Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Бист сол пас аз фурӯпошӣ

Созмони Оксфом, ки созмони хайрияи байнулмилалӣ ва маркази он дар шаҳри Оксфурд аст, аз рӯзи сешанбе, 15 моҳи нувомбр, намоишгоҳеро дар шаҳри Ландан баргузор кардааст, бо аксҳое аз панҷ аккос, ки аз кишварҳои Шӯравии собиқ акс гирифтаанд. Ин намоишгоҳ дар наздикии майдони Трофолгор ва рӯдхонаи Темз, дар голерии “Стронд” (Strand) баргузор шудааст. Намоишгоҳе, ҳарчанд фурӯтанона ва кӯчак, аммо бо аксҳое таъсиргузор.

Акнун бист сол аз фурӯпошии Шӯравӣ мегузарад. Суқут ва фурӯпошии Шӯравӣ миёни моҳҳои ут (август) ва десомбр (декабр)-и 1991 сурат гирифт. Фурӯ рехтани ин абарқудрат, ки дар он замон танҳо рақиби Ғарб ва бавижа Омрико буд, ҳам ба маънии поёни даврае буд, ки ба “Ҷанги сард” маъруф шуда буд ва ҳам оғозе барои поёни низомҳои кумунистӣ дар шарқи Урупо ва бархе аз кишварҳои ҷаҳони севум. Сармоядорӣ пирӯз шуда буд ва бисёре аз касоне, ки дар кишварҳои кумунистӣ аз истибдод ва набуди ангезаи иқтисодӣ ба танг омада буданд, гумон мебураднд, ки базудӣ зиндагии онҳо мисли кишварҳои ғарбӣ хоҳад шуд. Яъне озодии сиёсӣ ҳамроҳ бо рифоҳи нисбии иқтисодӣ. Аммо барои ҳама чунин нашуд.

Дар ин ду даҳа кишварҳое аз дили Шӯравӣ берун омаданд ва ҳар як ба сӯе рафтанд. Кишварҳои бахши урупоии Шӯравӣ, ки ба Иттиҳодияи Урупо пайвастанд, вазъи иқтисодии матлубтаре ба даст оварданд. Бархе дигар ҳам бо такя бар манобеъи табиъӣ ва тавлиди худ вазъи иқтисодии хешро то ҳадде беҳбуд бахшиданд.

Дар миёни ин кишварҳо афроди бисёре низ ба сарватҳои зиёд даст ёфтанд. Камтар рӯзест, ки шумо дар расонаҳои ҷаҳонӣ номи касонеро аз Шӯравии пешин нашунавед, ки акнун дар шумори милёрдерҳои ҷаҳонанд. Бархе аз инҳо бо даст бурдан ба меросе, ки аз Шӯравӣ монда буд, ба сарватҳои бодоварда расиданд. Дар бархе аз кишварҳо, бавижа ҷумҳуриҳои ҷанубии Шӯравии пешин, гурӯҳи андаке, ки бахше аз табақаи ҳокима ҳастанд, дар нозу неъмат ба сар мебаранд ва афроди бисёре дар фақр зиндагӣ мекунанд. Дар ин кишварҳо на аз беҳдошту омӯзиш ва бимаи иҷтимоъии ройгони фарогири гузашта хабарест ва на аз озодиҳои сиёсӣ ва рифоҳи нисбии ҷомеъаҳои урупоӣ.

Фурӯрезии Шӯравӣ аз дарун ва ба истиқлол расидани понздаҳ пораи ташкилдиҳандаи он бо як ҳаракат ва ҷобаҷоии азими инсонӣ ҳамроҳ буд. Ин ҷобаҷоиҳо ва ҷангҳо бо дарду ранҷ ва дар бархе аз кишварҳо бо ҷангҳои дохилӣ ҳамроҳ буд.

