Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Хайёт дар кӯза уфтод
Амири Ҷавоншер

Image Gallery
Шояд шунида бошед, ки хайёт (дӯзанда)-е кунҷков маҳалли кораш сари роҳи гӯристон буд ва чун навиштан намедонист, кӯзае овехта буд бо муште санг дар канораш. Ҳар мурдаро, ки мебурданд, як санг дар кӯза меандохт ва дар поёни рӯз мегуфт чанд нафар дар кӯза уфтоданд. Рӯзе дуккони хайёт баста буд. Шахсе пурсуҷӯ кард. Ба ӯ гуфтанд, хайёт дар кӯза уфтод. Ҳоло ҳам ҳар вақт касе ба балое дучор шавад, ки дар борааш ҳарф мезада, мегӯянд, хайёт дар кӯза уфтод ва рӯзномаи “Ахбори ҷаҳон” (News of the World) сарнавишти ҳамон хайётро ёфт.

Дар соли 1843-и мелодӣ, яъне 168 сол пеш, ҳафтанома ё якшанбеномае дар Ландан даромад, ки “Ахбори ҷаҳон” ном гирифт. Ин ҳафтанома дар ҳамон шумораи нахуст аз роҳу равиши худ гуфт, ки ҳадаф интишори рӯзномаест, ки мардуми камдаромади кӯчаву хиёбон онро бихонанд ва чандон пурфурӯш шавад, ки аъён ҳам барои дастёбӣ ба ахбори ҷанҷолӣ ва зиндагии хусусӣ ва низ огоҳ шудан аз зиндагии мардуми одӣ онро бихаранд.

Дар нахустин шумора дар канори хабарҳои ҷаҳон, танзу латифа ва огаҳӣ “Ахбори ҷаҳон” ба ҳукуматиён ҳам гоҳ бо нешханд нигоҳ кард. Рафта-рафта чандон пурфурӯш шуд, ки мегӯянд, пурхонандатарин нашрияи инглисизабони дунё шуд. Ба иддаъои худи ҳафтанома, шумори хонандагонаш ба ҳафту ним милюн тан расида буд.

Дар соли 1946 Ҷурҷ Урвел (George Orwell), нависандаи “Қалъаи ҳайвонот”, хондани ин рӯзномаро ба унвони яке аз лаҳазоти лаззату фароғат дар зиндагӣ тавсиф кард ва дар бораи он навишт: “Фарз кун, асри якшанбе аст. Тарҷеҳан қабл аз ҷанг. Зан дар сандалии роҳате хобаш бурда ва бачаҳоро фиристодаанд берун барои қадам задани тӯлонӣ. Ту ҳам бо хиёли роҳат поҳоятро дароз кардаӣ рӯи мубл (диван) ва айнакро рӯи димоғат хуб ҷо андохтаӣ ва рӯзномаи “Ахбори ҷаҳон”-ро боз кардаӣ, ки бихонӣ”…

Ҳудуди чиҳил сол пеш Руперт Мурдок (Rupert Murdoch) аз Устролиё (Австралия) ба Бритониё омад ва ин рӯзномаро харид ва онро нардбони тараққии худ кард. Ӯ аз ин нардбон пилла-пилла боло рафт. Рӯзномаи “Тоймз”-ро хариду ободаш кард. Баъд рӯзномаи “Сон” (The Sun)-ро. Ӯ пешгоми санъати телевизюни моҳвораӣ дар Бритониё шуд ва телевизюни Ской (Sky)-ро роҳ андохт ва 40 дарсад аз саҳомашро харид. Даромади телевизюни Ской ҳудуди 1.5 милёрд дулор дар сол аст. Мурдок пас аз фатҳи бозори расонаҳо дар Бритониё ба Омрико рафт ва шаҳрванди он кишвар шуд ва телевизюни “Фокс” ва рӯзномаи “Вол Стрит Ҷурнол”-ро харид.

