Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ҷумҳурии ғамгини ман
Дориюши Раҷабиён

Садо
Се шеър аз маҷмӯъаи "Ҷумҳурии ғамгини ман" бо садои Рустами Аҷамӣ
"Ҷумҳурии ғамгин"- и Рустами Аҷамӣ сарзаминест бурида аз худ, аммо ошуфта аз ин дурӣ ва муштоқи расидан ба худу худӣ; сарзамине, ки расмулхатташ ҳам ъомили ин буридагию ҷудоист. Рустами Аҷамӣ аз маъдуди шоъирони Тоҷикистон аст, ки то кунун маҷмӯъаҳои шеърашро сирфан ба хатти форсӣ мунташир карда ва "Ҷумҳурии ғамгини ман" нахустин дафтарчаи шеъри ӯст, ки ба ду хатти порсию пириллик дар Ландан мунташир шудааст. Ду маҷмӯъаи қаблии ин шоъири ҷавонро интишороти "Анҷумани қалами Эрон" ва нашри "Тако" дар Теҳрон ба хатти форсӣ мунташир кардаанд. "Ҷумҳурии ғамгини ман" нахустин таҷрубаи чопи ашъори чомасароёни Тоҷикистон ба ду хат дар Ландан аст, ки ба эҳтимоми интишороти H&M Media анҷом гирифтааст.

Ин маҷмӯъа дар он сӯи хат мухотибе дорад, ки гоҳ маъшуқ асту гоҳ мавтани шоъир ва маъшуқаш, аммо мавзӯъи гуфтмон сарзаминест, ки ба ҷабри рӯзгор аз ҳувияти худ дур уфтода ва дар ғам ғунуда ва ёрои расидан ба худро надорад. Шоъир китоб мешавад, то ин оломро бозгӯяд:
 
Қалбамро ба муътабартарин интишороти ҷаҳон хоҳам дод,
Ба номи душанбеҳои ғамгинам
Чопаш хоҳам кард.
Ҳоло дар дастони ту
Бо набзҳоям китобе шудаам.
Ангуштҳоятро
Рӯи вожаҳоям мегузорӣ
Ва ман сатрҳое ҳастам, ки ба чашмони беқарори ту нигоҳ мекунам...
...
Мӯи дарозат
Гаҳгоҳе
Рӯи ҷилдам мерезад
Ва ҳоло ман китоби беқарорам...
Ва ту ҳанӯз ба вожаҳои ман фикр мекунӣ...
 
Ва шоъир, парешон аз парешониҳо, ба шеъри худ паноҳ мебарад:
 
Ҷуғрофиёи ятими ман,
Нашршуда
Дар ҳар марзи бесарбоз,
Паёмбарат куҷост?
Ба кадом торих
Муъҷиза хоҳад кард?
Зеботарин хоки танҳо!
Зеботарин шеъри ғурбат!
Бе ту
Оромишам танҳо
Забони модарист
Ва ин шеър,
Ки танҳоиамро
Дар оғӯш мегирад
Ва эҳсоси захмдидаамро
Паноҳ медиҳад...
 
Эҳсоси ятим будан дар маҷмӯъа мавҷ мезанад ва "ятим" басомади қобили таваҷҷуҳе дорад:
 
Хоки покдомани ман!
Базудӣ
Туро ҳама хоҳанд шинохт...
Вожаҳоятро, ки дар хоки ятим
Пинҳон шудаанд.
 
Ҳамонанди эҳсоси дилтангӣ барои забони модарӣ, ҳамроҳ бо шаммае аз умед:
 
Дер ба дунё омадам,
Дилам танг мешавад барои забони модариам.
Медонам
Вожаҳои ғамгини ман
Базудӣ
Растагор хоҳанд шуд...
 
Ва дубора дар яъс фурӯ меравад ва рустамона ба Шағғод меандешад:
 
...Аммо талаф шудем; гуноҳе надоштем,
Шаб пушти шаб саҳар шуду моҳе надоштем.
Рустам шудему охири "Шаҳнома" хуш набуд,
Мурдем лаҳза-лаҳзаву чоҳе надоштем.
Чун рӯд омадем ба ҳар пастие фуруд,
Чун обшор ҷуз дара роҳе надоштем.
Мехостем мард бимонем ҳамчу кӯҳ,
Пиндоштему пушту паноҳе надоштем...
 
Ҳисси ғурбат хасисаи аслии ин дафтарчаи шеър аст; ҳисси ғурбати шоъире дар ватани хеш ғариб. Ӯ рафтори рӯзгорро бо пиндору кирдори худ яке намебинад ва худашро Хуршеди табъидшуда дар рӯз меангорад, ки маҳкум ба сӯхтану сохтан аст ва ба пайкори шаб меравад. Ва ҳамчунон метарсад аз ин ки мабодо худаш набошад; мабодо дар ҳоли иҷрои барномаи фарде дигар бошад ва ҷадал мекунад, ки ҳамоно худаш бимонад:
 
Метарсам аз ин ки ба ту нигоҳ кунам,
Метарсам аз ин ки сарамро поин нигаҳ дорам.
Метарсам аз ин ки ту набошӣ,
Метарсам аз ин ки ман худам набошам.
 
Ҳар пора аз шеъри Рустами Аҷамӣ анбоне аз пурсиш аст, ки бар хони рӯзгори тоҷикон паҳн шуда:
 
Зода шудам,
Як калима изофа шуд бар ҷаҳон.
На танҳо як калима,
Ҳамон нахустин ашкҳоям
Доиратулмаъорифе буд, лабрез аз маъонию суол.
 
Ва гоҳ Рустам ба воқеъиятҳои беъотифаи рӯзгор ба ҳадде наздик мешавад, ки вожагонаш ба шуъури мо юриш мебаранд ва бо лагад онро бедор мекунанд:
 
Вақте ту нестӣ,
Дастҳои ман диктотур мешаванд,
Ба ҳам мепечанд,
Маро тозиёна мезананд.
Ва ангуштони ҷаллодам
Пайдарпай бо оташи сигор нафасамро мебуранд.
 
Нафаси Рустами Аҷамӣ, аммо, бо ин нафасҳо тоза оғоз мешавад, то нафасе тоза бар пайкари наҳифи порсии Фарорӯд бидамад. Дар ин маҷмӯъа ба гузиниши худи шоъир бархе аз тозатарин офаридаҳои суннатӣ ва навини ӯ гирдоварӣ шудааст. Ин дафтарча роҳес ба ҷумҳурии ғамгини шоъир, ки дар абёти ӯ гиря мекунад.
 
"Ҷумҳурии ғамгини ман",
Рустами Аҷамӣ
Ношир: H&S Media
180 сафҳа
15 дулор
Торихи интишор: 10.04.2012
 

Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
- Ehson A'zamiyon، 2012/04/19
Танҳо аз як мисраъи чаноби Рустам пайдост, ки то чи андоза шоири тавоно ва ватандўстест... Таҳнияташон мегўям. Ҳамеша комгор бошанд. Аммо ин китоб кай ба Точикистон мерасад? Дар Душанбе аз кучо ин китобро метавон пайдо кард?
Home | About us | Contact us
Copyright © 2017 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.