.”

Ба ҳар ҳол, гаҳвора дар зиндагии иҷтимоъии мардуми тоҷик ҷойгоҳе вижа дорад. Дар Тоҷикистон маъмулан кӯдакони зери се солро дар гаҳвора мебанданд. Гаҳвораро аз чӯби бед, чормағз ва зардолу таҳия мекунанд. Мизони тақозо барои гаҳвора дар Тоҷикистон ҳамвора боло буда, зеро мизони зоду валад дар ҷомеъаи суннатии ин кишвар болост.

Дар гузашта дар ҳар хонадони тоҷик бобо ва бибӣ аз тарафи модарӣ барои навзод гаҳвора ва лавозими онро мехариданд. Ин ойин ҳамчунон дар манотиқи рустоии Тоҷикистон роиҷ аст.
Акнун дар шаҳрҳо бисёре гаҳвораҳои суннатиро канор гузоштаанд ва кӯдаконашонро дар коласкаҳо ва тахтҳои мутаҳаррики мудерн мехобонанд. Ба эътиқоди ин афрод, гаҳвораи чӯбин чандон беҳдоштӣ нест. Аз сӯйи дигар, онҳо муътақиданд, ки бастани дасту пои кӯдак барои соъоти тӯлонӣ дар гаҳвора руҳияи инқиёд ва итоъатро дар кӯдак мепарварад.

Бо вуҷуди ин, дар куллия бозорҳои умдаи Тоҷикистон ҳанӯз гӯша ва дакка (дуккон)-ҳои вижае вуҷуд доранд, ки гаҳвораҳои чӯбин ва лавозими онро мефурӯшанд. Гаҳворасозон ҳам аз камбуди муштарӣ шикоят надоранд.

Дар манотиқи рустоии Тоҷикистон, ба вижа дар фасли тобистон, аз василае дигар истифода мешавад, ки ҷойгузини гаҳвора аст. Як тикка порчаи муҳкамро бо таноб ба танаи ду дарахти ба ҳам наздик мебанданд ё барои он пояҳои чӯбин месозанд. Дар забони мардумӣ ба ин гаҳвораи муваққат “алвончак” мегӯянд, баргирифта аз “алвонч хурдан” ба маънии такон хурдан. Дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон садҳо тан аз модарони тоҷик дар урдугоҳҳои паноҳандагон дар Афғонистон ба ҷои гаҳвора аз алвончакҳо истифода мекарданд.

Аз вожаи “гаҳвора” дар забони форсии тоҷикӣ ду таркиб ба шакли “гаҳворабандон” ва “гаҳворабахш” сохта шудааст. Гаҳворабандон маросими бастани навзод дар гаҳвора барои нахустин бор аст, ки маъмулан ҳафт то даҳ рӯз пас аз зоиши тифл сурат мегирад ва аҳли хонавода ва дӯстону ҳамсоягон дар он ширкат мекунанд.

Дар ин ойиин кӯдаконро маъмулан зане серфарзанд ва хушбахт ба гаҳвора мегузорад. Ҳозирин бар сари гаҳвора сикка ва қанду чормағзу мавиз мепошанд.

“Гаҳворабахш” номи маросими куҳани дигарест, ки дар миёни бархе аз мардуми русто камокон (ҳамчунон) ҳифз шудааст. Дар гузашта агар дар ду хонаводаи дӯст як писару як духтар ба дунё меомад, хонаводаҳо ин фарзандонро дами гаҳвора ба якдигар мебахшиданд, ба ин маънӣ, ки пас аз расидан ба синни булӯғ фарзандонашон бояд бо ҳам издивоҷ кунанд.

Дар авоили даҳаи 2000 бархе аз хонаводаҳои сарватманд ба баҳонаи гаҳворабандони фарзандонашон дар рестуронҳо меҳмониҳои бошукӯҳ баргузор мекарданд. Аммо соли 2007 давлати Тоҷикистон бо судури мусаввабае барои танзими расму ойинҳои мардумӣ пеши роҳи ин навъ зиёфатҳоро гирифт ва акнун гаҳворабандон ба як ойини хонаводагӣ табдил шудааст.

Дар осори шоъирони порсизабон вожаи гаҳвора корбурди фаровон доштааст, ки намунаҳоеро дар ин ҷо мебинед:

Чунин гуфт пайғамбари ростгӯй
Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй. (Фирдавсӣ)

Тифл хуспад чун биҷунбонад касе гаҳвораро (Мавлавӣ)

Бад-он тифл монам, ки ҳангоми хоб
Ба гаҳвораи хобаш ояд шитоб (Низомӣ)

Эй дар ин гаҳвораи ваҳшат чу тифлон пойбаст,
Ғам туро гаҳвораҷунбону ҳаводис доягон (Хоқонӣ)

Шоъирони зиёде дар Тоҷикистони шӯравӣ бо илҳом аз шеъри “Модар”-и Эраҷ Мирзо, ки мегӯяд: “Шабҳо бари гоҳвораи ман, Бедор нишасту хуфтан омӯхт”, чакомаҳои тоза гуфтаанд.

Лоиқ Шералӣ, шоъири фақиди тоҷик, фаротар аз ин маънӣ рафт ва гаҳвораро оғозгоҳи ватани ҳар фард унвон кард:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Зи шири поку аз пистони модар.

Метавон гуфт, ки гаҳвора бо фарҳанги мардумии тоҷикон аҷин аст ва маросими вижаи худро дорад.

Ин гузориш бори нахуст рӯзи 30.06.2008 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.