Мурдок акнун яке аз импротурони расонаии ҷаҳон аст, ки дар Бритониё ва Омрико аз нуфузи болое бархурдор аст ва дар сартосари ҷаҳон расонаҳое дорад, ки давлатҳо аз ӯ метарсанд. Ҳатто дар Бритониё нахуствазирони собиқу лоҳиқ (кунунӣ) барои дӯстӣ бо Руперт Мурдок бо ҳамдигар рақобат мекардаанд. Оқои Мурдок по ба ҳитаи расонаҳои форсӣ ҳам гузошт ва саҳомдори аслии “ФорсиВон” ҳамӯст, ки муддатест дар миёни расонаҳои форсизабон ҷойгоҳе ёфтааст.

Ва аммо нашрияи “Ахбори ҷаҳон” ба ҳиммати оқои Мурдок ва сармояи ӯ ва низ шеваҳои номутаъориф (ғайриъодӣ)-и хабаргирӣ, ки “хабардуздӣ” ё “хабарқопӣ” ном гирифта, дар солҳои ахир сарусадои зиёде ба роҳ андохта. Зиндагии хусусии сиёсатмадорону ҳунарпешагон ва низ ҳимоят аз қазоёи авомписанд “Ахбори ҷаҳон”-ро ба рӯзномае бадал кард, ки аз сӯе пурфурӯштар ва аз сӯе хашмбарангез шуда буд.

Бо омадани телефуни ҳамроҳ ва маҳбуб шуданаш дар миёни мардум валаъ (ҳирс)-и корогоҳони аҷиршуда аз сӯи рӯзномаҳо барои сар даровардан аз зиндагии хусусии афрод бештар шуд. То ҷое, ки ҳатто телефуни хонадони салтанатии Бритониё шунуд шуд. Корогоҳ (детектив)-он ва хабарнигорони рӯзномаҳо ҳатто гӯё ба пулиси Ландан ҳам садҳо ҳазор пунд ришва додаанд, то парвандаҳо ва хабарҳои зиндагии хусусии афродро ба онҳо дарз диҳанд. Ифтизоҳ (шармсорӣ) ва ҷанҷоли шунуд ва шеваҳои номутаъориф саранҷом домани оқои Мурдокро гирифт.

Сафаҳоти шумораҳои пешини “Ахбори ҷаҳон” пур аст аз сир то пиёзи зиндагии хусусии бисёре аз ҳунарпешаҳо ва сиёсатмадорон, ки бисёре аз онҳо аз фош шудани ин асрор ё барканор шуданд ва ё аз ҳамсаронашон ҷудо шуданд. Чанд тан аз хабарнигорони ин рӯзнома ба зиндон уфтоданд ва гумон мерафт, ки моҷаро ба поён расидааст.

Аммо аз бахти бади ин рӯзнома ва низ оқои Мурдок, кошиф ба амал омад, ки хабарнигорон коре кардаанд, ки касе то кунун накарда буд.

Ин достон аз ин қарор буд, ки марде дар Инглистон духтареро рабуда ва пас аз таҷовуз ба қатл расонда буд. Пас аз муддатҳо ва ба дунболи поёни муҳокима маълум шуд, ки хабарнигорони рӯзнома телефуни ин духтарро, ҳангоме ки нопадид буда, шунуд мекардаанд. Фаротар аз ин, чун ҳофизаи телефуни духтар пур шуда буд, хабарнигорон паёмҳоеро, ки хонаводааш барои ин духтар мегузоштаанд, ҳазф мекардаанд, то ба паёмҳои ҷадид гӯш кунанд. Аммо духтар кушта шуда буд ва дар муҳокимаи қотил бисёре аз ин асрор бармало шуд.

Ба дунболи ин моҷаро ошкор шуд, ки хонаводаи сарбозоне, ки дар Ироқу Афғонистон кушта шуда буданд низ аз шунуд дар амон набудаанд. Аз ин фаротар, Гурдун Броун (Gordon Brown), нахуствазири пешини Бритониё низ ҳадафи “ҳамалоти шунудӣ” аз сӯи рӯзномаҳои дигари оқои Мурдок будааст.

