Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Эй қавми баҳаҷрафта

Ҳар сол милюнҳо тан аз мусалмонон, ки худро мустатеъ (тавонманд) медонанд, барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка мераванд ва маносик (ниёиш)-и ҳаҷро баҷо меоваранд. Дар бисёре аз кишварҳои исломӣ иди Қурбон бисёр муҳимтар аз аъёд (идҳо)-и миллӣ аст ва бо ҷашну сурур ба пешвози он мераванд.

Бисёре аз маносики ҳаҷ, монанди “лаббайк” гуфтан, саъй байни кӯҳҳои Сафо ва Марва, рамйи ҷамарот ё партоби санг, пеш аз ислом ҳам дар миёни аъроби Макка ривоҷ дошта ва аъроб аз гӯшаву канор гирд меомадаанд, то ин маросимро бар гирди хонаи Каъба барои парастиши бутҳо баҷо оваранд. Зеро, чунонки навиштаанд, хонаи Каъба ҷойгоҳи бутҳое будааст, ки паёмбари ислом онҳоро шикаст. Бархе низ гуфтаанд, ки шоъирони барҷастаи араби пешоисломӣ, ки ба “шуъарои ҷоҳилӣ” маъруфанд, барои хондани қасоиди баланди худ дар ин гирдиҳамоиҳо ҳузур меёфтаанд. Гӯё ҳафт қасидаи баланди арабӣ, ки ба номи “Муъаллақоти сабъ” (“Ҳафт овеза”) маъруфанд, дар хонаи Каъба овезон будаанд.

Мақсуд аз ҳаҷ, чунонки навиштаанд, боло рафтани рӯҳи ҳамбастагӣ ва маънавият дар миёни аҳли имон аст. Аммо гурӯҳе аз шоъирону нависандагон нияти бисёре аз зоиронро ба нақд гирифтаанд ва гуфтаанд, зоироне ҳастанд, ки на барои тазкияи нафс, ки барои таҳқими мавқеъияти иҷтимоъии худ ба Макка мераванд ва бештар ба фикри тиҷоратанд, то ибодат.

Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар шеъре аз яке аз дӯстонаш мепурсад, ки “барои чи ба Макка рафтӣ ва оё ба ростӣ нафсро фаромӯш кардӣ ва Худоро бар худ нозир дидӣ ё на?” Он шеърро метавонед дар зери ин навишта бихонед.

Мавлавӣ, Ироқӣ, Шайх Баҳоӣ ва дигарон низ ҳар як ба гунае дар бораи ҳаҷ шеъре сурудаанд. Мавлавӣ бо унвони “Эй қавми баҳаҷрафта” шеъре дорад, ки бисёре онро бо наво хондаанд.

Дар солҳои ахир шаҳри Макка бисёр дигаргун шуда ва бо сохта шудани биноҳои баланд, хонаҳои бисёр ва чандин ошёнаи дигар нишоне аз гузаштаҳои дур дар даруни шаҳр дида намешавад. Бо боз кардани ҷо барои васоили нақлияи ҷадид дар Макка шояд базудӣ онҳое, ки ба Макка мераванд, навъе аз ҳаҷро таҷруба кунанд, ки ба зеҳни пешиниён хутур ҳам намекардааст.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Алии Бедгулӣ, пажӯҳишгари эронӣ, аз таҷрубиёт ва мушоҳидоти худаш дар ҳач мегӯяд. Бархе аз аксҳои гузориш мутаъаллиқ ба Ҳасан Аммор, Мустафо Ӯзар ва Муҳаммад Солим аст.

 

Ҳоҷиён омаданд бо таъзим,
Шокир аз раҳмати Худои раҳим…
Мар маро дар миёни қофила буд,
Д
ӯсте мухлису азизу карим.
Гуфтам
ӯро: “Бигӯ, ки чун растӣ,
З-ин сафар кардани ба ран
ҷу ба бим?..
Шод гаштам бад-он ки кард
ӣ ҳаҷ,
Чун ту кас нест андар ин иқлим.
Бозг
ӯ, то чигуна доштаӣ
Ҳурмати он бузургвор ҳарим.
Чун ҳамехост
ӣ гирифт эҳром,
Чи ният кард
ӣ андар он таҳрим?
Ҷумла бар худ ҳаром карда будӣ,
Ҳарчи модуни кирдгори қадим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Зад
ӣ “лаббайк”
Аз сари илму аз сари таъзим?
Мешунид
ӣ нидои Ҳаққу ҷавоб,
Боздод
ӣ чунонки дод калим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу дар Арафот
Истодию ёфт
ӣ тақдим,
Орифи ҳақ шудию мункири хеш,
Ба ту аз маърифат расид насим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу мекушт
ӣ
Г
ӯсфанд аз паи ясиру ятим,
Қурби худ дид
ӣ аввалу кардӣ
Қатлу қурбон нафси шуми лаим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу мерафт
ӣ
Дар ҳарам ҳамчу аҳли Каҳфу рақим,
Эмин аз шарри нафси худ буд
ӣ?
В-аз ғами фурқату азоби
ҷаҳим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу санги
ҷамор
Ҳамеандохт
ӣ ба деви раҷим,
Аз худ андохт
ӣ бурун яксар
Ҳама одоту феълҳои замим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу гашт
ӣ ту
Мутталеъ бар Мақоми Иброҳим,
Кард
ӣ аз сидқу эътиқоду яқин
Хешии хешро ба ҳақ таслим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Ба вақти тавоф,
Ки давид
ӣ ба ҳарвала чу залим,
Аз тавофи ҳама малоикатон
Ёд кард
ӣ ба гирди арши азим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу кард
ӣ саъй
Аз Сафо с
ӯи Марва бар тақсим,
Дид
ӣ андар сафои худ кавнайн,
Шуд дилат фориғ аз
ҷаҳиму наъим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу гашт
ӣ боз
Монда аз ҳи
ҷри Каъба бар дил рим,
Кард
ӣ онҷо ба гӯр мар худро
Ҳамчуноне кунун, ки гашта рамим?”
Гуфт: “Аз ин бод ҳар чи гуфт
ӣ ту,
Ман надонистаам саҳеҳу сақим”.
Гуфтам: “Эй д
ӯст, пас накардӣ ҳаҷ,
Нашуд
ӣ дар мақоми маҳв муқим.
Рафта
ӣ Макка дида, омада боз,
Меҳнати бодия харида ба сим,
Гар ту хоҳ
ӣ, ки ҳаҷ кунӣ пас аз ин,
Инчунин кун, ки кардамат таълим”.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Як корбар، 2011/11/09
Олиҷаноб!!!
Home | About us | Contact us
Copyright © 2017 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.