Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Миёни мадраса ва кор
Инъомҷони Раҳимзод

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 20.05.2008 мунташир шуда буд


Имрӯз дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва навоҳии дигари Тоҷикистон бо садҳо нафар аз наврасон ва навҷавонони ҳамсоли ман метавон рӯбарӯ шуд, ки дар даст сатл, порчаи нарм, шомпу ва васоили дигаре доранд ва ба дунболи ронандаҳое ҳастанд, ки мехоҳанд худравҳои худро тамиз кунанд.

Дар солҳои ахир марокизи муҷаҳҳазе ҳам барои тамиз кардан ва шустани худравҳо дар шаҳрҳои умдаи Тоҷикистон пайдо шудаанд. Дар чунин ҷойҳо барои тамиз кардани даруни мошинҳо ва ҳамин тавр зоҳири онҳо аз васоиле чун ҷорӯбарқӣ (чангкашак) ва пумпи об (насос) истифода мешавад. Аммо нерӯи аслии кор дар ин “корвошҳо” (мошиншӯиҳо) дар Тоҷикистон низ боз ҳам наврасони ҳамсоли ман ҳастанд.

Онҳо баро тамиз кардани як худрав аз ронандагон аз 3 то 6 сомонӣ пул мегиранд, ки муъодили як то ду дулори омрикоист. Ҳоло бо як дулор дар Тоҷикистон фақат метавон се нон харидорӣ кард.

Маҳалли таҷаммуъи чунин наврасоне, ки ба сурати инфиродӣ кор мекунанд, умдатан хиёбонҳои канори бозорҳо ва фурӯшгоҳҳои бузург аст. Бисёре аз ин гуна наврасони “мошиншӯй” маъмулан сокинони навоҳии мухталифи Тоҷикистон ҳастанд, ки барои ба даст овардани маблағе ба шаҳри Душанбе сарозер шудаанд ва аз роҳи мошиншӯӣ, ҳаммолӣ ва фурӯши кисаҳои плостикӣ дар бозорҳо рӯзи худро сипарӣ мекунанд ва бахше аз харҷи хонаводаҳои худро низ фароҳам месозанд.

Падарони бисёре аз чунин наврасон ё дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 кушта шудаанд ва ё ҳоло дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд ва саробонии хонаводаҳо дар бештари маворид ба дӯши ҳамсолони ман меуфтад.

Бар асоси омори расмӣ, ҳоло ҳудуди 65 дарсади ҷамъияти беш аз ҳафт милюн нафарии Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебарад. Бекорӣ, фақр ва муҳоҷират аз мушкилоти аслии ин кишвари Осиёи Миёна аст.

Кӯдакон ва наврасони тоҷик яке аз ақшори осебпазири ҷомеъаи ин кишвар ҳастанд. Уфти сатҳи омӯзишу парвариш, дар канор мондани шуморе аз наврасони тоҷик аз раванди таҳсил ва рӯ овардан ба бозор ва тиҷорат ва борбарию мошиншӯии бархе аз онҳо аз воқеъиятҳои талхи имрӯзи Тоҷикистон аст.

Аммо дар баробари ин, баъзе аз ҳамсолони ман, ки дар мадраса таҳсил мекунанд, пас аз анҷоми машғулиятҳои дарсии худ ба корҳое мисли тамиз кардани мошинҳои шахсӣ машғул мешаванд, то бори рӯзгори волидайни худро каме ҳам ки ҳаст, сабуктар кунанд.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.