Дар ин ҳафта рӯзе набуда, ки хабарҳои такондиҳандае дар матбуъот дар бораи оқои Мурдок ва шеваи кори расонаҳояш набошад. Дар ин миён рӯзномаҳое, ки дар ифшои корҳои хилофи мақомот ва рӯзномаҳои оқои Мурдок нақши асосӣ бозӣ кард, рӯзномаи “Гордиян” (Guardian) буд. “Гордиян” гурӯҳеро гумошт, то шеваи кори рӯзномаи “Ахбори ҷаҳон” ва дигар рӯзномаҳои Руперт Мурдокро дунбол кунанд. Бо сахткӯшӣ ва ифшогариҳои “Гордиян” саранҷом бархе аз аъзои пулис муттаҳам шуданд, ки гӯё аз расонаҳои оқои Мурдок ришва гирифтаанд.

Ҷанҷолҳо ва паёмадҳои ин моҷаро ҳамчунон идома дорад. Оқои Мурдок, ки замоне метавонист назароти худро ба сиёсатмадорон баосонӣ биқабулонад, акнун аз сӯи ҳамаи аҳзоб мавриди интиқод аст ва ҳатто талош шуда нагзоранд ӯ саҳоми дигаре аз телевизюни Ской бихарад; саранҷом худи оқои Мурдок аз харидории он саҳом мунсариф шуд. Оқои Мурдок дар ҳаштодсолагӣ ва дар ҳоле, ки мекӯшид импротурии худро таҳвили писараш Ҷеймз бидиҳад, акнун мебинад, ки импротуриаш дар баробари чашмонаш мавриди таҳоҷум ва хурд шудан аст.

Расонаҳои савтию тасвирӣ дар Бритониё маншур ё ойинномаҳои худро доранд. Аммо матбуъот то кунун бештар баробар бо суннатҳо шеваи рафтори худро худ таъйин мекардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба нафрати аксарияти мардум аз хабардуздиҳову ифшогариҳо ва таҷассус (ҷосусӣ) аз зиндагии хусусии афроди маъмулӣ ва низ бар асари фишори афкори умумӣ, шояд дар равобити сиёсатмадорон, матбуъот ва пулис дигаргуниҳое асосӣ сурат пазирад. Аз сӯи дигар, ин амр шояд сабаб шавад, ки давлат ё порлумони Бритониё дар наҳваи назорати матбуъот шеваҳои сахтгиронае пешниҳод кунанд. Ин амр худ мояи нигаронии тарафдорони озодии матбуъот шудааст, ки мегӯянд, намехоҳанд матбуъоти Бритониё бар асари иштибоҳот водор шаванд, ки дар баробари рафтори норавои сиёсатмадорон лаб аз интиқоду ифшогарӣ фурӯ банданд. Ин расвоиҳо ва нобудии рӯзномаи дерпое чун “Ахбори ҷаҳон” бори дигар масъалаи ахлоқи ҳирфаӣ ва ҳудуди онро барои рӯзноманигорон матраҳ кардааст: оё дуруст аст, ки ахборро ба ҳар қимате ба даст биёрем? Ва оё шунуду таҷассус ва ифшогариҳо аз зиндагии хусусии афрод ба чи дарди ҷомеъа мехурад?


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Озод Абдусабур، 2011/07/15
Муаллифи азиз, эхсос мешавад, ки кушиши ба низом овардани забони форсиро мекунед барои ононе, ки сириллик мехонад, ва чанде дигар хам дар ин роханд имрузхо. Азми дуруст аст, албатта. Хуб буд пеш аз ин меъере ягона дар тарчума медоштед. Як назар ба ин навишта чандхо качихои забониро дармеебад. Танхо мисолест, ки пурсед аз худ, ки чаро "Ахбори Чахон"-ро тарчума мекунеду "Сон", "Ской", "Тоймз", "Гордиян"...-ро на, ку меъери тарчама инчо, ва аслан кучост зарурати тарчумаи ин номхо. Комеб бошед.
Home | About us | Contact us
Copyright © 2017 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.