Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Хотираҳои рангбохта

“Афғонистон рӯ ба рангбохтагӣ” унвони маҷмуъаи аксҳоест, ки дар ишқу алоқаи як сайёҳ ва кӯҳнаварди лаҳистонӣ ба аксҳои қадимӣ реша дорад. Крис Лизок (Kris Lizak), ки бори нахуст соли 1997 аз кӯҳистони Помири Қирғизистон гузашт ва аз Бадахшони Афғонситон сар даровард, оҳиста-оҳиста меҳвари алоқааш аз кӯҳҳо ба мардум ва ҷавомеъи доманаи кӯҳҳо ва фарҳанги онҳо мунтақил шуд. Ангезаи аслии ин алоқа ҳам ҷаъбаҳои аккосии бузурге буд, ки Лизок таърифашро аз бузургтарҳои хонаводааш шунида буд ва ба чашми худ надида буд.

Бо аккосони шаҳри Файзободи Афғонистон ошно шуд, ки ҳудуди сад қитъа аз аксҳои зардшудаи чеҳраҳоро барояш доданд ва тавассути дӯсташ Халил Аҳмади Араби ҳиротӣ беш аз 300 қитъа акси чеҳраи дигарро аз Ҳироту перомуни он гирдоварӣ кард. Бештари ин аксҳо мутаъаллиқ ба бойгонии аккосонест, ки бозорашон касод шуда буд ва шуғлашонро иваз карда буданд. Акнун Крис Лизок ҳамроҳ бо Халил Аҳмади Араб, ки ба Лаҳистон муҳоҷират кардааст, торнамо (вебсайт)-е бо номи “Афғонистон рӯ ба рангбохтагӣ” (Fading Afghanistan) роҳандозӣ кардаанд, то он аксҳои замонзадаву куҳнаи чеҳраҳоро ба намоиш бигзоранд; аксҳое, ки ба як то се даҳа пеш бармегардад ва шуморе аз ҷанги Шӯравӣ раҳидаву теъдоде ҳам аз давраи Толибон.

“Ин аксҳои камранг истеъорае аз даврае аз аккосӣ дар Афғонистон аст, ки рӯ ба камрангист”. Чун ба қавли Лизок, ҷаъбаҳои аккосӣ акнун дар Афғонистон ҳам кампайдо шудаанд ва охирин аккоси ҷаъбаиро соли 2010 дар Кобул дидааст.

Лизок мегӯяд: “Рӯйкарди қавмшинохтӣ далели аввали рӯй овардани ман ба ин тарҳ буд. Мехостам як чизи ягона ва дар ҳоли нобудиро нишон диҳам. Баъдан, ки бо шуморе аз аккосон ва дӯстонам дар Афғонистон суҳбат кардам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки барояшон тарки ин навъи аккосӣ чандон муҳим нест. Ва фикр кардам бояд ин пора аз торихро, ки рафтанист, ҳифз кунам. Ин аксҳо аз лиҳози дигар ҳам беҳамто ҳастанд. Ин аксҳо ҷанбаи “утилитер” ё судмандгароёна доранд: аккосон барои обу нони шабашон аксбардорӣ мекунанд ва одамоне, ки дар аксҳо мебинем, ин аксҳоро барои мадракҳояшон лозим доранд. Ҳеч далели дигаре барои вуҷуди ин аксҳо матраҳ нест. Вақте ки аккосони хориҷӣ ба Афғонистон меоянд, маъмулан пешдовариҳое доранд ва шояд бихоҳанд кишварро аз зовияи дилхоҳи худашон ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Дар ҳоле ки ин аксҳо чунин имконеро ба мо намедиҳанд ва сурати воқеъии мардум аз ақшори гуногуни ҷомеъаро нишон медиҳанд”.

Торнамои “Афғонистон рӯ ба рангбохтагӣ”, ки моҳи гузашта роҳандозӣ шуд, дар ҳоли интишори тадриҷии беш аз 400 аксест, ки ба дасти гардонандагони ин тарҳ уфтодааст. Лизок ва Аҳмади Араб қасд доранд пас аз такмили тарҳи бархатт (онлайн)-ашон тайи тобистони имсол намоишгоҳи хиёбонии ин маҷмӯъаи аксҳоро дар шаҳрҳои бузурги Урупо, аз ҷумла Берлин, Ландан, Порис ва Омстердом баргузор кунанд. Крис Лизок мегӯяд: “Мехоҳем ин аксҳоро дар маконҳои умумӣ, дар пиёдаравҳо ва фазои боз қарор диҳем, то обирон лаҳзае ба онҳо нигоҳ кунанд ва ба онҳо биандешанд. Шояд дар оянда ин намоишгоҳро ба Афғонистон ҳам бибарем”.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа тавзеҳоти Крис Лизок бархе аз аксҳои маҷмӯъаи “Афғонистон рӯ ба рангбохтагӣ”-ро ҳамроҳӣ мекунад.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.