Русия ба унвони бузургтарин ва сарватмандтарин кишвар каъбаи омоли милюнҳо коргару муҳоҷире шуд, ки дар ҷустуҷӯи кору зиндагии беҳтар, бавижа аз бархе аз ҷумҳуриҳои камдаромадтар, озими он шуданд. Аммо дигар ин муҳоҷирон шаҳрвандони пешин набуданд ва бо онҳо ҳамонанди бегонагоне нохоста рафтор мешавад; рафторе, ки ин рӯзҳо бавижа дар қиболи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия эъмол мешавад ва хабарҳои он дар ҷаҳон мунташир шудааст. Аммо дар кишварҳое чун Тоҷикистон, Арманистон ва Гурҷистон зиндагӣ бидуни кор дар Русия намегузарад. Русия худ низ дар канори сарвати саршор пур аз тиҳидастон аст.

Дар ин намоишгоҳи аккосӣ шумо метавонед гӯшаҳое аз зиндагии мардуми одӣ дар кишварҳои Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Тоҷикистонро бибинед; мардуме, ки натавонистаанд аз сарватҳои нав баҳрае ба даст оваранд.

Ин тасовир, аз як сӯ нишондиҳандаи эҳёи муҷаддади фарҳангҳо ва суннатҳои маҳаллии ин ҷавомеъ аст ва аз сӯи дигар, нишондиҳандаи фақри нафасгир ва бенавоии бисёре аз мардуми ин сарзаминҳо. Мо дар тасвирҳо либосҳои рангоранг ва чашмгири занони тоҷик бо нақшҳои атласиро мебинем ва низ абрӯҳои ба ҳам пайвастаи духтарони тоҷикро, ҳангоме ки бо ранги гиёҳи вусма худро ороиш мекунанд; ё заноне, ки дар уфуқи дур гӯсфандонро мечаронанд ва ё аз роҳи дур барои хонаводаи худ оби ошомиданӣ мебаранд.

Дар Арманистон пиразанеро мебинем, ки бо дилшикастагӣ ба дарахтони зардолуи хеш менигарад, ки ях задааст ва дигар умед ба бардошти зардолу надорад.

Дар минтақаи Туво дар Русия, ки дар наздикии марзи Муғулистон аст, мардумеро мебинем, ки порчаҳо ва либосҳоеро рӯи банд овехтаанд, то дар офтоб хушк шавад. Ин тасовир аз манотиқи дуруфтодаи ин кишварҳо, ки нишондиҳандаи фақр аст, бо он чи ки дар пойтахти ин кишварҳо мегузарад, комилан мутафовит аст. Чаро ки дар пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги ин ҷумҳуриҳо табақае ҷадид дар ҳоли сар бардоштан аст, ки сарваташ ҳадду марзе надорад.

Оксфом дар кишварҳои Шӯравии собиқ акнун машғули фаъъолиятҳои инсондӯстона аст. Ин созмони хайрия мекӯшад, то ба кишоварзони хурдапо кумакҳои беҳдоштию сиҳҳӣ ироа кунад. Ба гуфтаи сухангӯи Оксфом, ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ матраҳ сохтани мушкилоти мардумест, ки бист сол пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳанӯз дар вазъи иқтисодию беҳдоштии номатлубе ба сар мебаранд, дар ҳоле ки бисёре аз мардум дар Ғарб аз онҳо иттилоъе надоранд ва филмасал, бархе ҳатто намедонанд, ки Тоҷикистон куҷост.

Аккосоне, ки ин тасвирҳоро бардоштаанд, иборатанд аз Андӣ Ҳол, Дейвид Левин, Мойк Гулвотер, Ҷостин Ҷин, Абӣ Трейлер-Смит ва Киерон Доҳертӣ.

Дар тасвирҳои олбуми ин сафҳа аксҳои ин аккосонро аз чанд кишвари Шӯравии пешин бист сол пас аз фурӯпошии он иттиҳодия мебинед.


After the Thaw
The Strand Gallery
32 John Adam Street
London WC2N 6BP
15-19 November 2011

 


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Як корбар، 2014/08/19
بسیار جالب بود
Home | About us | Contact us
Copyright © 2017 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.