Аз ҳамин рӯ онҳо мехостанд бо зинда кардани хотирот ва таъкид бар нақши тоҷикон ба унвони падидоварандагон ва пешгомони забони форсии дарӣ, забони шево ва имрӯзинеро ҷойгузини забоне кунанд, ки аз сӯи ҳукумати шӯроҳо таблиғ мешуд. Зеро ҳукумати шӯроҳо мекӯшид забони кӯчаву бозоррро ҳамроҳ бо вомвожаҳои русӣ ба забони фарҳангии тоҷикон бадал кунад. Аз нигоҳи Шакурӣ ва ҳамкоронаш, ин кори ҳукумати шӯроҳо ҳам пайванди тоҷикон бо гузаштаашонро мебурид ва ҳам фарҳехтагонро барои навиштан ба забони фасеҳи форсии тоҷикӣ бо душвориҳои бисёр рӯбарӯ мекард.
Бо ин ҳол, тоҷикон аз роҳи забону фарҳанги русӣ ҳатто зудтар ва жарфтар аз эрониён бо ҳунарҳое чун теотр, достоннависӣ, боле, уперо, мусиқӣ, рақс ва низ фарҳангу фалсафаи Ғарб ошно шуданд ва дар натиҷа, барои фарҳехтагони тоҷик ин фурсат пеш омад, то бо адабиёти рус ошно шаванд ва бо шевоӣ ба забони русӣ сухан бигӯянд ва бо ҷаҳони бузурги русзабон дар тамос шаванд. Ва Шакурӣ худ аз ҳамин роҳ бо ториху фалсафа ва нақди адабӣ ва торихи Ғарб ошно шуд.
Дар соли 1991, ки барои нахустин бор ба Душанбе рафтам, бо касоне чун Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Камол Айнӣ, Муҳаммади Осимӣ, Лоиқ Шеръалӣ ва каме баъдтар бо Шакурӣ ошно шудам. Онҳо барои ман мазҳари он Бухорое буданд, ки ман ҳамеша дар дил доштам. Ин ворисони фарҳанг аз кор нанишаста буданд. Достон навишта буданд, шеър гуфта буданд ва бо адабиёту мусиқӣ ва ҳунари Эрону Афғонистон ошно буданд. Дар инҷо буд, ки дарёфтам, ки мо чи андоза аз форсизабонони дигар беиттилоъем.
Шакурӣ ва касоне чун ӯ, на танҳо ба фарҳангу адаби форсӣ иҳота доштанд, балки мехостанд пайванди тоҷикон бо дигар форсизабонон муҳкамтар шавад ва барои ин кор ҳам хоҳони эҳёи хатти форсӣ ва ҳам боло бурдани дониши ҳаммеҳанони худ аз забони фасеҳи имрӯз буданд, зеро эҳёи фарҳангу маънавияти тоҷиконро бидуни шукуфоии забони форсии тоҷикӣ номумкин медонистанду медонанд.
Шакурӣ ба гунае созмонёфта ва низомманд дар заминаи забону адаб кор кард. Ӯ дар заминаи торихи адабиёт, нақди адабӣ ва фарҳангнависӣ корҳои барҷастае таълиф кард. Ҳамкории ӯ мояи тадвини беҳтарин фарҳанге шуд, ки ба форсӣ таълиф шудааст ва ба гуфтаи соҳибназарон, фарҳанги дуҷиладии форсии тоҷикӣ, ки бо ҳамкории Шакурӣ дар соли 1969 таълиф шуда, аз нигоҳи шеваи фарҳангнависӣ аз “Фарҳанги Муъин” ва “Луғатномаи Деҳхудо” равшмандтар аст. Шакурӣ низ нахустин касе буд аз тоҷикон, ки узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Эрон шуд ва соли 2005 унвони ифтихорӣ ва ҷоизаи “Чеҳраи мондагор”-и Эронро дарёфт кард.
Шакурӣ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ бештар ба пажӯҳишҳои торихӣ пардохт ва дар маҷмӯъа-мақолоти “Хуросон аст инҷо”, ки соли 1996 нашр ёфт, ҷойгоҳи торихии тоҷикон ва пайванди онон бо забони форсию фарҳанги эрониро тарҳ ва аз он башиддат пуштибонӣ кард, ки дар миёни равшанфикрони тоҷик баҳсҳоеро доман зад.
Андешаҳо ва осори Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки саршор аз донишу огоҳиҳо ва биниши торихист, барои шакл додан ба ҳувияти тоҷикон дар ҷаҳони нав нақши муассир доштааст.